ХУҶАНД. ТАДБИРҲОИ МУФИД ДАР РОҲИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ
Дар шаҳри Хуҷанд ҳадафи чаҳоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар татбиқ мешавад. Алҳол дар шаҳр 262 корхонаи истеҳсолии хурду бузург мавҷуд аст, ки дар пешрафти иқтисодии кишвар ҳиссаи арзанда доранд.
Соли 2023 аз ҷониби ин корхонаҳо бо маблағи 1714,6 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022-юм 13,2 дарсад зиёд мебошад.
Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 185 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Саноатчиёни шаҳри Хуҷанд истеҳсоли 129 намуд маҳсулотро аз нақша барзиёд таъмин карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2023 ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ аҳамияти махсус зоҳир гардида, 57 корхона бо зиёда аз 300 ҷойи корӣ таъсис ёфт.
Дар шаҳри Хуҷанд 3 корхонаи коркарди санг, аз ҷумла ҶДММ “Сеганҷ”, “Хорои Хуҷанд” ва ҶСП “Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ” фаъолият дорад, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо талаботи бозори дохил ва хориҷи кишварро таъмин мекунад. Ин корхонаҳо давоми соли сипаришуда бо маблағи 7106,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
23 корхонаи саноатӣ ба кишварҳои дуру наздик ба маблағи 412 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содир кард. 42 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии воридотивазкунандаи ба содирот нигарондашуда ва 34 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ машғул мебошад. Ин корхонаҳо бо маблағи 66,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ғайр аз ин, дар ҳудуди шаҳр 32 корхонаи истеҳсолии воридотивазкунандаи маҳсулоти пахтагӣ, абрешимӣ, дӯзандагӣ ва коғазӣ фаъолият дорад, ки соли 2023 бо маблағи 362,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар маҷмуъ, аз ҷониби 108 корхонаи хурду калон бо маблағи 745 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Тасмим ҳаст, ки соли 2024 якчанд корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла корхонаи равғанбарории “Сирдарё” бо иқтидори 18 000 тонна дар як сол, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Ҳамзамон, ба бунёду эҳёи мавзеъҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Қалъаи Хуҷанд баъди азнавсозӣ ба истифода дода хоҳад шуд, ки боз як макони сайёҳию таърихӣ барои меҳмонони дохилию хориҷӣ мебошад.
Бобоҷон ҚУРБОНОВ, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 11.01.2023 №: 9
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)