ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

13 феврал 2024, Сешанбе
70
0


Кадрҳои тиббӣ ду баробар афзуданд
«Норасоии кадрӣ дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон, ки солҳои қаблӣ зиёда аз 4 ҳазор нафарро ташкил медод, қариб ду баробар кам шуд», – изҳор дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ аз Тоҷикистон 274 табиб ба хориҷи кишвар ба кор рафт, соли 2022 ин омор 457 нафарро ташкил медод. Инчунин, беш аз 100 табиб аз хориҷа баргашта дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ фаъолият дорад.
Ба гуфтаи Ҷамолиддин Абдуллозода, имрӯз зиёда аз 22 ҳазор донишҷӯ дар донишгоҳҳо ва беш аз 68 ҳазор дар коллеҷҳои тиббии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Танҳо соли гузашта коллеҷҳоро қариб 15 ҳазор нафар хатм кард. Вазир таъкид намуд, ки дар сурати ҳозир шудани хатмкунандаҳо ба ҷойи кор мушкилии нарасидани мутахассисони соҳа пурра ҳал мегардад.

Лола РИЗОӢ


МАОРИФ
Агентии назорат камбудиҳои соҳаро ошкор намуд
Тибқи санҷиши Агентӣ маълум шуд, ки дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, сатҳи пасти касбию худомӯзии омӯзгорон, аз меъёри муқарраргардида зиёд додани сарборӣ, ба зиммаи омӯзгорони ғайриихтисос вогузор намудани соатҳои дарсии фанни технология (таълими меҳнат), суруд ва мусиқӣ, санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, фаъолияти донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба раванди донишазхудкунӣ монеа эҷод мекунанд.
Ин нуктаро Маҳмадтоир Саидзода, директори  Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Камбудии дигаре, ки ошкор гардид, таъмин набудани кабинету озмоишгоҳҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, нарасидани китобҳои фанни тахассусӣ бо забони давлатӣ, кам китоб хондани хонандагон ва пайваст набудани синфхонаҳои компютерӣ ба хатти интернет мебошад.
Маҳмадтоир Саидзода зикр кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сари вақт имтиёзҳои омӯзгорони ҷавонро таъмин намесозанд, ки ин боиси паст рафтани сифати таҳсил мегардад.
Ҳамчунин, хонандагон омодагии пешазмактабӣ намегиранд, зеро дар ҷумҳурӣ 76 дарсади кӯдакон аз барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ бархӯрдор нестанд.

Лола РИЗОӢ


ПАЛАТАИ САВДО
Намоишгоҳҳо муаррифгари молу маҳсулоти ватанӣ
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки Палата дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо дар ташкил намудани 67 Бизнес-форум ва Бизнес-миссияҳои доираи соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, 118 конфронс, семинару вебинарҳо, тренинг ва мизҳои мудаввар ҳам ба таври ҳузурӣ (офлайн) ва ҳам дар шакли маҷозӣ (онлайн) мусоидат намуда, иштироки аъзои худ ва соҳибкорони ватаниро дар кори онҳо таъмин кард.
Палата дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ  дар давлатҳои хориҷ ва шарикони рушд ҷиҳати ташкил ва таъмини иштироки ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 28  намоишгоҳи байналмилалӣ дар 14 давлати дунё, аз ҷумла Ӯзбекистон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Россия, Туркия, Италия, Корея, Озарбойҷон, Қатар, Британияи Кабир, инчунин, 6 намоишгоҳи дар ҷумҳурӣ  баргузоргардида мусоидат намуд. 
Ба гуфтаи Ҷамшед Ҷумъахонзода, ҷиҳати шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ бо мусоидати Палата зиёда аз 2100 нафар соҳибкор ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ аз намоишгоҳҳои хориҷӣ дидан намуда, дар бизнес-форумҳо ширкат варзиданд. 

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР  


СОДИРОТ
ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ БОЛО РАФТ
Соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти марбутаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи  содирот баргузор мегардад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ба хабарнигорон иттилоъ дод. 
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ташаббуси пешниҳодгардида дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тасмим гирифта шудааст, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе ин ҳамоиш дар сатҳи баланд баргузор шавад. Ҳадафи он муаррифӣ ва пешбурди содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи мамлакат, дарёфти бозор ва харидорони боэътимод, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои содироткунандагон ва ташкили марказҳои логистикӣ мебошад.
Чуноне хабар дода шуд, тибқи маълумоти оморӣ, соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ 8328,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, назар ба соли пешӣ 1019,4 миллион доллар ё 14 дарсад афзоиш ёфтааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарини гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба солҳои қаблӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 2448,8 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот шуд, ки дар муқоиса ба соли 2022-юм 14,3 дарсад бештар аст.

Кароматулло АТО


НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Аввалият ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ 
Зимни нишасти матбуотӣ Сиҷоуддин Саломзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта қисми даромади буҷет 108,4 дарсад иҷро гардида, 240 миллион сомонӣ ба он ворид гардид, ки нисбат ба нақша 18,6 ҳазор сомонӣ ва қиёс ба ҳамин давраи соли 2022-юм 40 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷет 164 миллион сомониро дар бар гирифт. 
Мавсуф тазаккур дод, ки музди миёнаи меҳнат ба 1956 сомонӣ баробар буда, аз соли пешин 179 сомонӣ зиёд аст. Тибқи иттилои масъулон қарздории музди меҳнат дар ноҳия вуҷуд надорад. 
С. Саломзода, ҳамчунин, гуфт, ки ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии сокинон, аз ҳисоби ҷамъи манбаъҳо 3668 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. 
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,5 миллиард сомонӣ расидааст, ки аз соли пеш 116  миллион сомонӣ зиёд аст. Ӯ иброз дошт, ки то кунун дар ноҳия бо ҷалби соҳибкорон 30 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, пойафзол, ресандагӣ, коркарди пӯст, маҳсулоти ширӣ, ҳасиб, орду макарон ба нақша гирифта шуда, дар соли 2023-юм 4 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 165 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Суннати СОДИҚ


НОҲИЯИ РӮДАКӢ
292 ҳолати ғасби замин
Соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 292 ҳолати қонуншикании замин дар майдони 140,31 гектар муайян гардида, нисбат ба 213 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, иброз намуд.
Тибқи иттилои ӯ, 14 мавод оид ба қонунвайронкуниҳои замин бо маводҳои  заминсозӣ тибқи моддаи 104 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 1,81 гектар замин ба прокуратураи ноҳия барои додани баҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардид, 10 мавод ба суд барои рӯёндани ҷарима ба таври маҷбурӣ ва 45 гузориш ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуд. 
– Хушбахтона, имрӯз ҳолатҳои ғасби худсаронаи замин дар ҳудуди ноҳия бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли ҷамоат нисбат ба  солҳои қаблӣ хеле коҳиш ёфта, дар ин самт корбарӣ идома дорад, – гуфт Абдуғаффор Ҳикматуллозода.

Комрон САФАР


Таъсиси лабораторияи таълимии созтарошӣ  ва таъмири асбобҳои мусиқӣ
Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз соли 2023 дар Консерватория омӯзиш, таҳқиқ, таъмир ва таҷдиди созҳои мусиқӣ таъсис дода шудааст, ки он дар фаъолияти илмиву эҷодии донишҷӯён хеле ба маврид аст. 
Мавсуф тазаккур дод, ки яке аз дастовардҳои бузурги фаъолияти эҷодии Консерватория, ин иштироки зиёди донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватанаи азизи ман» мебошад. Дар он 1 нафар соҳиби шоҳҷоиза, 12 нафар соҳиби ҷойҳои якуму дуюм ва 12 нафар соҳиби дипломҳо гардиданд. Консерватория баҳри баланд бардоштани сифати дониши омӯзгорону таълими донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси сарояндагии академӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи Русия Виктория Носовская ва Вячеслав Олоховский дарси маҳорат баргузор намуд.
Раёсати Консерватория дар ҳамкорӣ бо Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишҳои студияи операвии донишҷӯёнро ба саҳнаи театр монда, манзури тамошобинон мегардонад, ки ин барои ба саҳнаҳои калон баромадани ҳунармандони ҷавон замина мегузорад.

Гулнисои САЪДОНШО


Теъдоди сайёҳон ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расид
Ба шарофати раванди созандагӣ солҳои охир теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар афзоиш меёбад, танҳо дар соли 2023 шумораи онҳо ба 1 миллиону 201 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба соли 2022-юм 201 ҳазор ҷаҳонгард зиёд аст, – гуфт Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар соли гузашта. 
Раис зикр намуд, ки нишондиҳандаи воридшавии гардишгарони хориҷӣ ба диёри мо дар соли 2023-юм дар сатҳи 96 фоизи нишондиҳандаи давраи пеш аз пандемия аст, дар ҳоле ки тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ба 90 фоиз баробар мебошад. Мувофиқи ҳисоби пешакӣ ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ММД дар соли рафта 3 фоизро ташкил дода, ба 3,9 миллиард сомонӣ расидааст. 
Ба гуфтаи К. Муминзод, ташрифи сайёҳон ба давлати мо аз 121 кишвари дунё ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, кишвари мо соли 2023 узви яке аз кумитаҳои ёрирасони СҶС СММ интихоб гардид, ки ин аз боло рафтани мавқеъ ва нуфузи кишвар дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ шаҳодат медиҳад. Имрӯз боиси ифтихор аст, ки кишвари мо соли 2023 дар Куала Лумпури Малайзия ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ»-ро ба даст овард ва аз нигоҳи амният, субот ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи радабандии солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажӯҳишгоҳи амрикоии «Gallup» дар байни 142 кишвари ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кард. 

