ГӮШТИНИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ. МЕРОСИ ТИЛЛОИИ НИЁГОНИ МО БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД
Соли 2022 дар таърихи варзиши тоҷик саҳифаи нав сабт гардид. Дар қатори дигар арзишҳои фарҳангии мо, аз ҷумла Наврӯз, Шашмақом, чакан, Саразм бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз куҳантарин риштаҳои варзиши халқи тоҷик гӯштини миллӣ – “Гӯштингирӣ” мақоми байналмилалӣ касб кард. Ин дараҷа дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлат конфронс баргузор гашт, ки иштирокдорон ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд. Яке аз омилҳое, ки кишварҳои хориҷӣ ин иқдоми моро дастгирӣ карданд, бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳар сол доир намудани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе буд.
САЙРИ ТАЪРИХӢ
Гӯштингирӣ аз ҷумлаи бозиҳои дӯстдоштаи халқи тоҷик буда, таърихи чандҳазорсола дорад. Он аз вожаи аслии тоҷикии «куштӣ» гирифта шуда, маънояш «камарбанд» аст. Дар ҳазорсолаҳои пешинаи сарзамини тоҷикнишинон гӯштин, аҳамияти бузурге доштааст ва гӯштингирӣ дар зиндагӣ ва оинҳои тоҷикон то он ҷое реша дорад, ки ин варзиши дӯстдоштанӣ ба як варзиши миллӣ табдил ёфтааст.
Варзиши куштиро дар фарҳангномаҳои куҳан чунин шарҳ додаанд: «Куштӣ навъе варзиш аст, ки дар он ду инсони ғайримусаллаҳ бо якдигар гуловез шуда, барои ба замин задан, ё бе таодул кардани ҳарифи худ талош мекунанд» («Фарҳанги Деҳхудо»), «ба маънии ин, ки ду кас бар ҳам часпанд ва хоҳанд якдигарро бар замин зананд». («Бурҳони қотеъ»).
Ба андешаи Зафар Мирзоён дар бораи калимаи «куштӣ» ва чӣ маънӣ доштану аз куҷо реша гирифтааст, бояд гуфт, ки зартуштиён ва порсиёни бостон ҳангоми ғуруби Офтоб банде ба камари худ мебастанд ва дар назди оташдони фурӯзон ба дуо хондан мепардохтанд. Он камарбанд «куштӣ» номида мешуд ва «куштӣ гирифтан» ҳам аз ин калима баргирифта шудааст, ба маънии камари якдигарро гирифтан.
Нигораҳои Эрони бостон, ки Варорӯду Хуросон ҷузъи он буданд, нишон медиҳанд, ки варзиши куштӣ пешинаи дерина дошта, дар миёни мардуми сарзамини куҳани Ориёно ба шеваҳои гуногун ривоҷ доштааст. Агарчи як силсила осори ёфтшуда дар Байнаннаҳрайни куҳан (ибтидои ҳазораҳои севуму чаҳорум) ва, ҳамчунон, Юнони Бостон ва Япония аз ривоҷи куштӣ хабар медиҳанд, аммо нигораҳову осори таърихӣ нишон медиҳанд, ин варзиш дар назди гузаштагони тоҷикон ҷойгоҳи вижае доштааст.
Куҳантарин нигораи ёфта, ки варзиши куштиро намоёндааст, як табари биринҷие мебошад, ки аз ковишҳои Луристони Эрон ба даст омада ва пешинаи он ба 900 то 700 сол пеш аз мелод мерасад. Ин табар ҳоло дар осорхонаи Хуррамобод (Эрон) нигаҳдорӣ мешавад.
Дувумин нигораи ёфта, ки баёнгари варзиши куштӣ аст, косаи нуқраӣ мебошад, ки ба садаи ҳафтум (охирҳои давраи Сосонӣ) тааллуқ дорад. Ин ганҷина, ки имрӯз дар осорхонаи Артур Соклер дар Ню - Йорк нигаҳдорӣ мешавад, муборизаи ду куштигир бо шалворакҳои кӯтоҳ ва камарбандро нишон медиҳад.
Дар шимоли Афғонистон, дар ҳамсарҳадӣ бо кишвари мо, наққошии деворӣ ёфт шудааст вобаста ба аҳди сосонӣ, ки низ ду паҳлавон дар ҳоли куштӣ гирифтан бозтоб гардидааст. Дар ин тасвир ҳам куштигирон шалворак ба бар доранд ва бо даст камари якдигарро гирифтаанд.
