ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОЙГОҲИ САДА ВА ДАВЛАТМАРДОН

ҶОЙГОҲИ САДА ВА ДАВЛАТМАРДОН

31 январ 2024, Чоршанбе
26
0

 
Сада бунёди нек  ва инсонгароёна дораду арҷгузорӣ ба обу оташу боду замин низ ҳаст. Дар ибтидо, дар доираи маҳдуд шакл мегирад ба ранги парастиши оташ ва батадриҷ аз ҳалқаи авлоду қавм берун меояд ва дар тамаддунҳои маҳаллӣ нақш пайдо мекунаду давлату давлатмандонро ба худ гирифтор. Дар тақдири минбаъда, тақвият ва тантанаи он давлатдорон нақши муҳим мебозанд. Ва замоне ба олоту васоили динӣ низ корбурд меёбад. Ончуноне шоҳони Пешдодӣ, Каёнӣ, Ашконӣ, Сосонӣ ва Сомонӣ дар идорот ва муносибат бо раият адл баргузида, идвораро лаҳзаҳои таҳаммулу дод мепазируфтанд. Ба мардум рӯ ба рӯ шуда, эҳтиёҷоташонро пиёда мекарданд. Яъне, ҳар ҷашн баҳона ё сабабе буд дар вохӯрии подшоҳон ба раият. 
Аз назари ахлоқӣ як навъ воситаи саркӯб кардани бадиву зиштиҳо  ва коштани донаи накуиҳо низ будааст. Аз гуманизми осори чандҳазорсола метавон натиҷа гирифт, ки расму оинҳои пешин шоҳону мардуми омро ба инсонгароӣ ва ҳамзистии осоишта даъват мекарданд. Дар замони Ашкониён, ки парастиши Меҳр хеле муҳим буд, пайравони Зардушт мартабаи вижа доштанд. Оташро ҳамчун унсури муҳим мепазируфтанд.  Онҳо худро аз дудмони Ҳахоманиш дониста, дар давлатдорӣ ва кешу оин пайравӣ мекарданд. Силсилаи хонадонҳои эронӣ дар ҳамин сиёсат буданд ва худро аз ҷадди бузургашон дур намегирифтанд ва ба сони шоҳони Пешдодию Каёнӣ амалҳои нек зоҳир менамуданд. Дар идомати анъана ҷашнвораҳоро сабаби адлу дод, шодию нишоти худ ва раият мешумурданд. 
Дар боби давлатмардони сосонӣ гуфтему пасон хоҳем гуфт. Замоне ки ба мо қаринтар менамояд, асрҳои IХ-Х  аст. Дудаи Сомонӣ буд, ки ба анъанаҳои миллӣ ва ҷашнвораҳои ниёкон умри дигар бахшиданд, балки замина ниҳоданд, ки устувор бимонад ва ба наслҳои пасин бирасад. Аз тарафи дигар, як уҳдадорӣ, балки аломате шуд, ки шоҳони дигар занҷираҳо нишони  дерпойдорӣ ва тавонмандию аслдориаш пазируфтанд. 
Дар аҳди Ғазнавиён, ки Султон Маҳмуд гироиш ба ислом бештар дошт, бадгӯён дар ҷашнвораи Сада афзуданд. Аз ҷумлаи  онҳо Бадеъуззамони Ҳамадонӣ буд. Ҳарчанд Ҳаким Унсурӣ дар банди таассуби Маҳмуд гирифтор буд, илоҷе надошт ба ҳокими давр таъкид нанамояд, ки  Сада идвораи  шоҳони бузурги куҳан аст. Ва шоҳони Ғазнавӣ, ки  пайвандии хосса бо гузаштагони пурнусрат ва шуҳратманд талош доштанд, муқобилияти сангине нагузоштанд. Хосса, дар аҳди Масъуд. Чуноне Ҳаким Унсурӣ фармуда буданд: 
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам  ёдгор аст. 
Бо ҳамин султонро талқин мекард ва таҳрик медод, ки ӯ низ аз зумраи шоҳони бузург аст ва боистӣ, ки кори эшонро мудовимат бубахшӣ. Дар байте дар Ҷашни Сада ба тахт нишастани амири ғазнавиро муборакбод мегӯяд, ки аз русуми шоҳони ориёӣ буд: 
Ҷашни Сада ойини ҷаҳондор Фаридун,
Бар шоҳи ҷаҳондор фарӣ боду ҳумоюн.
Дар замони  Маҳмуд ва писараш  Масъуд ҷашнҳо сабзиши вижа доштанд, ки таълимдидагони давлатмардони  Сомонӣ  буданд. Дар ҳамин овон Абурайҳон Берунӣ  китобҳо таълиф кард, ки ба донишу анъана ва таърихи пешин такя мезад. Шояд, аз сиёсати ҳокимони давр буд, ки Абурайҳон Берунӣ дар оғози китобаш зикр мекунад: “Яке аз тадбирҳои латифи Худованди мутаол дар масолеҳи башар ва яке аз неъматҳои бузурге, ки бар куллияи мавҷудот арзонӣ фармуда, ин аст, ки ҳиҷ гоҳ ҷаҳон аз пешвои одил, ки паноҳи мардум аст, тиҳӣ нагардад. То бандагон дар гирифториҳо ва пешомадҳои рӯзгор ба ӯ паноҳ оваранд ва чун амре бар эшон пӯшида ва мушкил гашт, бар ӯ арза доранд, то аз мушкили эшон гираҳ бикушояд ва низоми олам барои ҳосил кардани мақсад аз ӯ поянда бимонад”. 
Аз навиштаи Берунӣ бармеояд, ки аҳволи фарҳанг ва низоми иҷтимоӣ дар аҳди Ғазнавиён рӯ ба беҳбудӣ доштааст ва ӯ тавониста ба хоҳиши адибе аз рӯзгори мардумҳои олами маскун маълумот гирд биёварад. 
 Дар замони Ғазнавиён тақрибан 400 шоир ба эҷод шуғл меварзид ва қисмате дар ҳамлаҳои Маҳмуду  Масъуд ба заминҳои дигар ширкат менамуданд. Онҳо корномаҳои шоҳонро месуруданд ва дар ҷашнвораҳо маҳфилҳоро обод медоштанд. Шоирон Унсурӣ, Асҷадӣ, Анварӣ, Лабибӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ аз ҳамин зумра буданд. Як ишораи Манучеҳрӣ низ бар ин аст, ки Сада ҷашни бузургон бувад. Донишмандону вазирони он овон буданд, ки шоҳони пасинро ба идҳо талқин мекарданд. Чуноне гуфта шуд, дар замони Ҳушанг истифодаи оташро ба роҳ  монданд. Батадриҷ ҷашнвора ба дарбор роҳ меёбад ва  ба ҳамоиши кулли мардум табдил мешавад. Яъне, хосияти сиёсӣ мегирад. Чуноне дар даврони Сосониён ва Сомониёну Ғазнавиён. Ҷашнҳо, ки анъана, русум, одоту урфи халқеро муҷассам мекарданд, бунёди давлатдорӣ ва симои халқияти ташаккулёфта буданд. Ва акнун он ҳама дар ҳимояти давлатдорон қарор мегирифт ва бо амру фармони шоҳон таҷлил мешуд. Бо дирафшу тахту тоҷ берун омадан ва дар тантанаҳо ширкат варзидан, базм оростан аз аломатҳои сиёсӣ будани анъанот ба шумор мерафтанд. 
Воқеан, дар асрҳои пешин, ба андешаи Фирдавсӣ, шоҳон ба ҷашнвораҳои Наврӯзу Меҳргону Сада таваҷҷуҳ доштанд. Подшоҳони аҳди бостон пас аз маросими тоҷгузорӣ ба оташкадаҳо меомаданд ва назри фаровон мекарданд. Чуноне дар Балх, Озарбойҷон ва дигар шаҳристонҳо оташкадаҳо бунёд шуда буданд, ки пасон дар адабиёт бо унвони хонаи оташ, оташгоҳ ва парастишгоҳи муғон ёдоварӣ мешаванд. 
Яқин мешавад, ки гузаштагонамон бунёдгарони яктопарастӣ буданд ва муқаддас доштани оташ аз хосиятҳои наҷотбахш ва пурвусъати мазҳари Худованд берун меомад. 
Замони нав – даврони истиқлол далелҳоро дар муътамад будани андешаҳоямон собит мекунад. Тоҷикистон вориси рӯйирости давлатдории ниёгонамон аст. Нахуст, ки дар парчаму нишони кишвар ва дирафши Президенти Тоҷикистон намунаҳои барҷастаи рамзу намоди пешиниён намудор аст. Ба хотири зинда доштани кору номи ниёгони беназирамон пайкараҳои Гуштосп, Виштосп, Куруши Бузург, Дориюши Кабир, Яъқуб ибни Лайс ва чанде бино шудааст. Боғу гулгашт ва муассисаҳои илмию маърифатӣ номи эшонро доранд. Дақиқтар бигӯем, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки анъана ва осори бузурги аҷдодро сабзиши дубора дод. Ҷашнвораҳои ниёгон: Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Садаро сокинони Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Наврӯз бо ҳиммати ин марди бузург ҷаҳонӣ шуд. Сада ба феҳристи осори шигарфи ғайримоддии ҷаҳон пазируфта шуд. “Шашмақом”, “Фалак” ва чакан муаррифгари тоҷикон дар кураи Арз мебошанд. Пас, дар ривоҷи ҷашнвораҳо давлатмардон нақши асосӣ доранд. Агар ин ҳама боиси дастгирист, пас ҷашнвораҳо ҳамчун алами сиёсат  аз муҳимтарин василаи тарғиби давлатдории тоҷикон дар замони нав мебошанд. 

Ҷонибек АСРОРИЁН, таърихнигор 

Санаи нашр: 31.01.2024 №: 22
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив