ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭЛ-НИНО. АЗ ГАРМИИ ҲАВО ТО ҲОДИСАҲОИ ДИГАР

ЭЛ-НИНО. АЗ ГАРМИИ ҲАВО ТО ҲОДИСАҲОИ ДИГАР

23 январ 2024, Сешанбе
33
0

 
Соли 2024 тақрибан ҳар моҳ тӯфонҳои магнитии пурқувват дар Замин мушоҳида хоҳанд шуд. 
Вазъият дар сайёраи мо хеле тезутунд аст. Дар баъзе давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, аз набудани боришот нигаронӣ доранд, дар ҷойҳои дигар рекорди сардии ҳаво ба қайд гирифта шуд. 

Пажӯҳишгоҳи обуҳавосанҷии Финляндия дар рӯзҳои аввали сол хабар дод, ки дар ин кишвар ҳарорат ба – 44,3 дараҷа расид, ки дар асри 21 рекорд аст.
Моҳи декабри соли гузашта бошад, дар бисёре аз шаҳрҳои Чин мавҷи шадидтарини сармо гузашт. Пекин рекорди тулонитарин ҳарорати пасти ҳаворо аз соли 1951, дар музофоти Ҳенан сардтарин ҳаво аз соли 1961 ин тараф ба қайд гирифтанд. Дар минтақаи Шандун тӯфони барфӣ рух дод, ки баландии барф то 74 см расид. Дар давоми мавҷи сармои моҳи декабр, Чин дар масоҳати тақрибан 3,27 миллион километри мураббаъ, ки 34% масоҳати умумии ин кишварро ташкил медиҳад, коҳиши шадиди ҳароратро аз сар гузаронд.
Дар пойтахти шарқии Федератсияи Россия низ ҳарорати ҳаво ба пасттарин дараҷа дар 50 соли охир расид. Дар шаҳри Санкт-Петербург дар асри 21 се рекорди сардии шабонарӯзӣ гузошта шуда буд: яке дар тобистон ва дуто дар фасли зимистон. Рӯзҳои аввали соли нав ҳарорати ҳаво дар ин шаҳр то – 27 дараҷа паст шуд, ки рекорди нав аст. То ин вақт пасттарин ҳарорат – 25,1 дараҷа будааст, ки соли 1950 сабт шудааст.
Фасли сармо аз нисф гузашта бошад ҳам, дар Тоҷикистон, хусусан дар водиҳо, то ҳол барф наборид. Тибқи иттилои Маркази обуҳавосанҷӣ, то охири моҳи январ дар пойтахт барф нахоҳад борид. Дар вилояти Хатлон бошад, гармшавии ҳаво мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар водиҳо то охири моҳи январ ҳарорат аз 12-17 дараҷа то 18-27 дараҷа гарм мешавад. Дар давраи аз 28 то 31-уми январ боридани борон дар назар аст. Ин рӯзҳо дар Суғд бошад, эҳтимоли боридани барф ҳаст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи изҳороти Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, соли 2024 гармтарин сол дар таърихи башарият хоҳад буд. Иқлимшиносон пешгӯӣ кардаанд, ки дар соли 2024, соли дуюми ҳодисаи табиии Эл-Нино, на танҳо гармии ҳаво, балки ҳодисаҳои шадиди обхезиву тӯфонҳо низ зуд-зуд рух хоҳанд дод. Чунонки соли 2023 ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, аз қабили мавҷҳои сард ва гармӣ, боронҳои шадид ва тӯфонҳо зуд-зуд рух медоданд ва маълумотҳо рекордҳоро шикастанд.
Бо таъсири Эл-Нино дар қисмати экватории уқёнуси Ором гармии ҳаво беш аз се дараҷа баланд аз ҳолати муқаррариро ташкил хоҳад дод. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, ҳашт соли охир гармтарин давраи рекордӣ дар тули қариб яку ним аср мушоҳида шудааст. Ҳарорати миёнаи сайёра назар ба солҳои 1850-1900 тақрибан 1,4 дараҷа ва ҳарорати рӯи замин 1,6 дараҷа баланд буд.
Ҳодисаи гармшавии ҳарорат бо номи Эл-Нино ҳар чанд сол рух медиҳад. Бо ин сабаб, дар миёни гарм шудани оби уқёнуси Ором ва баланд шудани ҳарорати сайёра таъхир ба амал меояд ва тибқи мушоҳидаҳо соли дуюми таъсири Эл-Нино назар ба соли аввал гармтар мешавад. Шуруи ба амал омадани зуҳуроти Эл-Нино моҳи июли соли 2023 мебошад. Дар баробари ин, гармшавӣ метавонад аз фаъолияти Офтоб низ ба амал ояд. 
Эл-Нино ба испанӣ маънои "писар"-ро дорад. Ҳанӯз дар асри 19, ин ном ба ҷараёни сусти оби гарм, ки гоҳ-гоҳ дар соҳили ғарбии Амрикои Ҷанубӣ пайдо мегардид, дода шуд. Дар муқоиса бо ин, баръакс, вақте ки ҷараёни сард ба соҳилҳо меояд, ҳодисаи Ла-Нина ё "духтар" вуҷуд дорад. 
Вақте қисми гармтарини уқёнуси Ором ба самти шарқ мегузарад, имкони "аз нав вазидани" шамолҳо ва боришот дар тамоми сайёра ба амал меояд. Дар натиҷа, минтақаҳое, ки маъмулан боришоти зиёд доштанд, аз хушксолӣ ва минтақаҳои қаблан иқлимашон муътадил аз боришоти шадид зарар мебинанд. Соли 2024 дар натиҷаи ҳодисаи Эл-Нино мумкин аст Амазонка аз ҳавои хушк ранҷ барад, ки соли гузашта, аллакай, хушксолии шадидро аз сар гузаронда буд. Ҳамзамон, он метавонад дар ҷанубу шарқи Бразилия ва Уругвай боришоти шадидро ба бор орад. Интизор меравад, ки дар Амрикои Шимолӣ, ки макони панҷ қаламрави биёбонӣ аст, ҳавои тар ва хунук эҳсос гардад.
Аз таъсири Эл-Нино дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, бахусус дар минтақаҳои наздики уқёнус, мумкин аст сӯхтори ҷангалҳо ва хушксолӣ ба амал оянд. Сар задани чунин вазъ дар Австралияи шарқӣ нигаронкунанда аст, ки он ҷо солҳои охир ягон тобистон бе сӯхтор паси сар нашудааст. Сӯхтор, инчунин, ба манотиқи шимолу ғарби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада, аз ҷумла Аляска, таҳдид мекунад.
Гарм шудани уқёнусҳо, инчунин, обшавии пиряхҳо метавонад боиси тӯфонҳои шадидтар дар Аврупо гардад. 
Олимон бар ин назаранд, ки дар натиҷаи зуҳуроти Эл-Нино қисми экватории уқёнуси Ором аз ҳолати муқаррарӣ қариб 3 дараҷа гармтар мешавад. Ин раванд чанд сол давом мекунад ва баъд лаҳзаи сард – ҳодисаи Ла-Нина оғоз меёбад. Дар шароити муқаррарӣ Эл-Нино ва Ла-Нина қодиранд ба таври даврӣ иқлимро дар саросари Замин тағйир диҳанд, аммо иқлимшиносон даҳсолаҳои охирро муқаррарӣ намедонанд. Бо таъсири гармии Эл-Нино ба атмосфера болоравии ҳарорати Замин эҳтимол аз ҳадди 1,5 дараҷа, ки созишномаи Париж (2019) муқаррар кардааст, зиёдтар шавад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.01.2024 №: 15
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив