ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАҲРИ БЕКАНОРИ ИЛМ

БАҲРИ БЕКАНОРИ ИЛМ

16 январ 2024, Сешанбе
41
0


Соли гузашта, дақиқтараш, аввали моҳи май, ба маркази ноҳияи Муъминобод сафар доштам. Албатта, мақсад зиёрати ду шахсияти бузург, ду фидоии илм: Соҳиб Шуҳратиевич Табаров ва ҳамсари азизи ӯ Ванда Витолдовна Яблонская, инчунин, дидани  «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» буд. Ба ростӣ, аз рафтанам ва дидани оромгоҳу "Ганҷина..." пушаймон шудам. Гӯё ин ҳар ду фидоии роҳи илм ба ман мегуфтанд: «Бубин, ҳоли зори моро!». Буғз гулуямро гирифта буд ва худ раҳи сиришкамро  бастам.

Ба хотирам омад, ки устоди зиндаёд ба ман ва мо – шогирдон,  дар хона ва синфхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегуфт: «Чаро шумо – шоирон, дар бораи ким-кадом адиби пешин менависеду мо – ҳамзамононатонро, зиндагии пуразобу машаққатамонро намебинед? Ҳол он ки, дар ин бора чандин асар навиштан мумкин аст». «Ҷонҳои ширини ман, филологҳои оянда, ғами мутаввафоёнро бихӯред, ки онҳо дигар барои худ, нашри осорашон коре карда наметавонанд. Ва ҳам ғами эҷодкорони боистеъдодро бихӯред, ба таҳқиқу рӯи об бароварданашон ҳиммат бигуморед, ки ин зумра дар андешаи эҷоди асарҳои асили адабиёту адабиётшиносианд. Беистеъдодҳо худашон бо ҳар макру хиял, таърифҳои беасос, маҳалгароӣ, ошнобозӣ соҳиби ҳама гуна унвонҳову вазифаҳову мансабҳои баланд мешаванд». 
Он замон, пас аз дидани ин манзараҳои хузнангез дар маркази ноҳияи Муъминобод, ба ман гуфтанд: «Ҳар чӣ дар вайронӣ дидӣ, дар ободӣ магӯ», аммо ман гуфтам ва ҳам навиштаму дар ин рӯзнома ба табъ расондам. 
Чи хуш аст, ки Президенти ҳақбину маърифатпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсиятҳое, ки баҳри ин Ватан, ин сарзамин хидматҳои содиқона кардаанд, арҷи махсус мегузоранд. Аз номи хонандагони сершумори рӯзнома, шогирдону ҳаводорони устоди зиндаёд ба Президенти мамлакат арзи сипос менамоем, ки бо амрашон имсол 100-солагии Соҳиб Шуҳратиевич Табаров таҷлил мегардад. 
Устод Соҳиб Табаров қариб тамоми ҳаёташро сарфи таълифу таҳрир ва тадрис кард. То 92-солагӣ ё худ лаҳзаҳои охири ҳаёташ, даст аз қаламу навиштан боз надошт. Асарҳои мондагор аз худ боқӣ гузошт. Аз омӯхтан низ фориғ набуд. Як суханро пеш аз маргаш гуфтам, мисли кӯдак  шод шуд ва гуфт: «Ана инро ман намедонистам. Дуруст аст, мегӯянд, ки аз гаҳвора то ба гӯр илм биомӯз». Ҷаҳонӣ меандешид, таҳқиқ мекард, менавишт, аммо бо хоксорӣ баён менамуд: «Пештар ба навтарин таҳқиқоту таълифоти адибону адабиётшиносони ҷаҳон дастрасӣ доштам.  Ҳоло чунин нест. Аз ин рӯ, имрӯз наметавонам худамро адабиётшиноси асил бигӯям».
Пештар монеаҳо эҷод карданд, нагузоштанд, ки рисолаи докториро ҳимоя бикунаду доктору профессор бишавад, агарчи аз соли 1953 узви вобастаи Академияи миллии илми Тоҷикистон буд, бо пешниҳоду дастгирии ду шахсияти маъруфи илму адабиёт: устодон Садриддин Айнӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев. 
Иржи Бечка, олими чех, дар номаҳояш «Ба профессор Соҳиб Табаров» менавишт. Устод дар посух мегуфта: «Ман профессор нестам, чунин нанависед». Иржи Бечка аммо аз раъяш барнамегардад ва менависад: «Мо хуб медонем, кӣ профессор асту кӣ нест».
Соҳиб Табаров ба шогирдаш Раҳими Мусулмониён дар бораи саҷъ навиштани рисолаи номзадиро пешниҳод мекунад. Як гурӯҳ олимони тоҷик ба ин зид мебароянд, ки магар дар бораи як саҷъ метавон рисолаи номзадӣ навишт? Рисолаи номзадӣ омода мешавад ва онро барои ошноӣ ва пурсидани назари академик Ян Рипка ва Иржи Бечка ба Чехия мефиристанд. Академик Ян Рипка дар ҷавоб навишт: «Ин гуна рисоларо фақат касе навишта метавонад, ки аз мактаби адабиётшиносии Табаров гузашта бошад». 
Ҳабдаҳ сол пеш,  дар 83-солагияш, ки бо ӯ суҳбат доштам, дар хусуси асарҳои чопнашудааш пурсида будам. Гуфт, ки «Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ 5 китобамро дар бораи Абдурауфи Фитрат чоп мекунад». Ва ҳам гуфт: «Нависандаро ба воситаи тарҷумаи ҳолаш меомӯзанд. Мо, мутаассифона, тарҷумаи ҳоли ягон нависандаи тоҷикро ба пуррагӣ надорем. Аз ин рӯ, дар ҳаҷми 300-400 саҳифа тарҷумаи ҳоли устод Айниро аз оғоз то замони рӯйбардор намудани «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш навиштам. Мусаввада аст».  Яъне, дар ин кор ҳам ӯ асосгузор мебошад.
Соли 1999 ё худ ба шарафи 75-солагияш, дар мавзуи «Масоили ифтихори миллӣ ва байналмилалӣ дар биниши Садриддин Айнӣ»  дар АМИТ маъруза кард. Тавре аз номаш бармеояд, дар он рӯзгор ва ҳоло ҳам Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни суҳбату ҳамоишҳо дар хусуси ифтихори миллӣ доштан ва шуҳрати байналмилалӣ бештар касб кардани миллату муаррифии шахсиятҳои барҷастаи он таъкид мекунанд. 
Мо – адибон ва дигар олимон аз он тааҷҷуб мекардем, ки устод сол ба сол, қаъти назар аз боло рафтани синни умрашон, заъфи пирӣ дар илму таҳқиқ пешрафтатар мешавад. Дар хусуси ин сир аз устод пурсида будам. Дар посух гуфт: «Ин ҳеҷ сир надорад. Инсон «агар ақли солим дошта бошад, баҳри беканор мешавад. Ба он шарт, ки ақли солим ҳамеша бо амали солеҳ пайванд бошад».
Шиори устод ин буд: «Бояд бо ақли солим ва амали солеҳ умр ба сар барам». Аз  рӯи ин пурсишу  посух маълумам гардид, ки устод се чизро бад медидааст: «дурӯғ, фиреб, тамаллуқ». Мегуфт: «Аз ҳеҷ кас наметарсидам ва наметарсам. Дар кулбаи вайронаи сард бо нони хушк ва як пиёла чой умр ба сар барам ҳам, парвое надорам. Касе парвои маро надорад, вале ман барои тамоми миллат ғам мехӯрам, ба истиснои ғосибон, дурӯғгӯён, фиребгарон, тамаллуқкорон ва монанди инҳо». 
Дар хусуси ҷашнҳо иқдоми  Сарвари давлатро бо шодмонӣ ҷонибдорӣ мекард. Изҳор медошт: «Ман ҷашнҳоро, ҷашнҳои рӯзи тавлидро, тантанаи онҳоро дӯст намедорам. Марҳамат, агар олим бошӣ, дар рӯзи ҷашнат гузориш, маърузаи илмӣ бинамо, на мукофот бигир. Аз он ки Президенти мамлакат ҷашнҳои номатлуби рӯзи таваллудро манъ кард, бисёр хурсандам». 
Устод Соҳиб Табаров ба мо – донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, курсҳои наверо чун «Матншиносӣ», «Назарияи танқиди адабӣ», «Адабиётшиносии муқоисавӣ», «Методи таҳлили асари бадеӣ» таъсис медод ва  оид ба онҳо китобҳои дарсиро менавишт. Инчунин, дар сатҳи баландтар шогирдонро барои омӯзиши бештару беҳтар, ҳимояи рисолаҳои илмӣ ҳидояту роҳбарӣ мекард. Худаш зимни суҳбат барои рӯзнома ба ман гуфта буд: «Агар гӯед, ки асосгузори илми назарияи танқиди адабӣ дар Тоҷикистон Соҳиб Табаров аст ва даҳ кори докторӣ мешавад, бешӯхӣ, хато намешавад. Шумо дар куҷо «Асосҳои назарияи танқиди адабӣ»-ро пайдо карда метавонед? Ба забони русӣ ҳам ин гуна адабиётро наёфтам, ба забони англисӣ ҳам. Аз рӯи ин се китоби ман дарс мегузаранд». 
Дар хусуси  пирӣ аз устод суол карда будам.  Посух гуфт, ки «пирӣ мушкилиҳои худро доштааст. Дар ин давра аммо кас нонгадо намешавад, одамгадо мешавад». Албатта, мо – шогирдон, дарунӣ худро маломат мекардем, ки зуд-зуд ба зиёрату аёдаташ намеравем.
Ва ҳам меафзуд: «Агар медонистам, ки ин қадар зуд пир мешавам, ду-се баробар кор мекардам. Яъне, таҳқиқ мекардаму таълиф менамудам». Чунин як посух дар сурате аст, ки устод Соҳиб Табаров муаллифи зиёда аз 800 рисола, мақола, тақриз, эссе, дастурамалу барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва беш аз 50 китоби илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Мегуфт: «Таърихи адабиёти тоҷик»-ро навиштан зарур аст; таърихи  саҳеҳ, дурусташро, аз оғоз то ба имрӯз. Барои навиштани он эҷоди ҳар адибро ба пуррагӣ, дурустӣ омӯхтан ва ба ҳамаи онҳо аз рӯи ҷойгоҳашон дар адабиёт баҳо додан лозим аст». 
Имрӯз, воқеан, мо ба ин бисёр ниёз дорем. Агар аз рӯи ҷойгаҳашон дар адабиёт ба адибон баҳои ҳақиқӣ дода нашавад, на танҳо ба рушди адабиёт умед бастан мумкин нест, балки миллат бо асарҳои ношоиста ва моли адабиёти аслӣ набуда ба таназзул рӯ меорад. 
Дар арафаи таҷлил, албатта, оромгоҳу «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» бояд обод гардад. Нашри тамоми осори ин олими зиндаёд ба манфиати   адабиёту адабиётшиносӣ аст. 
Солҳои 1994 ва соли 2003, ба муносибати 60-солагӣ ва 80-солагии устод "Осорнома"-и ӯ ба табъ расида буданд. Нашри нави он ба муносибати 100-солагии Соҳиб Табаров барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва дигар ҳаводоронаш зарур мебошад. 

Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 15.01.2024 №: 11
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив