АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Раҳим Саидзода: «Муассисаҳои таълимӣ пурра бо омӯзгорон таъмин мешаванд»
– Дар оғози соли таҳсили 2023-2024 муассисаҳои таълимӣ ба 4353 омӯзгор эҳтиёҷ доштанд. Бо мақсади таъмини кадрҳо дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронда шуд. Имрӯз нарасидани муаллимон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 300 нафарро ташкил медиҳад, ки мо барои таъмини пурраи мактабҳо бо кадрҳои ҷавон кӯшиш дорем, – гуфт Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм, дар нишасти матбуотӣ.
Инчунин, зикр гашт, ки соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 212 бинои муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 45 ҳазору 564 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола маблағгузории соҳа боло меравад. Аз ҷумла, имсол барои маориф 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 1 миллиарду 21 миллион сомонӣ ё 12,5% зиёд мебошад.
Дар баробари ин, соли гузашта бо мақсади баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ва 5,2 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардиданд.
Лола РИЗОӢ
КИШОВАРЗӢ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ БА 22 ДАВЛАТИ ХОРИҶИ ДУРУ НАЗДИК
Соли сипаришуда ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 1,8 дарсад афзуда, ба 9027,1 миллион сомонӣ расид, ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 24,6 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода баён кард.
Амалигардонии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқавории мамлакат тавассути татбиқи 8 консепсия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ имкон фароҳам овард, ки рушди устувори соҳа ҳамчун тавлидкунандаи маҳсулоти ғизоии босифат ва ба рақобат тобоварӣ ба содирот нигаронда таъмин гардида, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил шаванд. Тавассути фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар комплекси агросаноатӣ теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 176 ҳазор ва кормандони соҳа ба 1664,5 ҳазор кас расид, ки дар қиёс ба соли пешӣ 3,4 дарсад бештар аст.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 22 давлати хориҷӣ 246,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Кароматулло АТО
ДАЛЕР ҶУМЪА: «11 ЛОИҲАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ТАТБИҚ ХОҲАД ШУД”
Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли рафта истеҳсоли неруи барқи обӣ ба нишондиҳандаи 21 миллиарду 861,3 миллион кВт/соат расид, ки назар ба ҳамин давраи соли пешӣ 462,3 миллион кВт/соат бештар мебошад. Ҳамчунин, талабот ба неруи барқ вобаста ба рушди иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ афзудааст.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ ба 943,2 ҳазор гигакалория баробар гардид, ки нисбат ба дурнамои солона 285,7 ҳазор Гкал кам мебошад. Аз 17-уми октябри соли гузашта интиқоли гармӣ ба шаҳри Душанбе оғоз гардида, иҷрои нақша 98,3 дарсад таъмин гашт.
Далер Ҷумъа зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ корҳо дар доираи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Сарбанд», «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи CASA-1000», «Марҳалаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «Барномаи дастгирии ҷомеаҳо», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми электрикии ягонаи Осиёи Марказӣ» ва ғайра бо маблағи 1431 миллион доллари ИМА идома доранд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маблағи 124,4 миллион доллари ИМА ҳашт лоиҳа татбиқ шуда истодааст.
Кароматулло АТО
ДДСРТ
Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ меафзояд
Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон 321 донишҷӯи хориҷӣ аз 10 давлати ҷаҳон, аз ҷумла дар шуъбаҳои рӯзона 161 ва ғоибона 160 нафар, таҳсил менамояд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳ Машраб Файзулло зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар соли таҳсили 2023-2024 қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳамаи шаклу зинаҳои таҳсил 127 нафарро аз 7 давлати ҷаҳон ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 41 нафар зиёд аст. Аз ҷумла, 80 бакалавр, 32 омӯзгор ва 15 донишҷӯ, бештарини онҳо аз Федератсия Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд»,- изҳор дошт ӯ.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА
Санаи нашр: 05.02.2024 №: 25