ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 2037. ТОҶИКИСТОН БА КИШВАРИ САБЗ МУБАДДАЛ МЕГАРДАД

2037. ТОҶИКИСТОН БА КИШВАРИ САБЗ МУБАДДАЛ МЕГАРДАД

12 феврал 2024, Душанбе
91
0

 
... Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037, воқеан, ба “кишвари сабз”  табдил меёбад. Ҳоло кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037 таҳия ва қабул гардидааст. Стратегия барои 15 соли минбаъда бо дарназардошти принсипҳои умумии амалисозии “иқтисоди сабз” таҳия шуда, нақшаи чорабиниҳои он дар 3 марҳала  амалӣ мегардад. Маҳз амалишавии самараноки тадбирҳои Стратегияи мазкур имкон медиҳад, ки соли 2037 Тоҷикистон ба “кишвари сабз” табдил ёбад. Иҷрои ин ҳадаф масъулияти баланди мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорону аҳолии мамлакатро тақозо менамояд.  Дар Стратегия ба тадбирҳои гузарондани ислоҳоти институтсионалӣ, истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти “иқтисоди сабз” таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст. 
Раванди “иқтисоди сабз”, ки дар ду даҳсолаи охир ташаккул ёфтааст, ҳамоҳангсозии мутаносиби се ҷанбаи рушд – иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро бояд таъмин намояд.  Вобаста ба ин, “иқтисоди сабз” раванди рушди устувор мебошад ва ҳадафи асосии он таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва мувозинати экологӣ дар давраи дарозмуддат буда, истифодаи самараноки захираҳои табииро таъмин менамояд. 
Тоҷикистон дорои захираҳо ва имкониятҳои зиёд барои рушди “иқтисоди сабз” буда, аз кӯҳҳои баланд, табиати нотакрор, обҳои мусаффо ва манбаъҳои барқароршаванда иборат мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, неруи барқ дар кишвар, асосан, аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад. Дар ин раванд, гидроэнергетика манбаи асосии таъмини аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ бо энергия мебошад.
Иқлими Тоҷикистон бо мавҷудияти 280-330 рӯзи офтобӣ ва 2000 кВт/м2 шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар як сол барои истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун сарчашмаи аз рӯи аҳамият дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда хеле мусоид мебошад, ки ин дар қиёс бо кишварҳои пешқадами энергияи офтобиро васеъ истифодабарандаи Аврупо ду маротиба зиёд аст. Тибқи ҳисобҳои коршиносон, иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 млрд кВт/соат дар як солро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад аз рӯи истифодаи иқтидори тавлиди неруи барқ аз манобеи таҷдидшаванда дар ҷаҳон мақоми чаҳорумро ишғол кунад ва ба содиркунандаи азими неруи барқ дар минтақа табдил ёбад.    
Рушди “иқтисоди сабз” дар пайвастагӣ бо ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул амалӣ мегардад. 
Дар ташаккул ва тараққиёти “иқтисоди сабз” захираҳои обии кишварамон саҳми босазо мегузоранд, яъне рушди гидроэнергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз имкониятҳои васеи расидан ба «иқтисоди сабз» мебошад. 
Масъалаи дигари муҳим боло бурдани маърифати экологии шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Дар ин самт мо бояд пеш аз ҳама ба кабудизоркунӣ ва кам кардани партовҳо чораандешӣ намоем. Дар давоми даҳсолаҳои охир миқдори зиёди партовҳои саноатӣ, комплекси агросаноатӣ ва партовҳо баъди истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ҷамъ шудаанд. Қисми зиёди ин партовҳо заҳрнок ва баъзеи онҳо радиоактивӣ мебошанд. Вобаста ба рушди саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ барои соҳаҳои коркарди Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди партовҳои саноатӣ ба вуҷуд меоянд, ки дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ онҳоро идора ва коркард намудан зарур аст.
Бо мақсади тақвияти маърифати экологию баробарҳуқуқӣ дар ин самт,  баҳри таъмини муносибати эҳтиёткорона ва ҳифзи муҳити зист, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиию таблиғоти ҳадафҳои экологӣ дар кишвар ҳуҷҷатҳои барномавӣ, аз ҷумла Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, роҳандозӣ гардид. Дар доираи он то 1-уми январи соли 2022 бо истифода аз маблағҳои давлатӣ, шарикони рушд ва дигар сарчашмаҳо дар ҳаҷми 443,8 ҳазор сомонӣ чорабиниҳо амалӣ гардиданд. Дар баробари ин, бо мақсади ворид намудани масъалаҳои тағйирёбии иқлим ба модулҳо (дастурҳо)-и омӯзишии мавҷуда ё банақшагирифташуда ҷиҳати омодагӣ ба ҳолати фавқулода (аз ҷумла, ҳароратҳои паст ва баланд, обхезӣ, хушксолӣ) барои гурӯҳҳои осебпазир, хусусан занон ва кӯдакон, тадбирҳо роҳандозӣ шуданд. 
Бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар, воситаи муҳими таъмини рушди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон ин ташаккули тафаккур ва маърифати экологӣ мебошад. Зеро ташаккули фарҳангу маърифати экологӣ дар кишвар ва таъмини самаранокиву сарфакоронаи истифодаи қувваи барқ, об ва дигар захираҳои табиӣ муҳим аст. 

О. П. УЛУҒОВ, 
мудири кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ,
И. С. ФАСЕҲЗОДА, 
директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии АИДНПҶТ

Санаи нашр: 12.02.2024 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив