ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

08 феврал 2024, Панҷшанбе
11
0


Дар арсаи илм  танҳо шахсони соҳибирода, ботаҳаммул, ҷӯянда ва собитқадам комёб мешаванду аз маҳсули қалами олимонаашон ҳам худ баҳравар мегарданд ва ҳам мардуму ҷамъият нафъ мебинанд. Чунин  фаъолияти таҳқиқотии ибратбахш ва ҳаёти омӯзандаи илмӣ насиби яке аз чеҳраҳои шинохтаву пуркори илми кишоварзӣ, устоди арҷманд ва олими пурмаҳсул Мастибек Самадович Норов гардидааст. 
Фазилатҳои накуи инсонӣ, эҳсоси саршори ватанхоҳӣ, меҳр ба зиндагӣ ва дӯст доштани илм аз сифатҳои намоёни инсонии ӯ мебошад. Чунин хосият ба одамони зиндадил, ҷӯянда ва пуртакопӯ хос аст, ки ҳамеша имкониятҳои зеҳнӣ ва маҳорату таҷрибаи худро такмил медиҳанд, ба бозёфтҳои илмии худ қонеъ нашуда, захираҳои мағзу мафкураи хешро  кашф карда, онро аз фикр ба ғоя табдил дода, ҳамчун маҳсули таҳқиқот ва назарияи илмӣ пешниҳоди аҳли ҷомеа мегардонанд. Ба ҳар коре даст бизанад, аз сари шавқ, бо дилбастагӣ, содиқона анҷом  медиҳад, манфиати давлат ва ҷомеаро аввал мегузорад. Хислату табиати инсониаш аз гавҳари поки хушахлоқӣ, накукорӣ, самимият ва одамият сиришта шудааст. 
Норов Мастибек Самадович дар ҷодаи таҳқиқ  сабку роҳи худро ҷуставу соҳибмактаб гаштааст. Даҳҳо муҳаққиқи соҳибосор парвардаи мактаби  илмии ӯянд. Чун сабру тамкини бардавом, таҳаммулу ҷӯяндагии собитқадамона дошт, дар ҷодаи илм муваффақ гардид. Ба арсаи таҳқиқ  сатҳиву манфиатҷӯёна қадам нагузошт. Аз маҳсули  пажӯҳиши дигарон омӯхт, аммо бо таҳқиқоти тозаи худ илми кишоварзии тоҷикро ғанитар гардонид. Воқеан, навҷӯӣ, тозакорӣ ва поктинатӣ аз паҳлуҳои муҳиму  барҷастаи фаъолияти илмиаш ба шумор мераванд. 
Ӯ дар давоми зиёда аз 48 соли фаъолияти худ  дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур барои инкишофу пешбурди илми кишоварзӣ, соҳаҳои муҷтамеи агросаноатӣ, тайёр намудани мутахассисони баландпоя ва олимони ҷавон саҳми арзанда гузоштааст. Соли 2006 дар Академияи кишоварзии шаҳри Москваи Федератсияи Россия  рисолаи докториро дар мавзуи “Асосҳои илмии технологияи парвариши маъсар дар заминҳои лалмии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муваффақона дифоъ намудааст. 
Ӯ яке аз пурмаҳсултарин олимони селексионер дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, муаллифи навъҳои ҷави тезпазаки “Ифтихор-86”, ҷуворимаккаи “Шуҳрат”, чормағзи заминии “Тоҷикистон – 10” ва “Тоҷикистон – 15”, маъсари “Шифо” ва “Краса Ступинская”, кунҷиди “Шаҳноза”, зағири равғандеҳи “Ҳисор-10”,  сулии “Тоҷикӣ-70”, офтобпарасти “Нурафшон” ва нахӯди навъи “Фаровон” мебошад, ки ҳамаи онҳо дар истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ гардида, дар амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ ва  саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

Рӯзимурод БОЙМУРОДОВ,
декани факултети агрономии ДАТ
ба номи Ш. Шоҳтемур, дотсент

Санаи нашр: 07.02.2024 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив