ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

24 феврал 2023, Ҷумъа
113
0
 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙНВОРДИ ИДОНА
 
1. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 - феврали соли 1993 таъсис ёфта буд. 2. Қаҳрамони ҶБВ аз Хатлонзамин. 3. Онро ҳамчун  модар дӯст дошта муҳофизат мекунанд. 4. Яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ. 5. Нахустгенерали тоҷик. 6. Маҷмааи калони ёдгории иттиҳоди тамоми тоҷикони ҷаҳон дар Душанбе. 7. Қаҳрамони Тоҷикистон. 8. Сипоҳсолор ва Қаҳрамони миллии Афғонистон. 9. Якбора ҳамла бар душман. 10. Унвони ҳарбӣ. 11. Рутбаи ҳарбӣ. 12. Мошинаи ҷангӣ. 13. Номи яроқи артиллериягӣ. 14. Сангари мудоифавӣ барои оташфишонӣ аз туп, пулемёт ва  ғайра. 15. Маслиҳатчии ҳуқуқии шаҳрвандон. 16. Туфанги дастии Макаров. 17. Аппарати махсуси нафаскаши зериобӣ. 18. Бино барои парвариши сабзавот. 19. Қисми музди пешпардохт. 20. Марзу буми давлат. 21. Яке аз пешвоёни муборизи суғдиён ба муқобили хилофати араб. 22. Тухми пахта. 23. Қаҳрамони халқи тоҷик. 24. Ихтироъкори автомат. 25. Қисми хурди ҳарбӣ. 26. Ноҳия дар НТҶ, собиқ Комсомолобод. 27. Минтақаи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон.  
 
Тартибдиҳанда: Нуралишо СУЛАЙМОНШОЕВ,
Аълочии  матбуоти Ҷуҳмурии Тоҷикистон
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА 
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
 
АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ  КАШШОФИ  КУРАШАКЛИИ  ЗАМИН
Абурайҳони Берунӣ аввалин шахсе буд, ки курашакл будани Заминро собит намуд ва эҳтимолияти дар атрофи меҳвари худ ва дар гирди Офтоб давр задани Заминро пеш гузошт. 
Ҳамзамон, Берунӣ бо дониши фаровони хеш қитъаи Амрикоро дар шакли имрӯзааш муайян кард, ки дертар Христофор Колумб онро кашф намуд. Маҳз ба Берунӣ муяссар гардид, ки комёбиҳои илми математикаи Юнон ва Ҳиндустонро бо ҳам пайвандад. Системаи ҳисоби даҳиро ҷорӣ кунад ва ба ҳалли баъзе масъалаҳои муҳими ал-ҷабр ва мусалласот муваффақ шавад. 
Аз рӯи таълимот ва кашфиётҳои Берунӣ олимони зиёде, амсоли Каперник, Галилей, Кеплер, Нютон, Ломоносов ва дигарон дар корҳои тадқиқотиашон фоида бурдаанд. 
 
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
 
 
 
ШОҲ ВА ДӮСТИ Ӯ
Сезар дар тули зиндагӣ танҳо ягона дӯст ва нафари боэътимод дошт, ки ин табиби ӯ буд. Ҳангоми бемор шуданаш танҳо аз дасти ӯ дору истеъмол мекард. 
Рӯзе Сезар худро бад ҳис намуд ва дар ин ҳолат ба дасташ мактуби номаълум бо чунин навиштаҷот расид: "Аз дӯсти наздик, табибат битарс, чун қасд ба ҷони туро дорад". 
Пас аз муддате табиб барои овардани дору омад. Ҳукмфармо мактубро ба дасти дӯсташ дод, то бихонад ва худ ба истеъмоли гиёҳҳои овардаи табиб машғул шуд. Табиб шах шуд: "Шоҳам, чаро шумо баъд аз хондани ин нома доруи овардаи маро истеъмол кардед? 
Сезар дар ҷавоб гуфт: "Мурдан беҳтар аз он аст, ки ба дӯст шак намоӣ!".
 
Таҳияи Латифабону РУСТАМЗОДА
 
 
 
АЗ ОЛАМИ МӮД
 
КРИСТИАН ДИОР
Тарроҳи бузурги мӯд Кристиан Диор аз намоиши аввалини худ хеле машҳур шуд. Номи ӯ ба ҳама ошно аст. Он бо завқи хуб, услуби беназир, худи зебоӣ алоқаманд аст. Кори ӯро то имрӯз миллионҳо нафар қадр мекунанд. Ягон хонаи мӯд бо чунин муваффақият фахр карда нашудааст. Синоними эҷодиёти Кристиан Диор зебоӣ аст. 
Кристиан Диор 21 январи соли 1905 дар оилаи саноатчиён ба дунё омада, соли 1928 ҳамроҳи Жан Болжан аввалин галереяи бадеӣ мекушояд. Дар соли 1939 муваффақияти Кристиан Диор оғоз мешавад, аммо танҳо пас аз ҷанг дар соли 1946 ӯ ширкати худро расман сабти ном мекунад. 13 феврали соли 1947, пас аз намоиши аввалини коллексия, Диор машҳур мешавад, зеро ӯ ба омма диди нави мӯди занон - услуби нави намуди зоҳириро пешниҳод мекунад. Пеш аз таъсиси ширкати худ, Диор дар Лелонг кор мекард. Диор дӯст медошт, ки ба сарпӯшҳо диққат диҳад ва онро ба хатҳои либоси худ дохил кунад. Коллексияи атрҳои ӯ: Miss Dior, Diorella, Diorissimo - соли 1950 бароварда шудаанд. 
Соли 1957 Диор ба Итолиё рафт, то таътили худро дар шаҳри Монтекатини гузаронад. Ҳангоми дар он ҷо будан 23 октябри соли 1957 ӯ бори сеюм ба сактаи дил гирифтор шуда, дар синни 52-солагӣ аз олам  даргузашт.
 
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
 
 
 
ЗИМИСТОНИ АФСОНАВӢ
 
2. ЯПОНИЯ 
 
БОҒИ МАЙМУНИ ДЗИГОКУДАНИ ВА ДЕҲАИ ТАЪРИХИИ СИРАКАВА-ГО 
 
Маймунҳои сурхрӯйи барфӣ, ки дар зери лундаҳои махмалини барф дар оби гарм оббозӣ мекунанд, манзараи фаромӯшношуданист. Ин манзараро шумо метавонед бо чашмони худ дар боғи маймунҳои Дзигокудани ҷазираи Хонсю бубинед. 
Деҳаи Сиракава-го, ки дар миёни кӯҳҳои баланд ба фаромӯшӣ рафта буд, муддатҳои дароз аз назари инсоният дур монда, бештари хусусиятҳои қадимии худро ҳифз кардааст. Ин деҳа ба мероси ЮНЕСКО ворид шуда, солҳои охир ба яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳии Япония табдил ёфтааст. Дар ин ҷо тарзи зиндагии ҷопониҳоро дар чанд аср қабл аз наздик мушоҳида кардан мумкин аст. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
 
АЗ ҚОНУНИ ИТТИҲОДИ ШУРАВӢ ТО БАРФИ АВВАЛ ДАР САХАРА
 
1. Соли 1935 дар Иттиҳоди Шуравӣ қонуне қабул гардид, ки тибқи он нисбат ба шахсони аз сарҳад фироркунанда ҳукми қатл татбиқ мегардид.
2. Алберт Эйнштейн барои «назарияи нисбият» ҳарчанд 60 маротиба ба гирифтани Ҷоизаи Нобел пешниҳод шуда бошад ҳам, онро танҳо як бор сазовор гаштааст. Он ҳам барои шарҳи «таъсири фотоэлектрикӣ».
3. Агар 10-доллараи Австралияро ду пора намоем, ҳар яки онро қонунан метавон чун 5-доллара истифода бурд.
4.  Дар биёбони  Сахара  танҳо  як дафъа – 18 феврали соли 1979 барф борид.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
 
ШӮХӢ НАКУНЕД
Аз баҳси корманди БДА бо ронанда:
- Шиносномаи ронандагӣ доред?
- Дорам.
- «Техосмотр» чӣ?
- Дорам.
- Маълумоти муҳити зист?
- Албатта.
- Чаро тасма набастед?
-Шӯхӣ накунед бародар, дар «спортивка» чӣ хел тасма бандам? 
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
 
Шахсиятҳое, ки оламро дигар карданд
САЙМОН БОЛИВАР
Боливар пешвои барҷастаи низомӣ ва сиёсии Венесуэла буд, ки дар озод кардани 6 кишвари Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ - Венесуэла, Боливия Колумбия, Эквадор, Перу ва Панама аз асорати испаниҳо нақши асосӣ дорад. 
Ӯ бо номи Озодкунанда низ маъруф аст. Дар оилаи сарватманд таваллуд шудааст, аммо қисми зиёди ҳаёти худро ба мубориза барои истиқлоли мустамликаҳои Испания дар қитъаи Амрико бахшидааст. Кишвари Боливия ба номи ин қаҳрамон ва муборизи роҳи озодӣ номгузорӣ шудааст.
 
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
 
5  ТАМОЮЛИ АСОСИИ САЙЁҲӢ  ДАР СОЛИ 2023
3. САФАРҲОИ ҲАСРАТӢ 
90 дарсади пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки ба истироҳати ҳасратӣ омодаанд. Бавижа, 60 дарсади ҷаҳонгардон ба боздид аз боғҳои мавзуӣ, ба мисли Disney World, инчунин, сайёҳони зиёд ба аёдати наздикон ва вохӯрии оила рафтанианд, зеро бинобар пандемия ва вазъи печидаи ҷаҳон бисёриҳо аз ҳам ҷудо буданд. 
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
 
ОЁ МЕДОНЕД?
 
* Дар сурати набудани пиёз бехи лоларо метавон ба ҷойи он барои тайёр намудани таомҳои гуногун истифода кард.
 
* Дар Рими Қадим одамон на баҳри шустушӯйи бадан, балки гӯш кардани баромади файласуфон ба ҳаммом мерафтанд.
 
* Капитан Кук аввалин шахсест, ки ба ҷуз Антарктида ҳамаи қитъаҳои Заминро тай кардааст.
 
* Шумораи лӯхтакони «Барбӣ», ки дар Италия ба қайд гирифта шудаанд, назар ба аҳолии Канада бештар мебошанд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
КОРРУПСИЯ
ФИДЕЛ КАСТРО БО РИШВАСИТОНӢ ҲАМ  ҶАНГӢ БУД
Фидел Кастро, роҳбари вақти Куба, ки ба иқрори худаш аз 634 суиқасд ҷон ба саломат бурдааст, дар мубориза бо коррупсия ҳам аз роҳбарони сахтгиртарини ҷаҳон шинохта мешавад. 
Дар китоби «Сад соат бо Фидел Кастро» аз забони ин сиёсатмадор ва пешвои инқилоби Ҷазираи Озодӣ нақлест, ки ҳақиқати ин ҳолро собит менамояд: «Даромади воқеӣ ва амволи ҳарсолаам ба сурати расмӣ эълон мешавад. Қисме аз маошамро ба давлат ва марказҳои хайрия мебахшам. Барои ришвахӯрӣ (коррупсия) ҳукми қатли беҳтарин рафиқи даврони муборизаамро, ки вазир ҳам буд, имзо намудам, аммо барояш гиристам».
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
 
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПИРЯХИ ДАРВОЗ
Пиряхи Дарвоз яке аз пиряхҳои калони ҳавзаи дарёи Обихингоб ба ҳисоб рафта, дарозии он 16,2 километр, ғафсиаш тақрибан 81 метр ва масоҳати умумиаш ба 9,2 километр баробар аст. Пиряхи мазкур дар доманаи нишебиҳои шимоли қаторкӯҳҳои Дарвоз дар баландии 5200 метр аз сатҳи баҳр сарчашма гирифтааст. 
Тибқи маълумоти GPS, ки мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ соли 2020 бо он татқиқот гузаронданд, забонаи пиряхи мазкур дар баландии 2950 метр ҷойгир буда, ба андозаи 3030 метр кӯчидааст. Яъне пиряхи Дарвоз ҳоло аз таъсири гармшавии иқлим шакли худро тағйир дода, қафонишинӣ кардааст.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
ЧАНД НУҚТА  АЗ ҚОНУНИ ЗЕҲН
– Мағзи сари инсон 8 моҳ вақт мехоҳад, то касеро бахшад.
– Мардум шуморо 20 дарсад ҷаззобтар аз оне, ки ҳастед мебинанд.
– Касе, ки наметавонад гиря кунад, заиф аст. Чун гиря кардан қудрат мехоҳад.
– Касе, ки зуд асабонӣ мешавад, қалби меҳрубоне дорад, зеро бештар муҳаббат дидааст ва ба ҷузъиёти бисёр диққат мекунаду бо камтар ноҳамоҳангӣ ба ҳам мерезад.
– Агар шабҳо байни соати  9 то 11 бихобеду субҳ байни соати 5 то 7 бедор шавед, кори зеҳнатон 40 дарсад бештар рушд мекунад. 
– Беҳтарин чизҳо дар зиндагӣ замоне ба даст меоянд, ки дар бораашон умуман фикр намекунед.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
ИНТИХОБОТЕ, КИ БА КИТОБИ РЕКОРДҲОИ ГИННЕС ВОРИД ШУД
Президенти Либерия Чарлз Кинг соли 1927 барои ноадолатии бесобиқа дар таърих вориди Китоби рекордҳои Гиннес шуд. 
Вай дар кишваре, ки ҳамагӣ 15 ҳазор интихобкунанда дошт, соҳиби 234 ҳазор овоз шуд.
 
Таҳияи Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА
 
 
Фаридуддини Аттор
ЯК ЛАТИФА
Мардеро бор дар болои хар аз обгина буд. Раҳгузаре аз ӯ пурсид, ки бар хар чӣ дорӣ? Гуфт: «Агар пойи ҷонвар билағжаду он бияфтад, ҳеҷ».
Аз назм китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
ЭЪТИРОФИ ОМӮЗГОРИ ТОҶИК ДАР ФАРОНСА 
Муродулло Носиров, омӯз-гори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар даври дуюми Олимпиадаи байналмилалӣ дар Фаронса сазовори ҷойи аввал гардид. Олимпиадаи мазкур 18 феврал дар Донишгоҳи байналмилалии Марсели Фаронса аз фанҳои математика, физика ва химия бо иштироки 112 омӯзгори беҳтарини Росия, Фаронса, Полша, Ветнам, Юнон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баргузор шуд.
Ёдрас бояд шуд, ки М. Носиров дар Олимпиадаи байналмилалии Авруосиё, ки моҳи январи соли 2023 тариқи маҷозӣ (онлайн) аз фанҳои физика, математика ва химия доир гардид, сазовори ҷойи сеюм, диплом ва мукофоти пулӣ гардида буд. Дар он 1328 нафар омӯзгор аз Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Туркия, Россия, Қазоқистон ва Афғонистон иштирок доштанд.                                                           
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
ПАРАСТОРИИ АЯ
 
Ая, тифли суриягие, ки баъди зилзилаи даҳшатнок зери харобазор ба дунё омада, модари худро аз даст дода буд, аз беморхона мураххас шудааст.
Баъди марги модараш бисёре аз шахсони маъруфи ҷаҳонӣ хостори парастории ӯро доштанд. Аяро амак ва аммааш гирифта, зери парастории онҳо қарор дорад.
Барои муайян намудани он, ки дар ҳақиқат онҳо пайвандони падараш ҳастанд ё не ДНК-ашон низ аз санҷиш гузаронда шудааст.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
АСКАРОНИ  БИБИЯМ
Аз суҳбати генерал бо наберааш:
- Бобоҷон, бинед, ман бо солдатчаҳоям ду артиш сохтам.
- Чӣ хел артиш, ҷони бобо?
- Сафедҳо ва сурхҳо.
- Мобайниҳо чӣ писарам аскарони эҳтиётиянд?
- Не бобоҷон, бибиям гуфтанд, ки инҳо рафта шолиро аз алаф тоза кунанд.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
АМАЛҲОИ ҲАЙРАТОВАР ДАР ВАРЗИШ
ТОЛЕЪ АГАР МАДАД КУНАД...
Ё ЧӢ ТАВР БЕАТРИС ЧЕБЕТ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН ШУД?
Қаҳрамонии ҷаҳони имсола аз риштаи кросс миёни бонувон (18 феврали соли 2023, Батерст, Австралия) ба таври фоҷиавӣ ва ғайричашмдошт хатм шуд. Фаворити асосии чемпионат давандаи бомаҳорат ва рекордсмени 4-каратаи ҷаҳон Летесенбет Гидей (Эфиопия), ки яккатозӣ мекард, ҳамагӣ чанд метр мондан то хатти марра аз мадори хастагӣ беҳол шуда, ба замин афтод. Аз ин фурсат Беатрис Чебети кениягӣ, ки ӯро таъқиб мекард, истифода намуда, унвони қаҳрамониро ба даст овард. 
Яке аз тамошобинони Эфиопия ба Гидей ёрӣ расонд ва мақоми чорумро касб кард. Аммо, барои вайрон кардани қоида, яъне ёрии беруна, аз ҳаққи ширкат маҳрум шуд.
– Ман дигар интизор набудам, ки ғолиб мешавам, аммо ғайриинтизор суръати давидани Гидей суст шуд. Ҳис кардам, ки имкони пирӯзӣ ҳаст ва бо тамоми қувва давидам, – гуфтааст Чебет дар мусоҳиба бо хабарнигорон. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
Санаи нашр: 24.02.2023 №: 43
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив