ЁДҲОРО ЗИНДА МЕДОРАД, ҲУНАРРО АРҶ
Чунин ба назар мерасад, ки вақт низ суръаташро афзуда. Он чизе ки имрӯз хеле муҳим маҳсуб мешавад, фардо зуд аз лавҳи хотира зудуда гардад. Лек арзишҳое низ ҳастанд, ки бо гузашти солҳо қиматашон бештару бештар мегардад. Охири солҳои 90-и асри гузашта як гурӯҳ ҳамкасбонамон ба таърихи қариб якасраи театр ва анъанаҳои он хатти батлон кашиданӣ буданд. Раванди минбаъдаи воқеаҳо нишон дод, ки дастовардҳои театри ба ном шуравӣ заминаи муҳиме барои рушди минбаъдаи ин навъи санъат гардид. Замона собит сохт, ки имрӯзи театри мо бо гузаштаи худ сахт пайванд буда, анъанаву дастовардҳои он ҳамчун намунаи ибрат на танҳо баҳри ҳамзамононамон, балки пасояндагон низ, боқӣ хоҳад монд.
Нашри аввали китоби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова «Дар масири ёдҳо» ин ҳақиқатро бори дигар собит месозад. Асарро аз худи ходимони театр сар карда, то дӯстдорону алоқамандони он хеле хуб истиқбол гирифтанд. Дар меҳвари маҷмуаи мазкур симои ҳунармандоне қарор гирифтааст, ки, дар навбати худ, симои театри тоҷикро ташкил медиҳанд. Портретҳои эҷодӣ бо муъҷазии худ диққати касро ба худ ҷалб месозанд. Дар онҳо принсипи фактографии автобиографӣ ва, ҳамвора, тадқиқи санъатшиносӣ риоя шудаанд. Муаллиф бо як штрих портрети ҳунармандро хеле боварибахш офарида, бо чанд ифода ва ибораи нишонрас моҳияти эҷодии ходимони театрро мушаххас ва муайян месозад.
С. Азизова ҳамчун мутахассиси соҳа ба зарфиятҳои ҳунарии аҳли театр арҷ мегузорад. Ба навъи хеш, мақолаҳои муъҷази энсиклопедии муаллиф сухани охире дар васфи қаҳрамонҳои саҳна аст, ки дар саҳифаҳои таърих боқӣ хоҳад монд. Ду ҷиҳати муҳими нигоштаҳои мазкур диққати касро ба худ ҷалб мекунад: ин, нахуст, истеъдод ва қалами муаллиф, ки бо тозакорӣ касро мафтуни худ месозаду ҳоло орӣ аз қолабу клишеҳои нақди маъмулӣ мебошад ва дигар, ба сифати объекти тасвир интихоб шудани шахсиятҳои аз ҷиҳати мавқеъ ва мартабаашон дар ҳаёти театрӣ ангуштнамо. Маъмулан, аксари қаҳрамонҳои С. Азизова олами фониро кайҳо тарк намудаву дар олами улвӣ мавҷудияти хешро идома медиҳанд, аммо таъсири онҳо ба равандҳои ҳирфавӣ ҳанӯз ҳам, ба таври чашмрас эҳсос мешавад. Ин омил арзиши матолиби маҷмуаро ба мисли аксҳои нодиру фактҳои дақиқ ва то ҳол ноаёни ҳаёти саҳнавиву пасипардагии такситораҳо хеле боло бурдааст.
Маҳз аз ҳамин ҷиҳатҳо маҷмуаи нахустини портретҳои Саодат Азизова таҳти унвони «Дар масири ёдҳо» дар ҳаёти фарҳангии кишварамон аз истиқболи гарми хонандагон бархӯрдор гардид. Нияти неки муаллиф, ки тайи чанд соли охир шадидан ҷиҳати нигоҳ доштани хотираи театрӣ ҷаҳду ҷадали зиёд дорад, шояд яке аз сабабҳои асосии он бошад.
Бо ташаббуси С. Азизова дар кишварамон нахустин осорхонаи таърихии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ амал мекунад, ки аз лиҳози фарогирии мавод ганҷинаи нодири ҳунариро мемонад. Дигар, барномаи ҳамноми муаллиф дар телевизион аст, ки ҷиҳати тарғиби ҳунар кори бесобиқаеро ба сомон мерасонад. Саодат Азизова рисолати аслии хешро дар баробари офаридани нақшҳои ҷолибу хотирмон дар театр ва синамо дар нигоҳ доштани хотираи ҳунарӣ мебинад. Ҳунарпеша метавонист бо иҷрои нақшҳо дар саҳна хумори худро бишканад ва барои то дер гоҳ дар хотири мухлисон мондан дар филмҳо бозигарӣ намояд.
Нашри китоби дувуми силсилаи мазкур давоми мантиқии ҳадафи пешгирифтаи муаллиф ба ҳисоб меравад. Агар, аз як ҷиҳат, он амри маъмулӣ ва пешбинишаванда бошад, аз ҷониби дигар, он тамоман чеҳраи дигареро пешорӯи хонанда рӯнамо хоҳад кард. Дар ин муддат худи муаллиф хеле пеш рафта, маҳорати нигорандагиаш бамаротиб сайқал ёфтааст. Ба мисли адибони чирадаст аз ташбеҳу истиораҳои аҷиб истифода бурда натавонад ҳам, образноку пурҷозиба шудани нутқи хаттии муаллиф аз назар ниҳон нахоҳад монд. Як қатор портретҳои дар китоби дувуми ҳунарпеша ҷойдодашуда, намунаҳои хуби жанри мазкур дар нақди театрӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин, ҷаҳонбинии фарох ва таҷрибаи ғании ҳаётиву ҳунарии нигорандаи онҳо аён мегардад.
Мусаллам аст, матни хушку холӣ он эҳсосоту ҳаяҷонеро, ки ба он ҳунарпеша медиҳад, иваз карда наметавонад. Аз ҳамин аст, ки, аксаран, ба матни мунаққидон эроди зиёд мегиранд. Ба Саодат Азизова бошад, муяссар шудааст, ки на танҳо фактҳои тарҷумаиҳолии актёронро барқарор созад, балки бо маҳорати ба худ хос авзои замон, фазои муҳити эҷодӣ ва, аз ҳама муҳимаш, набзи саҳнаву нафаси зиндаи ҳунарваронро то ба хонанда бурда расонад. Ин хеле муҳим ва арзишманд ҳам ҳаст, зеро аксари он ҳунармандон дар қайди ҳаёт нестанду намоишҳои дар онҳо нақш офаридаашон аз саҳна кайҳо бардошта шудаанд. Барои дар ин сатҳ андеша рондан ва ба ин минвол қисса кардан, шахс бояд худ ба сатҳи муайяни маънавӣ расида бошад. Биноан, вақте матнҳои пур аз меҳри Саодат Азизоваро дар бораи устодон ва ҳамкасбонаш мехонед, ба дурустии онҳо эътиқод пайдо мекунед. Ӯ бо меҳру муҳаббати хос касбашро дӯст медораду театр машғулияти асосии зиндагиаш мебошад.
Китоби дувуми силсилаи «Дар масири ёдҳо» нишон медиҳад, ки муаллиф на танҳо дар интихоби қаҳрамонҳо хеле сахтгир аст, балки нисбат ба худ ва принсипҳои маънавиву касбиаш низ, дар ин кор гузаште надорад. Аз ҷиҳати сохт ва устухонбандӣ мақолаҳои маҷмуа одӣ ба назар расанд ҳам, муносибат ва баҳодиҳӣ дар ҳар кадоми онҳо фарқи куллӣ дорад. Қисмати воридотӣ ва ҷамъбастии аксари онҳо ба як шакл устухон шах кардааст, вале дар ҳар ҳолат матнҳо обуранги хосеро доро мебошанд. Ба қаҳрамони ҳар мавод ошиқ гаштани хонанда яқин аст, зеро худи Саодат Азизова дар бораи касоне, ки ҳунарашонро дӯст намедоранд чизе навишта ҳам наметавонад.
Тамоми ҳаёти бошууронаи С. Азизова сарфи хизмат ба даргоҳи муқаддасе бо номи театр гардидаву ин қисмати эҷодаш як давраи барои ҳунар хеле муҳимро баҳогузорӣ карда. Бешак, ӯ ҳаққу ҳуқуқи дар ин бора ҳукм бароварданро дорад!
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32