САДА. ҶАШНЕ, КИ АЗ АСОЛАТ БАШОРАТ МЕДИҲАД
Таърих варақгардон мешавад. Мехоҳем аз асли хеш, аз решаи миллати худ огаҳӣ ёбем. Ниёгони мо дар таърих ҳазору як савту наво ва саду як қиссаву достон доранд. Ҳамаи онҳоро наметавон рӯи коғаз овард. Худ достони безаволи Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» беҳтарин муаррифгари ниёгони мост: дар ҳунару ҳунарварӣ, дар шуҷоату мардонагӣ, дар далерию ватандорӣ.
«Шоҳнома» оинаи миллати мост, ки ҳар фарди банангу номус таърихи халқашро дар он мебинад, меёбад ва аз баҳру буми кишвари хеш, аз забону санъати мардони ҳунар, аз қаҳрамонию сарбаландии гурдони соҳибватани гузаштагонаш огаҳӣ пайдо мекунад.
Оре, «Шоҳнома» Ватан аст, Ватани озодазодагон, Ватани миллати соҳибтахту соҳибмақом.
Мо ин сафар хостем аз ин шоҳасари ҷаҳонӣ ба Иди Сада рӯ биоварем ва бубинем, ки ниёгони мо дар баробари дигар ҷашнҳо Садаро чӣ сон ид мекарданд ва он чӣ сон падид омада.
Аз ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ меоварад дар «Шоҳнома»:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Чӣ сон ёдгор монда аз Ҳушанг?! Қисса чунин аст, ки Ҳушанги Пешдодӣ рӯзе ба шикор меравад ва море дар сари роҳаш пайдо мешавад. Ҳушанг санге ба сӯи мор мепартояд, аммо ба гуфти шоир:
Нашуд мор кушта валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он санг боз.
Санг ба санг мехӯраду оташ падид меояд. Гӯё то замони Ҳушанг оташ набуда…
Донишманди маъруф Муҳаммад-ҷаъфари Ёҳақӣ меоварад: «Аз ин устура, ду омили мутазоди зиндагии эронӣ рӯбарӯи ҳам қарор мегирад: Аҳриман морро, ки мазҳар ва ҳамрешаи марг аст падид овард ва Аҳурамаздо дар баробари он барои муқобила оташро офарид ва ба ин тартиб, оташ муқаддас шуд ва Ҳушангшоҳ ба маҳзи дидани он Аҳурамаздоро сипос гуфт. Ва ба шодии ин иду оташе барафрӯхтанд ва бар гирди он ба сурур пардохтанд ва номи онро Сада гузоштанд».
Ҷашни Сада… Он бисёр пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешудааст, бо оташ, бо савту наво, бо шодию нишот.
Сада, аз адади сад гирифта шуда. Аз рӯи гуфтаҳо гӯё то Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб монданашро пешакӣ ид мекарданд.
Дар ин бора Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» меоварад, ки: «…дар ин рӯзҳо духули Офтоб ба бурҷи Ҳамал наздик буда, мардум шодмонӣ мекунанд аз баҳри он ки шиддати сармо сипарӣ шуд ва рӯзҳои гарми баҳор наздик мегарданд».
Ин ҷашн шӯру шавқ, бедордилӣ, худогоҳию хештаншиносиро ба миён меовард. Ҷамъ омада, бо дили бедор оташ афрӯхтану суруду тарона хондан, худ пайвастан ба нуру зиёст.
Олими таърихшиноси мо Юсуфшоҳ Яъқубов меоварад: «Ҷашни Сада ин ҷашни бузургии гармо бар зимистон, рӯшноӣ бар торикӣ, покӣ бар касифӣ, зиндагӣ бар марг буд…
Оташро дар қадим ҳамаи халқҳои ҷаҳон бузург медоштанд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо моҳияту лозимӣ ва фалсафаи онро дар ҳаёти инсон ин қадар жарф дарк нанамуда буд.
Ориёҳо онро асоси равнақу ривоҷи ҳаёти инсонӣ ва зиндагӣ дониста онро ба дараҷаи худовандӣ бардоштанд…».
Ҳақ ба ҷониби олим, ки Ҷашни Сада саду як асрор ва шодию нишот дошт ва фалсафаи ниёгони моро дар олами нуру зиё бозгӯ менамуд.
Аз рӯи мушоҳидаҳо гӯё имрӯз ҳам ин Ҷашн дар баъзе шаҳрҳою рустоҳои Эрон зинда аст ва ҷашн гирифта мешудааст.
Ин ҷашнҳо ҳам барои худогоҳию худшиносии мо хидмат мекунанд ва моро ба асли хеш рӯ ба рӯ менамоянд. Ҳар ид таърих аст, расму оин аст, нақши бузурги миллати ориёӣ аст.
Ба гуфти Сарвари давлат: «Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».
Ба шарофати ҳамин андешаи созанда, дурбинона ва худшиносии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми декабри соли 2023 номинатсияи муштараки Тоҷикистону Эрон – «Ҷашни Сада» ба Феҳрасти мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид.
Ҷашни Сада дар дили мо, дар нигоҳи мо гул мекунад, эҳё мешавад…
Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин Ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз!
Ҳақназаров Ш,
рӯзноманигор