Шояд китоби адабии таърихие бо забони тоҷикӣ – форсӣ вуҷуд надошта бошад, ки ба варзиши куштӣ ишора накардааст.
Саъдӣ дар «Куллиёт»-и худ ба 260 фанни куштӣ ишора мекунад. Дар «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар мавриди ин варзиш навишта шудааст: «Бидон, ки куштӣ гирифтан ҳунарест мақбул ва писандидаи мулуку салотин ва ҳар ки бад - ин кор машғул бошад, ағлаб он аст, ки ба покиву ростӣ мегузоранд».
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ дар мавриди расму оинҳои паҳлавонӣ гуфторҳои зиёде дорад ва яке аз хислатҳои чашмгири паҳлавонон, ёрӣ расондан ба нотавонон ва дигаре пос доштани нангу номус мебошад. «Шоҳнома» сифатҳои Рустам ва маҳорату қудрати дигар паҳлавононро бозгӯ мекунад. Чунон ки аз «Шоҳнома» пайдост, куштӣ гирифтан дархӯри қоидаву муқаррароте мебошад ба таври савора, ё пиёда ва ё гоҳе дар чанд навбат анҷом мешудааст ва мутарҷимон, ки ҳамроҳи ду паҳлавон ба маҳали куштӣ мерафтанд, тақрибан ба таври ғайримустақим, дар тарзи иҷрои куштӣ, назорат ва доварӣ доштаанд. Аз он ҷо ки паҳлавонон дар байни аҳли девон ва лояҳои гуногуни ҷомеа маҳбубияте доштаанд, ҷавонони навхоста мекӯшиданд бо пайравӣ аз роҳу равиши матлуб дар радифи паҳлавонони соҳибном қарор гиранд ва соҳиби ному овозамандӣ шаванд.
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁ ВА ҶАҲОНӢ ШУДАНИ ГӮШТИИ МИЛЛӢ
Дар эҳё ва байналмилалӣ намудани мероси тиллоии гузаштагони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши меҳварӣ доранд. Сарвари давлат пас аз ором гаштани вазъи сиёсии кишвар дар баробари иштирок дар мусобиқаҳои гӯштигирӣ, ҳамзамон, дар тан либоси варзишӣ ба майдон мебаромаданд. Аз ҷумла, соли 1997 зимни мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Корхонаи нассоҷии тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайриинтизор дар тан либоси гӯштигирӣ ба майдон баромаданд. Хайрулло Иззатов, собиқадори гӯштини миллӣ, ки шоҳиди ҳамин лаҳзаҳо буд, зимни як суҳбат дар телевизиони “Варзиш” ин манзараро чунин ба ёд овард: “Сарвари давлат бо ҷасорат ба майдон баромада, бо Султон Наботов ва Бачабеков зӯрозмоӣ карданд”.
Шуруъ аз солҳои 2000 таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба гӯштини миллӣ зиёд гардид. Президенти кишвар дар мусобиқаҳои гӯштигирӣ ширкат мекарданд ва барои ҳавасманд кардани паҳлавонон шоҳҷоиза (автомобилҳои сабукрав) тақдим менамуданд. Ҳамин буд, ки соли 2004 дар шаҳри Душанбе зимни баргузории мусобиқаи гӯштингирӣ Сарвари давлат дар яктак (либоси гӯштингирӣ) ба майдон баромаданд ва ба ҷамъомадагон ишораву рақсҳои паҳлавониро ба намоиш гузоштанд. Ба паҳлавонон таъкид карданд, ки гӯштини суннатии мо бо чунин тарз гирифта мешавад. Ҷаноби Олӣ нишон доданд, ки майдони гӯштингирии тоҷикон арсаи на танҳо намоёндани зӯриву ҳунармандии паҳлавон, балки майдони ба намоиш гузоштани хислату манишу ахлоқи ҷавонмардист.
Табиист, ки ҳузури Пешвои миллат дар майдони гӯштӣ нишони ҷуръат, иродаи матин ба ҳар кору амал ва муҳимтар аз ҳама, тарғиби гӯштии милливу солимии ҷомеа аст, ки натиҷаҳои баланд ба миён овард.
