ТОҶИКОБОД. ОБОДИИ ДИЁР – МАРОМИ МО
Ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагиву ободонӣ, таъмири роҳу пулҳо, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ дар ноҳияи Тоҷикобод тадбирҳои судманд меандешанд. Фақерзода Қадриддин Аббос, раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” ҷиҳати рушди устувори ноҳия ва таъмини рӯзгори осудаи аҳолӣ, нақшаҳои минбаъдаи ободонии ин диёри хушманзар ибрози андеша намуд, ки фишурдаи онро манзури хонандаи закӣ мегардонем.
101 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НАҚША АСТ
Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду навсозии 101 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин муддат 29 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зикр кардан ба маврид аст, ки айни замон корҳои сохтмонӣ ва таҷдиду тармими 74 иншооти боқимонда, аз ҷумла сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сари Най, сохтмони сардхонаи муосир, корхонаи истеҳсолии қуттиҳои занбӯри асал, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Нӯшори Поён ва дигар иншооти таъиноташон гуногун идома дошта, то охири сол ба истифода дода мешаванд. Инчунин, корҳои сохтмонию васлгарӣ дар 214 бинои истиқоматӣ ва муассисаҳои таълимӣ, ки бар асари заминларзаи шадиди солҳои 2021-2022 дар деҳоти Лангари Шоҳ зарар дида буданд, бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба анҷом расиданд.
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД
Боиси тазаккур аст, ки Тоҷикобод ноҳияи аграрӣ буда, шуғли асосии мардум кишоварзист. Солҳои охир бо заҳмату талоши сокинони заҳматқарини ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тамоюли болоравӣ дорад. Соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 6 ҳазору 94 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуда, ба маблағи 205 миллиону 849 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2022-юм 3 миллиону 24,2 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Соли гузашта ноҳия 21 ҳазор тонна маҳсулот содирот кардааст, ки нишондод нисбат ба соли 2022-юм 1,5 ҳазор тонна зиёд мебошад. Вале, бо вуҷуди ин, то ба ҳол дар соҳаи кишоварзӣ мушкилоти норасоии тухмиҳои хушсифат, гаронии нархи нуриҳои минералӣ, таъмирталаб будани каналҳои обрасон ба назар мерасанд.
МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ – ТАҶАССУМГАРИ МИЛЛАТ
Аз қадим гузаштагони мо дорои фарҳанги бой буданд ва аз худ мероси пурғановате боқӣ гузоштанд. Барои пойдор доштани фарҳангу таблиғи донистани таърихи миллати худ Сарвари давлат намунаи ибратанд. Тақдими китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, баргузории озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар боло бурдани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҳар як фарди ҷомеа нақши муассир мегузорад.
Бояд гуфт, ки соҳаи маориф, самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, барои рушду пешрафт ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониши наврасон дар ноҳия аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Дар ноҳия 38 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад. То ҳамин давра ҷиҳати беҳтар кардани шароит дар муассисаҳои таълимии ноҳия барномаи компютеркунонӣ 66 фоиз иҷро гардида, шумораи компютерҳо ба 503-то расид.
Боиси ёдоварист, ки айни ҳол дар ноҳия 2 хонаи фарҳанг, 1 клуб ва 16 китобхонаи оммавӣ, ки дорои 39 711 нусха китоб мебошанд, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Инчунин, тибқи супориши Сарвари давлат, дар 9 ташкилоту муассиса китобхонаҳои идоравӣ ташкил шудаанд. Аммо набудани мактабҳои мусиқии бачагона ва норасоии мутахассисони соҳавӣ дар ноҳия нигаронкунанда аст.
ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки аз ҷониби мардум хуш пазируфта шуд. Ба ин хотир, дар ноҳия 6 комиссияи доимоамалкунанда ва 51 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дорад. Соли гузашта дар ноҳия 791 тӯю маърака баргузор гашт, ки дар он 7 ҳолати вайрон кардани қонунро ба қайд гирифтанд. Дар маҷмуъ, аз қонуншиканҳо 33 116 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва масъалаҳои дар Паёми навбатӣ зикргардида, чораҳои зарурӣ меандешад.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.02.2024 №: 26