ВАТАНДӮСТӢ. АЗ ХОНАВОДА ТО КАМОЛИ ШАХСИЯТИ МИЛЛӢ
Ташаккули ватандӯстӣ, ки аз муҳаббат ба Меҳан, эҳтиром ба ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои халқ ва давлат вобаста аст, яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир ба ҳисоб меравад. Бешак, ташаккули ин ҳисси нотакрори сиришти одамӣ ба зиммаи шахсони бомаърифат, ки дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ, ҳисси худшиносии миллӣ доранд, масъулияти бузург вомегузорад.
Тарбияи ватандӯстӣ арзиши муқаддас буда, унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин падида иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба Ватани хеш дар назар дорад. “Фаромӯш набояд кард, ки – таъкид мекунанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – танҳо шахси, воқеан, ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад ”.
Инсон табиатан ба муҳити атроф, табиат, ҳамсоягон, фарҳанги мардум ва маишати халқи худ унси руҳонӣ мегирифт. Дар ҳамин асос, муҳаббат ба Ватан вобаста ба шароити таърихӣ ва муҳит ташаккул меёбад ва пояи руҳӣ пайдо мекунад. Ватанпарастӣ ҳамчун сифати шахсият дар муҳаббат ба Ватан, ҳамватанон, садоқат ва омода будан барои хизмат ба Меҳан зоҳир мегардад. Ба маънии дигар, донистани вазифаҳои худ дар назди Ватан ва содиқона иҷро кардани онҳо образи ватанпарвар – накукорро меофаринад.
Дар дараҷаи тафаккури шахсӣ, ватандӯстӣ кӯшиши донистани таърихи Меҳан, дарк намудан ва беҳтар кардани вазъи ҳаммеҳанон зуҳур меёбад. Ба ин тариқ, он ҳамчун сохтори тафаккури ҷамъиятӣ муносибати шахсро ба Ватан ва халқ нишон медиҳад.
Ватандӯстӣ дар асли моҳияти худ инсондӯстӣ аст ва дар ниҳоди худ эҳтиром ба халқу мамлакатҳои дигар, анъана ва урфу одатҳои онҳоро ниҳон дорад ва бо маданияти муносибатҳои байналмилалӣ алоқаи зич дорад.
Ин падида дар зери таъсири омилҳои гуногун, аз қабили оила, маҳал таълим дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ шакл меёбад. Айнан ҳамин омил шахсони комилро ба сари кор меорад ва некуаҳволии тамоми ҷамъиятро таъмин месозад. Дар як вақт бояд донист, ки эҷодкорӣ асоси системаи тарбияи худи халқ мебошад. Аҳамияти ватанпарастӣ дар шароити кунунӣ дар он зоҳир мешавад, ки он ҳамчун захираи тавонои инкишофи шахсият, ҷамъият ва давлат баромад мекунад. Ин захира қодир аст, ҳамаи масъалаҳои мубрами ҷамъият ва давлатро ҳал карда, барои мақсади умумӣ – ҳифзи истиқлоли миллӣ, рушди давлатдорӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, арзишҳо ва ғояҳои ҷамъиятӣ равона гардад.
Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза имкон медиҳад, ки ҷамъият ба раванди дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас таъсир расонад. Имрӯзҳо, махсусан худшиносии миллӣ, шахсӣ ва ҷамъиятии ҷавонон, боло рафтааст, рушди афкори ҷамъиятӣ нигоҳи навро ба раванди тарбияи ватандӯстӣ дар сатҳи сифатан баланд металабад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ гуфтанд: "Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳо, дар сохтмонҳои бузурги аср, дар ҳифзи сарҳад ва дар рушди илму маориф саҳми бузург мегузоранд". Ҳамчунин, зикр намуданд, ки ҷавонони имрӯзаи тоҷик ҳисси миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ доранд, бо одоб ва рафторашон аз ҷавонони бист соли гузашта ба куллӣ фарқ мекунанд.
Дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли нави замони истиқлол кори мушкилу заҳматталаб мебошад. Дараҷаи тарбияи ватандӯстии хонандагон аз бисёр ҷиҳат ба мазмун ва мундариҷаи китобҳои дарсӣ, аз ҷумла китобҳои хониш, методи гузаштани дарс, вобаста аст.
Эҷодиёти ғании гузаштагони мо ҳамчун намунаи барҷастаи мероси адабии ҷаҳон раҳнамои беназир дар таҳкими тарбияи ватандӯстии ҷавонони тоҷик мебошад. Имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди ҷомеа дӯст доштани зодгоҳ ва ҳимояи марзу буми Ватани азизи хеш аст. Агар ин Ватан бо номи Тоҷикистон дар харита бошад, пас, оянда рушд бахшидани он имкон дорад, вагарна нақшаву барномаҳои мо барбод хоҳанд рафт. Бигзор, Ватан ва дар дасти ватандӯстон ободу озод боқӣ бимонад!
Фирӯза КЕЛДИЁРОВА,
Саидмоил ЗАРИФОВ,
омӯзгорони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров