"САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА". ҶАШНВОРАЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО ШУКУФОН МЕКУНАД
Мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ моҳҳои феврал – апрели соли равон дар кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» доир мешавад. Ниҳодҳои дахлдор вазифадоранд, ки барои дар сатҳи баланд барпо кардани он мусоидат намоянд. Дар ин бора, сардори раёсати ҳамоҳангсозии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анушервони Абдухолиқ иттилоъ дод.
Айни ҳол мавсими ниҳолшинонӣ шуруъ гашта, Агентии хоҷагии ҷангал масъул аст, то оид ба намуди гулҳое, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ мерӯянд, маълумот пешниҳод карда, мавзеъҳои лолазори худрӯйро муайян созад. Инчунин, Иттифоқи рассомон муваззаф шуд, ки дар тамоми даврҳои фестивал иштироки рассомони ҷавонро таъмин кунад. Дар баробари ин, Иттифоқи дизайнерон бояд ба кори гурӯҳҳои кории фестивал, ҳакамон ва пешниҳодҳо оид ба баҳодиҳии композитсия ва дизайни иштирокдорони фестивал мусоидат намояд.
Тибқи Низомнома, даври якуми Фестивали «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳрак то 18-уми март ва даври дуюми он дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо то 25-уми март ҷамъбаст мегарданд.
Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ бояд то 1-уми апрел ғолибонро дар асоси санад, протокол, навори видеоӣ, албом бо маълумотнома ба комиссияи ҷумҳуриявии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод созанд.
Даври ниҳоии он 28-уми апрели соли равон ва маросими супурдани мукофотҳо дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ғолибон ва ҷоизадорон бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи рушди маҳал қадр мешаванд.
Боиси ёдоварист, ки «Сайри гули лола» шуруъ аз соли 2019 доир мегардад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилояти мамлакат мебошад.
Баргузории озмун дар эҳёи анъанаҳои ниёгон, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони мамлакат ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва, дар ин замина, рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
Лола зиёда аз 140 намуд дошта, дар Тоҷикистон 24 навъаш ҳамчун гули худрӯй вомехӯрад, ки 19-тои он ба “Китоби сурхи Тоҷикистон” дохил шудааст. Ҳафт намуди он ба гурӯҳи рустаниҳои эндемикӣ мансуб буда, танҳо дар қаламрави Тоҷикистон мерӯяд. Яъне, Ватани маҳбубамонро ба маънои томаш кишвари лолаҳо гуфтан мумкин аст.
Имрӯз сокинони Тоҷикистон бо эҳёи боз як анъанаи гузаштагони худ ба ҷаҳониён паём фиристода мегӯянд: “Тоҷикистон кишвари сулҳ, кишвари лолаҳо, кишвари ҳамаи гулҳост”. “Сайри гули лола” ҷашнвораест, пур аз ифтихори миллӣ. Гузашта аз ин, баргузор намудани он дар баробари бедор намудани ҳофизаи таърихӣ, боз моро водор менамояд, ки нисбат ба сарсабзу шукуфон намудани ҳар ваҷаб хоки Ватани азизамон саъю талош варзем.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.02.2024 №: 33