ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИТУС. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

ШАҲРИТУС. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

01 март 2023, Чоршанбе
47
0
 
Рушди иқтисодию иҷтимоӣ, бартарафсозии масъалаҳои ҳалталаб ва таъмини зиндагии беҳтар барои ҳар як сокин аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар ноҳияи Шаҳритус анҷом дода шуданд.
 
ТАРАҚҚИЁТИ МУТАНОСИБ ТАЪМИН АСТ
– Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани ноҳия, – зикр кард раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор, – аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, кӯшиш менамоем, ки ба боварии Сарвари ғамхори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор фаъолият карда, саҳми худро дар гулгулшукуфии як гӯшаи диёр бигзорем. Дар ин росто, дар радифи дигар тадбирҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2021 – 2025-ро мавриди корбурд қарор додаем. Он аз 94 лоиҳа ба маблағи 151 миллиону 589 ҳазор сомонӣ иборат мебошад. Барои иҷрои Барномаи мазкур аз тамоми сарчашмаҳои дохилӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид истифода бурда мешавад. Дар ин давра дар соҳаҳои кишоварзӣ 10 лоиҳа, саноат – 6,  сохтмон – 10,  маориф – 14, тандурустӣ – 12, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш – 18, хоҷагии  манзилию коммуналӣ– 4, таъминот бо оби нӯшокӣ – 2, барқтаъминкунӣ – 10, нақлиёт ва хоҷагии роҳ – 5, ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 3 лоиҳа амалӣ гардидааст. Иҷрои лоиҳаҳои Барномаи зикршуда дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба 43,1 дарсад баробар аст.
 
ИҶРОИ НАҚШАИ БУҶЕТ
Ҳаҷми умумии даромади буҷет дар соли 2022 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 107 дарсад таъмин гашт. Ба ҷойи 56 миллиону 78 ҳазору 830 сомонӣ, 58 миллиону 812 ҳазору 366 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 2  миллиону 733 ҳазору 534 сомонӣ зиёд мебошад.
 
САРМОЯГУЗОРӢ
Мувофиқи маълумоти бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ноҳия панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ  амалӣ  мегардад, ки маблағи умумии азхудшуда 667 ҳазору 600 доллари ИМА, аз он ҷумла лоиҳаи “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳлили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ” ба маблағи 179,8 ҳазор доллари ИМА”, лоиҳаи  “Мустаҳкам  намудани  инфрасохтори  муҳим, ҷиҳати   таъмини  устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ”, “Лоиҳаи фавқулода  бар зидди бемории COVID-19” ба маблағи 162 ҳазор доллари ИМА,  лоиҳаи “Рушди  иқтисодиёти деҳот” ва лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар ноҳия” ба маблағи 325,8 ҳазор доллари ИМА.
 
САНОАТ
Соли 2022 саноатчиёни ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатро ба 333 миллиону 794  ҳазору 500 сомонӣ расонданд, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ 120,4 дарсадро ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 59 миллиону 234 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар ин давра 12565,1 тонна нахи пахта, 8112,5 тонна (113,3 фоиз) нон ва маҳсулоти нонӣ, 1125 ҳазору 900 дона (100,4 фоиз) хишти сементӣ ва 739,1 тонна (100,3 фоиз) гӯшт истеҳсол шуд.
 
СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Дар ҳудуди ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар дар самти татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати мамлакат – Саноатикунонии босуръати кишвар нуҳ корхонаву коргоҳи нави саноатӣ сохта ба истифода дода шуд. 
Айни ҳол сохтмони биноҳои истиқоматӣ, маъмурию маишӣ, таълимӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҷараён доранд. Чунончи, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  №№11, 14, 18 ҳар яке барои 240 ҷойи нишаст дар як баст, бинои нави таълимӣ барои 160 ҷойи нишаст дар деҳаи Айвоҷ, бинои нави таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар як баст дар деҳаи Олтинсой, майдончаи варзишии замонавӣ дар деҳаи Чоршанбе, корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои асбестӣ ва маҳсулоти пластикӣ дар деҳаи Лолазор, корхонаи коркарди сангу шағал дар деҳаи Қаҳрамон, сехи дӯзандагӣ барои 100 ҷой бо ҷойгиркунонӣ дар ошёнаи якум маркази хизматрасонӣ ва мағозаи сетабақа дар кӯчаи И. Сомонии Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус,  маркази хизматрасонии дуошёна дар кӯчаи Н. Хусрави ҳамин ҷамоат, сехи дӯзандагӣ, сартарошхона ва дорухона дар Ҷамоати деҳоти Т.Садриддинов, ҳаммом ва муассисаи томактабӣ барои 50 кат дар деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров, маҷмааи хизматрасонии сеқабата дар деҳоти Обшорон ва ғайра.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таъмири 327 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар 12 моҳи соли 2022-юм 58 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 95 ҷойи нави кор таъсис ёфт.
 
КИШОВАРЗӢ
Соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1 миллиарду 204 миллиону 916 ҳазор сомониро ташкил дод (105,4 фоиз), ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 61 миллиону 415  ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад.  
Дар давраи ҳисоботӣ 8668,6 тонна гӯшт, 15420,7 тонна  шир,  4 миллиону 520 ҳазору 500  дона тухми мурғ истеҳсол шуд, ки ҳамагӣ аз нақша зиёданд. 
 
ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ  МАРОСИМ
Дар ноҳия 7 комиссияи доимӣ ва 60 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1055 тӯйи домодию арӯсӣ, 84 маросими чил, 79 маросими сол баргузор шудааст. Хароҷоти умумии онҳо ба 2 миллиону 909 ҳазору 875  сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 380 маърака ва маблағҳои масрафшуда 888 ҳазору 527 сомонӣ кам мебошад.  
Дар давраи ҳисоботӣ  12 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳашт ҳолат ба маблағи 73 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ сурат гирифта, як ҳолати он дар марҳилаи баррасии судӣ қарор дорад. Дар ин давра аз 12 ҳолати қонуншиканӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ пешгирӣ шудааст. 
 
Зокири МУРОДИЁН,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.03.2023 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив