НОМҲОИ МИЛЛӢ. ОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ
Ном ва номгузорӣ барои миллати мо аз замонҳои бостон то имрӯз дорои аҳамияти таърихӣ ва муайянкунандаи сатҳи донишу биниш будааст. Ҳатто дар катибаи Доро, дар кӯҳи Бесутун, шоҳони мо бо ному насаб ва аҷдоди худ зикр мешаванд ва пайдост, ки ному насаб як унсури фарҳангу тамаддуни мост. Аз ин сабаб, падару модар дар баробари дуруст тарбия кардану ба воя расондани фарзандон, вазифадоранд, то ба онҳо номҳои пурмазмун, фарогир ва таърихӣ гузоранд.
ТАҚЛИД ҲАЛЛИ МАСЪАЛА НЕСТ
Мардум бисёр бамаврид гуфта, ки «номи зебо ними ҳусн аст». Номгузории миллӣ чеҳранамоии миллат аст. Вале аз чӣ бошад, баъзе аз падару модарон аз рӯи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, кор намегиранду боз ҳам худсарона номҳои бегонаро ба фарзандон мегузоранд.
Ба дурустӣ, ки бархе аз касон айни замон на танҳо дар пӯшидани сару либос, рафтору гуфтор, балки дар интихоби ном низ ба дигар миллатҳо тақлид менамоянд. Саволи матраҳ ин аст, ки чаро феҳристе, ки шаш ҳазор номи писаронаву духтаронаи зебои миллиро фарогир аст, мардумро қонеъ карда наметавонад? Онҳо ба кӯдаконашон номҳои ғайримиллӣ интихоб карда, худро замонавӣ муаррифӣ кардан мехоҳанд.
Бо вайрон намудани шакли вожаҳое, ба мисли Аиша (Оиша), Юзорсиф (Юсуф), Хурем (Хуррам), Жасмин (Ёсуман), Ясмин (Суман), Руслан (Рустам), Фархат (Фарҳод), Демир ё Темур (Пӯлод), иловаи пасвандҳои туркии “қул”, “берди”, “ой” латма ба фарҳанги номгузории мо мерасад.
АНЪАНАИ НИЁГОНРО ПОС МЕДОРЕМ?
Агар ба таърихи гузаштаи халқи худ назар андозем, мебинем, ки ба фарзандон гузоштани номҳои зебову хушоянд дар байни мардуми мо анъанаи қадимӣ буда, ниёгонамон аз давраҳои пеш номҳои зебову дилнишин доштаанд. Хушбахтона, баъзе аз ин номҳо аз насл ба насл, бархе ба воситаи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ва дигар асарҳои назмиву насрии классикӣ то замони мо расидаанд. Аммо, қисме аз шаҳрвандон дар ҳолати муроҷиат кардан ба Кумита ва ошноӣ пайдо кардан ба феҳристи номҳо, бо якравӣ мехоҳанд ба кӯдакон исми қаҳрамони филмҳои дӯстдоштаашонро гузоранд, ки ин қобили қабул нест. Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ба шахс на танҳо номҳои мардуми Ғарб, балки иловаи тахаллусҳои «Мулло», «Халифа», «Тура», «Хоҷа» «Валӣ», «Охунд» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ миёни мардум мегарданд, манъ мебошад. Ҳамчунин, «вожаҳое, ки ифодакунандаи ранг, мевагиву сабзавот, ашёи рӯзгор, ҳайвонот, ба истиснои «шер», ки дар номгузории тоҷикон ифодакунандаи далерию мардонагӣ аст ва ба ин монанд номҳо ғалати ом аст. Дар воқеъ, имрӯз вақти он расида, ки ҷиҳати амали феҳристи мазкур ва эҳёву ҳифзи номҳои миллии тоҷикӣ дар баробари Кумита тамоми ташкилоту муассисаҳо дар дурдасттарин ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ба сомон расонанд. Мардумро ба худогоҳии милливу хештаншиносӣ хонанд, - гуфт Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзиму истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳот.
МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД
Айни ҳол бо таҳияи фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ кор дар тамоми шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ осон шуда, масъулон ба мардум аз рӯи феҳристи номҳои миллӣ ёрӣ мерасонад. Дар ноҳияи Лахш, ки он ҷо мардуми ду миллат иқомат мекунанд, аксар вақт дар номгузорӣ нофаҳмӣ ба миён меояд. Бештар мардуми қирғиз барои гирифтани шаҳодатнома меоянд ва дар интихоби ном соатҳо баҳс мекунанд. Аслан, мутобиқи қонун дар интихоби ном шахсоне, ки миллати ғайранд, озоданд, вале онҳо номҳои тоҷикӣ интихоб карда, ҳаммаънои номашонро ба қирғизӣ мондан мехоҳанд. Баръакс, баъзе аз ҳаммиллатони мо ба фарзандони худ номҳои (вожаҳои) ба забони мо бегонаро интихоб ва пофишорӣ мекунанд, ки ин номвожа аз бобоям аст, аз бобокалонам аст. Бо дар назардошти ҳамаи ин, бахши САҲШ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву идораҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати интихоби номҳои зебову тоҷикона бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронда, ҳамагонро ба феҳристу фарҳанги номҳои суннатии тоҷикӣ ошно менамоянд, - гуфт Мадина Умарзода, сардори бахши сабти ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Лахш.
Ин ҳолатро дар рафти пурсиш бори дигар муайян намудем. Ба ақидаи бархе аз падару модар, номҳои дар феҳрист буда шинаму замонавӣ нестанд. Агар номҳои арабиву туркиву русии мардум мехостаро дуруст бознигарӣ кунем, шакли дуруст ва ҳамвазни он дар забони тоҷикӣ ҳаст, танҳо дуруст дарк кардани он мемонаду бас.
Фарзандони азизи мо фардо бояд аз номи хеш хиҷолат накашанд ва бо ифтихор гӯянд, ки ин ном вожаи сирф тоҷикист ва маъниҳои хубе дорад.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 10.01.2024 №: 8