23 марти соли 2015 Сарвари давлат ба раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни баргузории гӯштии миллӣ дар шаҳри Хуҷанд супориш доданд, ки мусобиқоти гӯштигирӣ на танҳо дар ҷашнҳои Наврӯз, балки бахшида ба идҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ доир карда шавад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат дар анҷоми тантанаҳои идонаи наврӯзии соли 2016 дар Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод намуданд, ки минбаъд ҳамасола дар кишвар 22 март – Рӯзи гӯштигирон, 23 март – Рӯзи аспдавонон ва 24 март – Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шавад.
Пас аз ин ду дастур, таваҷҷуҳ ба ин риштаи зебои варзиш аз пештара дида бештар гашт. Бо иқдоми раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамасола доир намудани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии миллӣ дар пойтахти кишвар ба ҳукми анъана даромад ва барои ҳаводорон ин иқдом иди ҳақиқӣ буд.
Сарахон Эмомов, директори иҷроияи Федератсияи гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, гуфт, ки пас аз ин иқдомҳои роҳбарияти олӣ ва раиси Федератсияи гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” таъин гардидани Лоиқ Бегиҷонзода гӯштӣ рушди бесобиқа касб кард. Хушбахтона, имрӯз ин ришта мақоми байналмилалӣ дорад.
ЛИБОСИ ЯГОНА ВА ҚОИДАҲО
– Шарти муҳими байналмилалӣ намудани дилхоҳ риштаи варзиш доштани либоси ягона ва қоидаҳо мебошад. Гӯштии миллии мо бо вуҷуди таърихи қадима доштанаш либоси ягона ва қоидаҳои муайян надошт. Барои интихоб намудани либоси ягона аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷалби тарроҳҳон, таърихшиносон ва фарҳангшиносони машҳури кишвар озмун эълон гардид. Барои интихоб қариб 20 намунаи либос пешниҳод шуд. Тарҳи интихобгашта яктаи рангҳои сабз ва сафед буда, гиребони он новобаста аз рангаш дорои шерози сурх мебошад. Камарбандон сурх аст. Шалворҳои гӯштингирон ранги сафед мебошад. Гӯшаҳои чап ва рости пеши либос бо Парчами миллӣ ва рамзи Федератсияи гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” оро дода шудаанд. Дар пушти яктак бо ҳарфҳои англисӣ “TJK” ҳамчун рамзи Тоҷикистон навишта шуда, дар зераш тоҷ ва 7 ахтар акс ёфтааст. Дар миёнбанд ва шим низ, рамзи Федератсия дарҷ шудааст, – иброз дошт Сарахон Эмомов.
Ӯ афзуд, ки либоси интихобгашта инъикосгари таърихи ниёгони мо ва рамзҳои давлатӣ мебошад. Ранги сафед рамзи музаффарияту иқболи варзишӣ ва саодату сарфарозист, ранги сабз рамзи сарсабзии миллат, оғози мавсими нави мусобиқаҳо гуфта мешавад, ки ҳамакнун ин ду ранг дар тамоми мусобиқаҳои гӯштини миллии кишвар ва мусобиқаҳои байналмилалӣ дар тани иштирокчиён ҷило хоҳад дод.
Лозим ба зикр аст, ки либосҳои гӯштингирӣ дар Тоҷикистон омода мешаванд. Яктакҳоро ширкати “Amid”, ки дар вилояти Суғд ҷойгир аст, истеҳсол менамояд. Пас аз байналмилалӣ шудани ин риштаи варзиш ширкат метавонад дар сатҳи байналмилалӣ барояд.
Абдулло Сайдхоҷаев, котиби генералии Федератсия, зикр кард, ки қоидаҳои байналмилалии гӯштингирӣ қабул гардида, ҳоло бо забонҳои тоҷикию рӯсӣ нашр шудааст. Ба наздикӣ бо забони англисӣ низ, интишор мешавад.
РАМЗИ ФЕДЕРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Бо ҷалби тарроҳон ва таърихшиносон рамзи (логотип) Федератсияи байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» кашида шуд. Он даврашакл буда, дар гирди он IGF INTERNATIONAL GUSHTINGIRI FEDERATION навишта шудааст. Дар дохили он рангҳои кабуд, зард, сиёҳ, сурх ва сабз дар шакли доира тасвира гаштаанд, ки рамзи қитъаҳои оламанд.
Дар рамз тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки аз таърихи куҳан доштани тоҷикон шаҳодат медиҳад. Дар маркази «Дирафши Ковиён» шери болдор ҳамчун рамзи қудрат ва нерумандӣ дар рӯи осмони кабуд инъикос ёфтааст. Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар пасманзари он глобус нақш ёфтааст. Яъне, рамзи Федератсияи байналмилалӣ хусусияти сирф миллӣ дорад.
МАҚСАДИ АСОСӢ РОҲ ЁФТАН БА БАРНОМАИ БОЗИҲОИ ОСИЁӢ
– Бо супориши Сарвари давлат то соли 2024 бояд намояндагиҳои Федератсияи байналмилалии гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” дар 30 давлати дунё кушода шаванд. Зеро тибқи талаботи Шурои олимпии Осиё агар мо 30 давлатро дар бар гирем, метавонанд гӯштингириро дар барномаи Бозиҳои осиёӣ шомил намоянд. Бар асоси нақшаи тарҳрезишуда, мақсади асосӣ дар солҳои наздик шомил намудани гӯштингирӣ ба Бозиҳои осиёӣ мебошад, – қайд намуд Сарахон Эмомов.
Ба гуфтаи ӯ, корро дар самти муаррифии бештари ин намуди зебои гӯштин, аллакай, оғоз намудаанд. Ҳоло дар Федератсияи Россия, кишварҳои Қазоқистон, Туркманистон, Ҳиндустон ва Эрон намояндагии Федератсияи гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” таъсис ёфтааст.
Гузашта аз ин, тибқи дархости кишвари Болгария, гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” дар қатори дигар намудҳои гӯштин дар фестивали ҷаҳонии гӯштингирӣ, ки ҳар ду сол мегузарад, ҳамроҳ мешавад. Яъне, гӯштини тоҷикӣ дар барномаи Бозиҳои Балкан шомил мешавад. Дар робита ба ин, намояндагони расмии Бозиҳои Балкан дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми пойтахт, ки бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад, ширкат мекунанд ва бо онҳо қарордод ба имзо мерасонем.
ТАЪСИСИ ФАКУЛТЕТ ВА ҚАБУЛИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ
Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, дар суҳбат иброз дошт, ки ба ифтихори байналмилалӣ гардидани гӯштини миллии тоҷикӣ дар заминаи кафедраи гӯштини миллӣ дар Донишкада факултети гӯштини миллӣ таъсис дода мешавад.
– Гӯштини миллӣ, аз ҷумлаи варзишҳои дӯстдоштании халқи тоҷик мебошад, аз ин рӯ, итминон дорем, ки довталабони ин факултет дар соли таҳсили нав зиёд хоҳанд шуд, – гуфт ректор.
Ба иттилои Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, барои боз ҳам оммавӣ намудани гӯштини миллӣ дар миёни аҳолӣ Барномаи давлатии рушди гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул мегардад. Лоиҳаи Барнома омода буда, рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад.
БОЗОМӮЗИИ ДОВАРОН
Пас аз оне, ки гӯштӣ байналмилалӣ шуд, тайёр намудани доварони дараҷаи байналмилалӣ шарти муҳим мебошад. Барои омода кардани доварон корҳои муайян анҷом дода шуданд. Пеш аз оғози мусобиқаҳои байналмилалӣ барои ҳакамони хориҷӣ курсҳои омӯзишӣ доир мегарданд. Аллакай, ин дар се марҳила гузашт.
Тибқи нақшаи кории Федератсия, бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав дар ҳайати доварон 21-24 феврали соли 2023 дар қароргоҳи Федератсия ва толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов курсҳои бозомӯзии доварони ҷавон сурат гирифт, ки дар он хоҳишмандон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Ҳакамони ҷавон пас аз машғулиятҳо соҳиби сертификат гардиданд.
МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАРПЕШИСТОДА
Тибқи иттилои Абдулло Сайдхоҷаев соли ҷорӣ дар кишвар чор чорабинии сатҳи баланд – Мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯз (Душанбе), Чемпионати Осиё бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ (Душанбе), Чемпионати ҷаҳон бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ (Душанбе) ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд) баргузор мегардад.
Тибқи нақша, бояд дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ, мусобиқаҳои байналмилалӣ доир гарданд.
Ба маълумоти Хуршед Ибайдуллоев, сармураббии тими мунтахаби кишвар оид ба гӯштингирӣ, барои муайян намудани ҳайати тими мунтахаб аз 2 то 3 март дар кишвар Чемпионати Тоҷикистон баргузор мегардад. Аз рӯйи ҳафт вазн ғолибон ва ҷоизадорон интихоб гардида, барои мусобиқоти байналмилалӣ омода мешаванд.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.03.2023 №: 46
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)