ХУШ ОМАД Ё ХУШОМАД?
Ҳастанд рафиқоне, ки мо – шоирони замони истиқлолро барои ашъори ватандӯстонаамон мазаммат мекунанд, ки нисбат ба давлат хушомад мегӯему Ҳукуматро меситоем. Аслан, онҳо наметавонанд байни “хушомад”, ки нишони тамаллуқ аст ва “хуш омад”, ки ибрози некбиниву хайрхоҳист, тафриқа гузоранд.
Аввалан, ибрози муҳаббати самимона ба Ватан ва хушомадгӯиву тамаллуқкориро омехта кардану як чиз шумурдан ва, ҳатто, чоплусӣ ҳисобидан, аз безавқиву беназокатист! Метавон дар шарҳи ин мавзуъ сухан зиёд гуфт, аммо ҳамин қадар зикр кардан кофист, ки дар ин замони эҳёи тозаи Ватан, расидан ба армонҳои миллӣ баъд аз садсолаҳои беҳувиятӣ, чӣ гуна метавон нисбат ба ҳар иқдоми нек, дастоварду музаффариятҳои навини халқу кишварат хушбин набошӣ? Аз он ба ваҷд наоиву онро наситоӣ?
Баъдан, шеъри асил, шеъре, ки ба дарди мардум мехӯрад, армонҳои миллӣ ва руҳи замонро ифода мекунад, наметавонад мавриди накуҳиш қарор бигирад, ҳатто агар ба шахсиятҳое бахшида шуда бошад. Албатта, банда шеъреро дар назар дорам, ки падидаи ҳунару маҳорат ва моли адабиёт аст. Мисли шеъре, ки устод Рӯдакӣ ба Оли Сомон ва Ҳофизи бузургвор ба шоҳ Яҳё бахшидаанд.
Дар ин замони ҳассос, замони амалӣ гардидани армони ҳазорсолаи миллати худ, яъне расидан ба истиқлоли давлатӣ ва озодӣ оё метавонад шоири рӯз нисбат ба созандагиву шукуфоиҳо, эҳёи навини Ватанаш бетараф бошад ва саҳми боризи худро дар эҳёву пешрафти он нагузорад? Ба андешаи банда, чунин бетарафӣ баробар ба бешарафист. Хусусан, аз ҷониби онҳое, ки ин рисолати бузург, яъне шоири кишвари худ буданро ба зимма гирифтаанд.
Аз ин рӯ, ватандӯстиву меҳанпарастии як шоир наметавонад ҳаргиз боиси накуҳиши шумо – касоне бошад, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи айбҳоянд ва ё кинаву ғарази шахсӣ доранд.
Бо дили пур, иродати матин ва сари баланд мегӯям, ки ҳаргиз на аз ҳисоби тамаллуқ ба мансабу вазифа расидаам ва на аз ҳисоби хушомад ҷоҳу ҷалоле ёфтаам. Ҳар чи дорам, аз заҳмати ҳалол аст ва агар касе маро ба рӯйхати тамаъкорон ҳамроҳ кардааст, хусумату ғаразе беш нест. Ҳар ситоише, ки дар васфи Ватану муқаддасоти Ватан ва пирӯзиҳои он кардаам, аз дили поку самимияти бениҳоятам будааст.
Инак, боз як шеъри ватандӯстона, аз назари шумо шояд тамаллуқкоронаро, аз ҷониби шоири ватансарои имрӯз ба интишор медиҳам. Бо салому дуруду шодбошӣ!
Ман хушомадгӯям? Оре!
Ман “хуш омад”-гӯ!
Не бадомадгӯ!
Не маломатгӯ!
Не надоматгӯ!
Не ҳам аз он айбҷӯёни ҳамоқатхӯ!
Ман “хуш омад”- гӯи ин Меҳан -
Сарзамини хайру эҳсонам!
Ман “хуш омад”- гӯи ин халқи накуоин,
Ин диёри фазли поконам!
Ин “хуш омад!” он хушомад нест,
эй ноогаҳон!
Ман хушомад кай сурудам?!
Ман “хуш омад!” гуфтаам бар ҳар чи хуш омад.
Ман “хуш омад!” гуфтаам бар файзи озодӣ,
Ман “хуш омад!” гуфтаам бар субҳи Истиқлол,
Ман “хуш омад!” гуфтаам бар Ваҳдати миллат!
Бар ҳумои бахти халқам ман “хуш омад!” гуфтаам!
Он гаҳе, ки Сарвари давлат
Зина-зина аз ҳавопаймо,
Нури пирӯзӣ фурӯзон дар намояш,
Мефуромад бо паёми Сулҳу Озодӣ, ба пайки оштӣ,
Гуфтаам “хуш омадӣ” дар ҳар қудумаш.
Он даме ки барқи “Роғун” шуд дурахшон
Аз сари эҳсон
Бо чароғони нахустинаш
Бо ҳазор ангезаи эҳсоси пирӯзӣ
Ман “хуш омад!” гуфтаам аз ҷон!
Он даме ки санги хороро ба нохунҳо тарошида,
Нақбҳое сохтему то ба манзилҳо расидем,
Бар қудуми рӯшноие, ки бо ҳар нақб бар мо мерасид,
Ман “хуш омад!” гуфтаам бо шукри беҳад, шукри Эзад!
Ман ба ҳар ҷилди китоби “Тоҷикон”, к-аз дасти Сарвар
Ҳадя бар ҳар хонадон гардид,
Низ бо сад ваҷд мегуфтам: “Хуш омад!”
Инак, акнун,
Ман ба ҳар ҷилди китоби безаволи “Шоҳнома”,
Ҳадяи Сарвар ба ҳар як хонадони Тоҷикистон ,
Боз мегӯям: “Хуш омад!”.
Чун нагӯям?
Дастовези беҳини миллату халқи тамаддунсози ман -
Ин фари фазлу адаб, анҷоми ман, оғози ман
Тули таърихи дарозою гаронбораш
ҳамин ҷилди китоб аст!
Ин хушомад, он хушомад нест!! Ҳаргиз!
Оре, оре, ҷои ҳеҷ инкор нест,
Мо – адибон, шоирони миллати тоҷик
Сарвареро, ки паёми Сулҳ меовард,
Дар фурудгоҳи Ватан дар рӯи по,
бо дасти пеши бар
Ҳар замон “хуш омадӣ!”, “хуш омадӣ!” гуфтем.
То ки сарсабзу гулафшон бод Меҳан,
Бо дарахтон, бо ниҳолакҳову гулҳо аз ҳама рӯи ҷаҳон,
хуш омадӣ!
Бо тамоми нақбҳое, ки ба сӯи рӯшноӣ мебаранд,
Бо тамоми боғу гулгашти фараҳафшони худ,
Бо фурӯғи меҳри Меҳан дар дилу дар ҷони худ,
Аз замин то осмон, хуш омадӣ!
Ман “хуш омад”- гӯи эҳёи навини ҷашни Наврӯзам,
Ман “хуш омад”- гӯи гулханҳои тобони Сада,
Ман “хуш омад”- гӯи ҳар оташкада аз ишқ
Дар дилу ҷони фурӯзонам!
Ман “хуш омад”-гӯи ҷашни Меҳргонам!
Оре, оре, дар сафи аввал,
Дар қатори аввалинҳо
Ман ба ҳар пирӯзии Меҳан “хуш омад!” месурудам!
Ман “хуш омад”-гӯи Меҳан аз сари нангам,
Аз сари орам,
Ман “хуш омад”-гӯи Меҳан бо ҳазорон ифтихорам!
Ман хушомадгӯям?! Оре!
Ман хушомадгӯи ин Парчам ба ҳафт ахтар,
Ин ливои дар само партавфишонам,
Ман хушомадгӯи тоҷу тахти Меҳан,
нангу ори тоҷиконам!
Ин ҳама эҳё, амонӣ, ҳастии иршодии мост!
Аз ҳама волотар акнун баҳри мо
Қимати озодии мост.
Гар касеро хуш наояд, мушкили ӯст!
Во дареғ, аз дасту пойи дар гили ӯ!
Во дареғи тирагиҳои дили ӯ!
Мехӯрам савганд бо шири ҳалоли модарам:
Ман тамаъро хуш надорам!
Нафрати ман бод
Бар тамаллуқ,
Ҳамчунон бар чоплусиҳои нафратовари ғарқи
тақаллуб!
Сарбаландам, ки дар ин ҳафтоду анди умр
Пеши номарде сари таъзим н-овардам,
Нархи номусу шараф, қадри худамро
Бо тамаллуқҳо ба кас тақдим н-овардам.
Лек ман з-ин бештар як умр
Ҳамраҳи ҳар арчаи кӯҳи диёрам ҳифз мекардам
Сабзаҳову хоку оби Меҳанамро,
Ҳамраҳи ҳар чашмаву ҳар рӯд бо пайғоми нуру рӯшноӣ
Баҳри сарсабзии Меҳан додаам ҷону танамро.
Ҳамраҳи ҳар бурсу зелолу заранги захмдор
Синаро бар бодҳои сард монанди сипар бинҳодаам.
Дар ҳифози сарҳади Меҳан
Ҳамраҳи сарбозҳо ҷон додаам.
Оре, аз рӯзе, ки худро мешиносам,
Дарду рози миллатам бисрудаам,
Ковиёнӣ парчамашро
Дар фурӯғи ҷумлаи пирӯзияш бистудаам.
Захми инсонро давое ҷустаам,
Аҷзи инсонро раҳоӣ ҷустаам.
Бо табиат, бо Замин, бо осмон
Будаам ҳамдостону ҳамравон.
Зистам шоистаи давру замон!
Ал-амон аз кинатӯзон, ал-амон!
Гар ту бо ин Меҳану ин модару ин тифлакон ҳастӣ,
Пас, биё, бо ҳам шавему анҷуман созем!
Аз суруди аллаву аз оҳи пур аз дарди модар,
Аз дуои мӯсафедони сафоору бабовар,
З-орзуҳои наҷиби тифлакони худ Ватан созем!
Ин Ватанро дар вуҷуди худ,
Аз наҷобат, аз садоқат, аз вафову адл
Бешикан созем!
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 07.02.2024 №: 27
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)