ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ГАРМШАВИИ КУРАИ ЗАМИН ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ГАРМШАВИИ КУРАИ ЗАМИН ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН

27 феврал 2023, Душанбе
404
0
Гармшавии глобалӣ дар ҷаҳони имрӯза ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст. Агар барои пешгирии мушкилоти мазкур сари вақт чораҳои қатъӣ андешида нашаванд, пас, гармшавии глобалӣ метавонад ба ғайр аз болоравии ҳарорат ба тағйироти хеле хатарноки иқлим оварда расонад. 
Собиқ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун гуфта буд: "Ман ҳамеша гармшавии глобалиро як масъалаи ниҳоят муҳим мешуморам. Ҳоло, агар чорае андешида нашавад, бовар дорам, ки мо дар остонаи фалокат хоҳем буд”.
 
ОМИЛҲОИ АСОСИИ ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛӢ
Ба мушоҳидаҳои экологҳо, дар солҳои охир ба далели зиёд хориҷ шудани партовҳои гази карбон, ки боиси вайронии қабати озон мешаванд, сайёра гармшавии босуръати иқлимро аз сар мегузаронад. Ба гуфтаи баъзе олимон, гармшавии глобалӣ натиҷаи инқилоби саноатӣ мебошад. Дар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон торафт бештар заводҳо сохта мешаванд. Бо сӯзондани маҳсулоти нафтӣ, ангишт, ҳатто гази табиӣ, онҳо гази карбонро ба атмосфера мепартоянд. 
Мошинҳо, инчунин, миқдори зиёд бензин месӯзанд ва ба атмосфера газҳои зарарнок хориҷ мекунанд. Дар натиҷа қабати озон вайрон мешавад. Ҳамаи ин амалҳо ба тавозуни гармии Замин таъсири манфӣ мерасонанд. Ин аст, ки замин, дарёю кӯлҳои зиёд хушк мешаванд, ҷангалҳо ба сӯхтан шуруъ мекунанд, пиряхҳо об мешаванд, одамон ва ҳайвонот худро бад ҳис мекунанд. 
    
ТАҲДИДҲОИ МУШТАРАКИ ГАРМӢ ВА ХУШКСОЛӢ 
Пажӯҳиши Донишгоҳи Оксфорд нишон дод, ки таъсири якҷояи гармии шадид ва хушксолӣ ба беш аз 90 дарсади аҳолии ҷаҳон таъсир мерасонад ва қобилияти табиатро барои коҳиш додани партовҳои CO2 ба атмосфера халалдор мекунад. Ин таҳдидҳои муштарак метавонанд пайомадҳои ҷиддии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологӣ дошта бошанд, ки нобаробарии иҷтимоиро боз ҳам, шадидтар хоҳанд кард, зеро пешбинӣ мешавад, ки онҳо ба мардуми камбизоат ва манотиқи деҳот таъсири бештар хоҳанд дошт. Дар пажӯҳиши олимон гуфта мешавад, ки «шумораи хатарҳои шадиди муштарак дар саросари ҷаҳон ба далели таъсири якҷояи гармшавӣ ва коҳиши захираҳои обҳои зеризаминӣ дар сатҳи баландтарини партовҳо даҳ маротиба афзоиш хоҳад ёфт». 
  
СӮХТОРҲОИ БЕСОБИҚАИ ҶАНГАЛ БО САБАБИ ГАРМШАВӢ
Дар рӯи Замин солона беш аз 340 миллион гектар минтақаҳои табиӣ, аз ҷумла ҷангалҳо, аз сӯхтор осеб мебинанд. Масоҳатҳои калонтарини сӯхтани ҷангалҳо ҳамасола дар Австралия, Туркия, ИМА ва бисёр кишварҳои дигар ба қайд гирифта мешаванд.
Соли гузашта ҳарорати хеле баланди тобистон баъд аз зимистони камбориш боиси сӯхторҳои ғайримуқаррарии ҷангал дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла Аврупо, гардид.
Тибқи маълумоти Системаи иттилоотии аврупоии зидди сӯхтор дар ҷангал то 14 августи соли гузашта сӯхторҳо 662 776 гектар ҷангалро дар саросари Аврупо нобуд кардаанд.
Дар Фаронса, Дания ва Испания сӯхторҳои тобистона нисбат ба ҳисоби миёнаи понздаҳ соли охир беш аз шаш маротиба зиёд шуданд.
Дар баъзе давлатҳои Аврупои Марказӣ майдони ҷангалҳои сӯхта соли рафта даҳ баробар зиёд шудааст: 76 маротиба бештар аз ҳисоби миёна дар Словения ва 158 маротиба бештар дар Ҷумҳурии Чехия.
Чанде қабл дар ҷануби Чили сӯхтори харобиовар ба амал омад, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид. Сабаби сар задани сӯхтор гармии ғайримуқаррарӣ буд, менависад "Коммерсант" бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.
 
ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛИРО  ЧӢ ГУНА МЕТАВОН ПЕШГИРӢ КАРД?
Гармшавии глобалиро танҳо бо кӯшишҳои муштарак пешгирӣ кардан мумкин аст. Коршиносон бар ин назаранд, ки маҳдуд кардани миқёси тағйирёбии иқлим дар ихтиёри инсоният аст: бо роҳи ба таври назаррас коҳиш додани партовҳои моддаҳои зараровар ба атмосфера, аз ҷумла газҳои гулхонаӣ, ки, асосан, дар натиҷаи сӯхтани сӯзишвории истихроҷшаванда – ангишт, нафт, газ ва ғайра ба вуҷуд меоянд, дар муддати кӯтоҳ сифати ҳаворо хеле беҳтар кардан ва ҳарорати ҷаҳониро муътадил гардондан мумкин аст. Агар мо истифодаи сӯзишвории истихроҷшавандаро барои истеҳсоли энергия кам намоем ва ба манбаъҳои алтернативии энергия, аз қабили неруи Офтоб, шамол ва об рӯ оварем, мо метавонем партовҳои газҳои гулхонаиро коҳиш диҳем. 
Муҳаққиқон дар саросари ҷаҳон дар болои лоиҳаҳо ва навоварӣ кор мекунанд, ки метавонанд ба пешгирии болоравии ҳарорат, ҳифзи намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити табиӣ мусоидат намоянд. 
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дарахтон метавонанд ба гармшавии глобалӣ таъсири бениҳоят мусбат расонанд. Барқарорсозии ҷангал ва шинондани дарахтони нав метавонад ба паст кардани сатҳи гази карбон мусоидат намояд. Дарахтон гази карбонро аз атмосфера дур карда, карбонро ба худ мекашанд, аз ин рӯ, ҷангалзоркунӣ хеле муҳим аст. 
Хулоса, агар мо хоҳем, ки сайёраи худро наҷот диҳем, бояд ба табиат бештар бодиққат ва ғамхор бошем. Аввалан, ба ҳифзи захираҳои табиӣ, аз қабили об, дарахт, замин ва ҳаво, шуруъ намоем. 
Агар ин корҳои одиро анҷом диҳем, метавонем ба наҷот додани сайёраи худ муваффақ шавем. 
 
Сайфулло АШУРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.02.2023 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив