ПАЁМ. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МАНУ МО
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар ҳамаи соҳаҳо нақши калидӣ дорад. Он сармашқи фаъолияти шаҳрвандони огоҳи кишвар буда, фикру андешаҳои намояндагони касбу кори гуногун дар ин маврид ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад.
Насимҷон АБДУЛМУЪМИНЗОДА,
декани факултети баҳисобгирӣ
ва иқтисоди рақамии ДМТ:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар муҳри тасдиқ зад, ки, агар ҳар давлат дар рушду инкишофи худ бештар чун як кишвари истеҳсолгар роҳи худро пеш гирад, тамоми монеаҳоро дар буҳронҳои ҷаҳонӣ паси сар карда метавонад. Истеҳсолоти саноатӣ ва муҳимтар аз он, дар шароити феълии ҷаҳонӣ рушди устувори соҳаи аграрӣ нақши боризтар дорад. Дар навбати аввал тағйирёбии иқлим ва проблемаҳои шадиди экологӣ (хушксолӣ, обшавии пиряхҳо, сӯхтор ва дигар фалокатҳои марбут ба он) ба бахши кишоварзии ҷаҳонӣ зарбаҳои шадид ворид намуда истодааст. Сониян, оқибатҳои пандемияи коронавирус низ аксар риштаҳои мубодиларо дар ин самт канд. Буҳронҳои амиқи сиёсӣ дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон, ки бар асари таҳримҳову маҳдудиятҳо проблемаи дастрасии озуқавориро ба вуҷуд овард. Хушбахтона, дар ин монеаҳо устувории иқтисоди ҷумҳурии мо собит гардид. Ин масъала оҳанги чандин нуктаҳои гуногуни Паёми имсоларо ташкил медод. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки “маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид”.
Нақши соҳибкорони ватанӣ дар раванди бунёдкориҳову таҳкими иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим арзёбӣ гардид: “Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи кор, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ карда шуданд”. Факту рақамҳои мазкур гувоҳи онанд, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурии мо бахшҳои хусусӣ аз ҷониби давлат дастгирии бештар ёфта истодаанд ва соҳибкорони мо дар рушди иқтисод ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳамватанонамон мусоидат менамоянд.
Моҳира САФАРЗОДА,
докторанти кафедраи телевизион ва
радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ:
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷамъбасти сол, ҳамчунин, саропо муждаи хушест барои сокинони кишвар, ки бесаброна мунтазираш мешавем. Таҳлилҳои амиқ, бурду бохт, муваффақияту камбудӣ ва ҳидояту роҳнамоӣ, роҳкушоӣ ва сафарбаркуниҳои Роҳбари давлат боис мегарданд, ки Ватани азизамон гул-гул мешукуфад.
Аз ҷумла, Сарвари давлат бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиронро ба таълиму тарбияи насли наварс ва хоса ба мақому ҷойгоҳи занону бонувон ҷалб карда, таъкид доштанд: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.”
Таҳсилоти нопурраи духтарон, ки, мутаассифона, то имрӯз ба мушоҳида мерасад, боиси ташвиши Сарвари кишвар буда, таъкид карданд: “Духтаронро набояд аз синфи нуҳ бароварда, ба шавҳар диҳанд, баръакс барои хонда саводнок шудани онҳо бояд кӯшиш кунем. Зомини фарзандони худ нашавем. Барои ояндаашон имрӯз шароит фароҳам оварем”.
Оятулло РАҶАБЗОДА,
мудири бахши кор бо ҷавонон ва
варзиши ноҳияи Файзобод:
Боиси хушнудист, ки имсол низ Пешвои ғамхору ҷавонпарварамон дар Паёми худ борҳо дар бораи ҷавонони саодатманди тоҷик сухан ронданд: "Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳо, сохтмонҳои бузурги аср, ҳифзи сарҳад ва рушди илму маориф саҳми бузург мегузоранд".
Ҳамчунин, зикр намуданд, ки имсол ҷавонони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ хеле фаъол буда, соҳиби дастовардҳову муваффақиятҳои назаррас гардида, Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Зикр шуд, ки ҷавонони имрӯзаи тоҷик ҳисси миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ доранд, бо одоб ва рафторашон аз ҷавонони бист соли гузашта бакуллӣ фарқ мекунанд.
Тағоймурод ҒУЛОМОВ,
омӯзгор:
Ҳифзи иҷтимоии омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилоти кишвар, ки тавассути пайваста зиёд кардани музди меҳнат таҷассум меёбад, дар ҳамаи паёмҳои Пешвои миллат ба ҳукми анъана даромадааст. Ин анъанаи фараҳбахш дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ низ, идома пайдо намуд. Пешвои миллат бори дигар дар сиёсати иҷтимоии давлат самти афзалиятнок доштани соҳаи маорифро таъкид карда, аз 1-уми июли соли соли равон 40 дарсад афзудани музди кории омӯзгор, инчунин, стипендияҳоро эълом доштанд.
Паём аз ҷониби кормандони соҳаи маориф бо майлу рағбати зиёд пазируфта шуд. Ғамхориҳои Пешвои миллат вазифаҳои мо – аҳли маорифро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир мушаххас менамояд.
Раъно ДАВЛАТЗОДА,
мудири бахши кор бо занон ва оилаи
ноҳияи Файзобод:
Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда, модарони зираку бофаросати моро дар таъмини иҷрои қонунҳо, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва тарбияи насли қонунмеҳвар ҳидоят карданд: “Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”.
Ҳоло аз шумораи умумии 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазори онро духтарон ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ 256 ҳазор духтарону бонувон соҳиби маълумоти олӣ гардиданд.
Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.
Мутриба ХУДОИЗОДА,
гирандаи стипендияи президентӣ:
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон бояд боло бардошта шавад, зеро маориф ва фарҳанг дар ҷомеа дар ҷойи аввал меистанд ва давомдиҳандаи насли ояндаи кишвари азизамон ин наврасону ҷавонон мебошанд.
Ҳамчунин, таъкид намуданд: “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонони мо аз ҷавонони солҳои гузашта бакуллӣ фарқ мекунанд. Онҳо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ доранд".
Барои мо – гирандагони стипендияи президентӣ ва хонандагон, боиси хушҳолист, ки сол ба сол сатҳу сифати таълим хуб гардида истодааст. Боиси сарфарозист, ки Пешвои миллат дар баробари баланд бардоштани музди меҳнати тамоми соҳаҳо, инчунин, стипендияҳоро 40 дарсад баланд бардоштанд. Мо – ҷавонони даврони соҳибистиқлол, дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ дар ҳувияти миллӣ ва мавқеи хеш бояд устувор бошем.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.01.2024 №: 11