ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА”. ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ ФАЪОЛИЯТ

“ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА”. ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ ФАЪОЛИЯТ

09 феврал 2024, Ҷумъа
34
0


Бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тавассути роҳандозии пресс-тур як гурӯҳ журналистон аз бинои наву замонавии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” дидан карданд, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст. Имкониятҳои нави Муассисаро директори “Телевизиони Сафина” Носир Саид муаррифӣ кард.
Журналистон, ки зери роҳбарии раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода ташриф оварданд, бо шароити бинои нав шинос шуда, дар рафти сабти барномаҳо иштирок ва муҳити кории ҳамкасбонашонро аз наздик диданд. Ростӣ, бинои нави “Телевизиони Сафина” ҳам зоҳиран ва ҳам аз дохил зебову назаррабо бунёд шуда, барои эҷодкорон завқу шавқи корӣ мебахшад. 
Тибқи маълумот, эъмори иншоот моҳи июли соли 2022 оғоз ёфта, корҳои сохтмонӣ, қабл аз ҳама, бо назардошти талаботи соҳавӣ,  бо ҷалби 200 бинокор ба сомон расид. Намои берунаи иншооти нав бо тарҳ ва шакли муосиру замонавӣ ба пойтахт ҳусни дигар мебахшад. Он дар масоҳати 8 ҳазору 600 метри мураббаъ қомат афрохта, бинои асосӣ аз панҷ ошёна бо таҳхона ва ду бинои алоҳидаи дигари бо ҳам пайваст иборат аст. Бинои дуюм сеошёна буда, таҳхона дорад. Бинои сеюм (дуошёна) бо назардошти таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ бунёд гардид.
Дар бинои нави Муассиса барои сабту пахши барномаҳо ва оростани мусоҳибаҳо 8 студияи муҷаҳҳаз фаъол мебошад. Аз ҷумла, студияҳо барои барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ ва барномаи  “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон” ташкил гардида, саҳнаро бо диду нигоҳи тоза оро  додаанд. Бавижа, барои пахши мустақими барномаи иттилоотӣ-таҳлилии “Навид”, ки ҳамарӯза ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба эфир мебарояд, имконоти зарурӣ фароҳам аст. Ҳамзамон, дар студияҳои мазкур таҷҳизоти наву замонавии наворбардорӣ, дастгоҳҳои марказии идоракунии ҷараёни сабти навор ва овоз насб шудаанд.  Дар баробари ин, дигар барномаҳои телевизион низ минбаъд дар студияҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз сабту пешниҳоди бинандагон мешавад. Ҳамчунин, дар саҳни бинои Муассиса барои сабти мавсимии барномаҳо  майдони махсус бунёд ёфт. 
– Зарфияти дигари бинои нав он аст, ки дар ин ҷо студияи алоҳидаи виртуалӣ ташкил гашта, бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мебошад. Камераҳои студия ба таври фосилавӣ идора гардида, технологияи нав, хромакей (пардаи сабз) имконият медиҳад, ки  мувофиқи талаботи барнома, дар реҷаи воқеии вақт саҳнаву ороиши он иваз шавад. Дастгоҳҳои студияи виртуалӣ истеҳсоли ширкатҳои маъруфи ИМА  буда, барои таҳияи барномаҳои ҷолиб ва мувофиқ ба талаботи тамошобини имрӯз мусоидат хоҳанд кард. Ин шеваи корбариро дар маъруфтарин шабакаҳои телевизионии олам васеъ истифода мебаранд, – изҳор дошт Носир Саид.
Дар баробари ин, Муассиса барои сабти барномаҳои консертӣ, таронаҳо ва муаррифии ҳунару истеъдоди санъаткорон студияи алоҳидаи барҳаво бо тамоми шароит, аз қабили дастгоҳҳои муосири сабт, равшанидиҳӣ ва саҳнаҳои зебову мунаққаш, дорад. Таронаҳо бештар дар барномаи фарҳангии “Фазо”, ки идеяи Носир Саид аст, сабт мешаванд.
Бар замми студияҳои замонавӣ ва дастгоҳҳои пуриқтидори соҳавӣ, дар иншоот 63 ҳуҷраи барҳавои корӣ мавҷуд буда, дар онҳо барои фаъолияти рӯзноманигорон, муҳаррирон, танзимгарон ва ҳайати техникӣ шароити зарурӣ фароҳам аст. Ҳар идора танзимгоҳ ва ҳуҷраи сабти овоз дорад.  
Тарҳ ва намои берунаву дохили бинои нави "Телевизиони Сафина"-ро бо диду нигоҳи тоза ва дизайни замонавӣ оро додаанд. Аз ҷумла, иншоот дорои лифт ва роҳравҳои барҳавою зебост. Ҳамчунин, иншоот китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва ошхонаи барҳаво дошта, дар он ҳуҷраҳои алоҳидаи наттоқон ва пардозгарӣ ташкил гаштаанд. Иншоот ба системаи шаҳрии гармидиҳӣ низ пайваст аст.
Варзиш дар баробари омили ҳифзи солимӣ будан, ҳамчунин, василаи зебоӣ ҳам ҳаст, аз ин рӯ, дар Муассиса толори варзиш бо таҷҳизоти муосири машқу тамрин ташкил ёфт. Вақтҳои холӣ кормандон метавонанд, ки ба хотири пешбурди тарзи ҳаёти солим аз он истифода баранд. Ҳамчунин, бо қомат афрохтани бинои нав, маъмурияти Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ҳадаф дорад, дар оянда шабакаи радиои “Сафина”-ро ифтитоҳ намуда, барои шунавандагон барномаҳои ҷолиб ва хабару гузоришҳои дақиқу саривақтӣ пешниҳод созад.
Бо истифода аз шиша ва дигар маҳсулоти баландсифати сохтмонӣ оро додани бино ҷолиб буда, дар саҳни ҳавлии Муассиса фаввораҳои зебо ҷойгиранд. Хусусан, шомгоҳон иншооти мазкур зинати дигар дорад, зеро ҳудуди он бапуррагӣ ҷароғону тарҳи зебои он муосиру замонавист.
Боиси тазаккур аст, ки бинои нави Муассиса бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ифтитоҳ ёфт.
Носир Саид ва Зинатулло Исмоилзода барои фароҳам овардани имконоти мазкур, ки таҳияи барномаҳои ҷолибу диданиро суръату сифат мебахшанд, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.02.2024 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив