АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Татбиқи лоиҳаҳо самар медиҳанд
Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, соли сипаришуда таъминоти оби нӯшокиро ба миқдори 59 миллиону 966 ҳазор метри мукааб расонда, 20 миллиону 532,7 ҳазор метри мукааб баровардани партовобҳоро таъмин намуданд. Маблағи хизматрасонӣ ба аҳолӣ 103 миллиону 209 ҳазор сомониро ташкил кард.
Ин матлабро Усмон Давлатзода, директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» зимни нишасти матбуоти иброз дошт.
Зикр гардид, ки зери сарпарастии Ҳукумати мамлакат ва дар ҳамоҳангсозӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷониби Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» ба маблағи 58 миллион доллари ИМА (грант) дар амал татбиқ гардида истодааст.
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур ба беҳтарсозии вазъи воқеӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ нигаронда шуда, дар шаҳру ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Левакант, ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеъ татбиқ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳа моҳи октябри соли гузашта бо иштироки Сарвари давлат дар деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ пойгоҳи обкашӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа 40 деҳа бо фарогирии 155 ҳазор нафар аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гашт.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ДТТ
Ҳамкориҳои хориҷӣ бештар мегарданд
Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки соли 2023 дар Донишгоҳ ду лоиҳаи буҷетӣ-фармоишии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маблағгузоришаванда амалӣ шуда истодааст. Дар ояндаи наздик 2 лоиҳаи дигар бо маблағи Фонди президентӣ фаъол мегардад, ки тавассути онҳо пойгоҳи омодасозии кадрҳои илмию муҳандисии Донишгоҳ хеле қавӣ хоҳад гашт.
Донишгоҳ барои фаъолияташро дар хориҷа ба роҳ мондан ва тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ соли гузашта 19 созишномаи ҳамкорӣ миёни муассисаҳои олии кишварҳои хориҷ ба имзо расонд. Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ, то имрӯз бо 125 Донишгоҳ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ созишномаҳои ҳамкорӣ бобати тарбияи мутахассисони баландпоя бастааст.
Ҳамчунин, ректор зикр намуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 ба Донишгоҳ 102 донишҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Россия, Афғонистон, Чин ва Туркманистону Қатар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Зикрулло РАҶАБЗОДА
Минтақаи Кӯлоб: бунёду азнавсозии 20 иншоот дар назар аст
Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дар солҳои 2023-2024 бунёд ва азнавсозии 20 иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва коммуналӣ пешбинӣ шудааст.
Аскархон Соҳибзода, сардори раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки аз иншооти сохташаванда, аллакай, 5 адад, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 хонанда дар деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб, хатти интиқоли барқ дар деҳаҳои Роғиён ва Шамсиддин Сафарови Ҷамоати деҳоти Шамсиддин Шоҳин, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Таги Ҷари ноҳияи Ховалинг ва бинои МТМУ №20 барои 200 хонанда дар деҳаи Дараи Боҳтури Ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор гирифтанд.
– Барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маблағҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ пурра ҷудо гардида, корҳои созандагӣ бомаром идома доранд, –афзуд А. Соҳибзода.
Суннати СОДИҚ
ДДТТ
Фаъолият дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ пурзӯр мешавад
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, зимни нишасти матбуотӣ, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар назди Донишгоҳ Пажӯҳишгоҳи тиббии бунёдӣ таъсис ёфт, ки дорои 5 озмоишгоҳи таълимӣ: илмӣ-тадқиқотӣ; кишти селулаҳои бунёдӣ; омӯзиши бофтаҳо; бактериологӣ, иммунологӣ, ташхиси молекулӣ; физиология ва патологияи эндотелияи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мебошад.
Дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и Донишгоҳ 3000 ғилофаки равғани сиёҳдона, 7626 қуттӣ равған аз 14 намуди рустанӣ ва 400 қуттӣ хокаи доруи дибазол, поливитамин, димедрол, инчунин, 1000 ададӣ маҳлулҳои спиртии бриллианти сабз, левомитсетин, кислотаи борат истеҳсол ва ба беморон пешниҳод шуданд.
Таъсиси озмоишгоҳҳои ҷадид ҷиҳати боз ҳам пурмаҳсул гардидани фаъолияти устодону донишҷӯён дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, 35 кафедраи клиникии Донишгоҳ дар пойгоҳҳои 27 муассисаи тиббии ҷумҳуриявӣ ва шаҳри Душанбе ба таълиму тарбияи донишҷӯён, унвонҷӯён ва табобати маризон машғул мебошад.
Лола РИЗОӢ
Санаи нашр: 31.01.2024 №: 22