Шаҳноз ҚУРБОН


ҲИСОР
Ҳаҷми содироти меваю сабзавот афзуд
Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва берун аз он, дар маҷмуъ, 7 ҳазору 524 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла  1115 тонна мева, 38 тонна полизӣ ва 119,1 тонна сабзавот содирот гардид. Аз рӯи нишондодҳо ҳаҷми содирот нисбат ба соли 2022-юм 950,6 тонна афзуд. 
Айни ҳол дар ҳудуди шаҳр барои парвариши сабзавот 13 гармхона дар майдони умумии 5,94 гектар, 59 гармхонаи лимӯпарварӣ дар масоҳати 3,38 гектар фаъолият доранд. Барои беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавот ва дар ҳамаи фаслҳои сол бо маҳсулоти тоза таъмин намудани бозори истеъмолӣ, соли гузашта дар шаҳраки Ҳисор ва деҳоти Навободу Хонақоҳи Кӯҳӣ се сардхонаи замонавӣ бунёд гардид. Заҳматкашон дар 42 сардхона, дар маҷмуъ, 9800 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангур 205 тонна, дигар намуди мева 1065, пиёз 2350, картошка 1000 ва 5180 тонна сабзӣ захира карданд. 

Ёқуби СОДИҚ


Занон ҳам барои тарбияи фарзандон алимент медиҳанд
12 зан, ки бо сабабҳои гуногун аз шавҳар ҷудо шудааст, барои нигоҳубини фарзандони ноболиғ ба шавҳар алимент медиҳад. Бештари онҳо бонувони муҳоҷире мебошанд, ки дар Федератсияи Россия фаъолият менамоянд ва парастории фарзандони хурдсолашон бар дӯши падар афтидааст. 
Ин нукта зимни нишасти хабарӣ дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд. 
Бунафша Файзиддинзода, раиси нави Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт: «Соли 2023 дар Тоҷикистон 76444 оила барпо шуд, мутаассифона, дар ин давра 10298 ақди никоҳ бекор ва 10085 кӯдак дар тарбияи яке аз зодмандон монд. Ҳарчанд бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба соли 2022-юм ҳудуди 3 ҳазору 578 адад кам бошад ҳам, дар парастории яке аз волидон мондани зиёда аз 10 ҳазор кӯдак нигаронкунанда аст». Бунафша Файзиддинзода тазаккур дод, ки на танҳо кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила, балки тамоми аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои пойдории оила, махсусан оилаҳои ҷавоне, ки кӯдакони ноболиғ доранд, талош варзида, бо панду насиҳат ва роҳнамоиҳои худ ҷуфтҳои ҷавонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми ҳамдигар, хусуру хушдоман ва дигар аъзои оила талқин намоянд, то пошхӯрии оилаҳо пешгирӣ карда шавад.

Лола РИЗОӢ


ВАРЗОБ
Ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ бештар мегардад
Иҷрои нақшаи даромади буҷети ноҳияи Варзоб дар соли гузашта бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 118,6 дарсадро ташкил карда, ба хазина беш аз 60,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки назар ба нақша зиёд аст. Зеро 14 корхонаи саноатии ноҳия ба маблағи зиёда аз 80,4 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид кард ва 474 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Бо зикри ин матлаб, зимни нишасти матбуотӣ, Хусрав Дамонзода, раиси ноҳия, шарҳ дод, ки дар соли 2023 аз мавзеъҳои истироҳативу таърихӣ 90 ҳазору 565 сайёҳ, аз ҷумла 10 ҳазору 509  меҳмони хориҷӣ дидан кард, ки назар ба соли пеш 49 ҳазору 908  сайёҳ бештар аст.
Ба иттилои раис, дар ноҳия 1000 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 110-тоаш оммавии мавсимӣ аст. Дар ноҳия 25 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳаст, ки онҳо дар Феҳристи давлатии  ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудаанд. Дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёди наздик ба 160 иншооти гуногунсамтро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 46-тои он бо шумораи 96 ҷойи кори доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сохтмони 49 иншоот идома дорад. 
– Имрӯзҳо сохтмони бинои  иловагии муассисаҳои таълимии деҳаҳои Шаршара, Қулписта ва  Суғдиёни Ҷамоати деҳоти  Айнӣ, муассисаҳои таълимии деҳаҳои Фанфароқ ва Дашти Ринҷонии деҳоти Варзоб-Қалъа  ва дар маҷмуъ, зиёда аз 70 синфхонаи иловагӣ  дар авҷ аст. Онҳо дар солҳои омодагӣ ба Ҷашни бузурги миллӣ ба истифода дода мешаванд, – иброз дошт Хусрав Дамонзода.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА 


ШАҲРИ ВАҲДАТ
Бунёди 808 иншооти ҷашнӣ дар назар аст
– Соли 2023 аз минтақаҳои истироҳатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри  Ваҳдат беш аз 50 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ  боздид намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 416 сайёҳ зиёд мебошад, – гуфт Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳр,  зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки дар шаҳр 269 иншоот ва 2 ширкати сайёҳӣ барои  қабули меҳмонон фаъолият менамоянд.
Ҳамчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳми сокинону соҳибкорон ва кормандони  ташкилоту муассисаҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони 808 иншооти гуногунсоҳа дар нақша аст. Аллакай, аз ҷониби  соҳибкорон, шахсони саховатманд ва дигар сарчашмаҳо 222 иншоот, аз ҷумла12 корхонаи саноатӣ, 20 иншооти тандурустӣ, 31 маориф, 2 варзиш, 72 маркази хизматрасонӣ, 9 бинои истиқоматӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. 
Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки давоми соли рафта дар ҳудуди шаҳр 2168 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки аз он 955 ҷойи доимӣ, 18 мавсимӣ ва 1195 муваққатӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки 114 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин ошкор гардид, ки дар қиёс нисбат ба соли гузашта 14 ҳолат зиёд мебошад. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 10 мавод ба прокуратура ва барои рӯёндани ҷарима 9 мавод ба суди шаҳр пешниҳод гардиданд.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА


ШАҲРИ РОҒУН
95 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
Сунъатулло Саидзода, раиси  шаҳри Роғун, дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2023 дар  шаҳр 95 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин дар майдони 4655,78 гектар ошкор гардида, қонуншиканҳо ба маблағи 55,7 ҳазор сомонӣ ҷарима гардиданд.

Инчунин, зикр гашт, ки  67 ҳолати қонунвайронкунӣ вобаста ба замин бартараф карда шуд.
Дар соли сипаригардида 183 шиносномаи  техникии ҳавлидорӣ ба корхонаҳо ва шаҳрвандон дастрас гардид, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 124 адад зиёд мебошад. Ҳамзамон, 198 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шуд. 
Барои тамошои шаҳри Роғун, ки ин ҷо Неругоҳи барқи обии “Роғун” сохта мешавад, 6121 сайёҳ ташриф овард, ки 704 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.
Зикр шуд, ки яке аз дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ тасдиқи «Барномаи маҳаллии рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» ба ҳисоб меравад. Барнома истифодаи самараноки имконият барои инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби сармоя дар ин самт, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ, хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳр ва дигар хизматрасонии сайёҳиро ба танзим медарорад.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА


ФАЙЗОБОД
Рушди кишоварзӣ дар мадди аввал
Мансур Каримзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар соли 2023 кишоварзон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони боғу токзори меваҳои бозоргиру содиротиро зиёд намуданд, айни замон дар ноҳия 6902  гектар боғу токзор мавҷуд аст. 
Зикр шуд, ки соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 451 миллиону  240 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли сипаригардида  46 миллиону 524 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 111,5 фоизро ташкил медиҳад. 
Ҳоло дар ноҳия 3 ҳазору 883 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Соли рафта 50,4 гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки аз нақша зиёд аст. Ҳамзамон, дар майдони 9410 гектар кишти зироат гузаронда шуд, ки 106,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар 3561 гектар ғалладонагиҳо, 2744 гектар гандум, 407,7 гектар зироати техникӣ, 2857,2 гектар хӯроки чорво, 718  гектар картошка ва 1017,3 гектар сабзавот кишт гардид. Нисбат ба соли 2022 кишти ҳамаи зироатҳо афзуд, танҳо кишти картошка 81,47 гектар кам гардид.
Истеҳсоли гӯшт ба 3351,2 тонна, шир ба 16206,1 тонна ва тухм ба 75 миллиону 588 ҳазор дона расонда шуд, ки нисбат ба соли пеш зиёд мебошад.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА

Санаи нашр: 13.02.2024 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив