ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДИ МАКТАБИ СУЛҲОФАРИНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДИ МАКТАБИ СУЛҲОФАРИНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ

16 феврал 2024, Ҷумъа
31
0


Дар остонаи ҳазораи савум ҷомеаи ҷаҳонӣ ба марҳалаи комилан нави саршор аз зиддиятҳои фикрӣ ворид гардид, ки ин боис ба эҷоди зуҳуроти гуногун, аз ҷумла афзоиши ташаннуҷи сиёсӣ дар кишварҳо ва минтақаҳо, васеъ шудани ҷуғрофиёи ҳаракатҳои номатлубе чун ифротгароӣ ва амсоли ин шуд. Ба ибораи дигар, башарият дар оғози қарни бисту якум шоҳиди натиҷаҳои ниҳоии он таҳаввулоте гардид, ки аз нигоҳи мазмун ва раванди мантиқию ҷавҳарии худ бар асоси нақшаҳои муайян ва арзишҳои мушаххас таҳия ва ба меҳвари иҷро гузошта шуданд. Ин арзишҳо, пеш аз ҳама, таҷаддуд, гуногунандешӣ, инқилоби фаннӣ, нуфузи технологияҳои иттилоотӣ, фардгароӣ ва амсоли инро дар бар гирифтанд, ки, дар маҷмуъ, якранг набуда, аз як тараф, боиси пешрафту инкишофи паҳлуҳои мухталифи ҷомеа шуда бошанд, аз тарафи дигар, рӯйдоду зуҳури манфию ифротгароёнаи ҷаҳонишавиро ба қаламрави таърихи асри нав ворид намуданд. 

Дар қатори дигар кишварҳои олам, ин таҳаввулот ва тағйироти вазъи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон низ бетаъсир намонд ва дар оғози истиқлоли давлатӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фурӯ рафтани кишвар дар асл ба ҳамин раванд пайвастагие дорад, зеро тавре ҳамагон шоҳидем, ба чунин иттифоқот дар кишвари мо, пеш аз ҳама, ҳамон ҳизбу ҳаракатҳое сабаб шуданд, ки аз берун идора шуда, бозичаи дасти гурӯҳҳои сиёсии бегона гардида буданд. Маълум гашт, ки он ҳизбҳои аз берун идорашаванда аз ҳамон аввал қурбони ифротгароии бархе аз ҳаракатҳои сиёсии ҷаҳони муосирро нооромкунанда гардидаанд. 
Муҳимтар аз ҳама, бо ҳузури мунаввари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсати кишвар пеши роҳи ин ҳама ҷангу хунрезӣ гирифта шуда, кишвари азизи мо, воқеан аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Новобаста аз эътидоли вазъ дар Тоҷикистон ва минтақа, таъмини сулҳу субот бар асоси нуфузи ҷараёнҳои сиёсии ифротӣ дар ҷаҳони муосир бархӯрдҳои фикриву ақидавӣ идома ёфта, ҳатто боис ба гумроҳиву қурбонии гурӯҳе аз ҷавонон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ гардиданд. Бо ин ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мактаби бузурги сулҳофаринӣ ва талқингари ғояҳои таҳаммулпазирӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ дар шахсияти Пешвои миллат борҳо ба ин масъала руҷуъ намуда, ба аҳли башар гӯшрас намуд, ки бо ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбинии гуногун ва аз тариқи зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо на танҳо ба касоду шикасти иқтисод, балки фасоду харобазор гардидани давлатҳо хоҳад бурд. Мисоли равшани он низои Исроилу Фаластин, ҷанги беш аз сисолаи Афғонистон, ҷанги мазҳабии Ироқу Сурия ва низоъҳо дар мамлакатҳои Араб аст, ки то кунун башарият роҳи ҳалли онҳоро наёфтааст ва ҳанӯз ҳам новобаста ба эълони расмии анҷоми ҷанг дар ин минтақаҳо бархӯрдҳо ва ҳодисаҳои мудҳиши террористӣ идома доранд. Маълум аст, ки дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башар ҳар як миллат рисолати азалияшро анҷом дода, дар масири рушди он ҷойгоҳи хешро муайян месозад. Намунаи барҷастаи ин фарҳанги қадима ва ибратомӯзи миллати тоҷик аст, ки зуҳури он кохи пуршукӯҳи илму маърифатро таҳким бахшида, ҳамчун борони файзбахш ба рушду нумӯи маорифу маданияти олам нақши мунир гузоштааст.
Дар гаҳвораи тамаддуни тоҷик фарзонафарзандоне тарбия ва ба камол расидаанд, ки на танҳо сарзамини тоҷиконро ибодатгоҳи хирадмандон сохтанд, балки донишро ҷавшани хеш намуда, башариятро ба дунболи илму маърифат, фарҳанг, сулҳу оромӣ, инсонгароию таҳаммулпазирӣ ҳидоят кардаанд. Посдору пойдоркунанда ва идомабахши роҳи бузурги ин абармардон ва фарзандони асили миллат дар асри нав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд, ки айни замон корномаҳояшон аз ҷониби аҳли олам эътироф шудаанд. Дар марҳалаи ҳассос ва тақдирсоз ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидан худ масъулияти баланди мардонагӣ, мушкилнописандӣ, ватандӯстиву миллатпарастии эшонро бозгӯӣ мекунад. Маълум ва равшан аст, ки дар он вазъияти фоҷиабор дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани ин шахсияти ватандӯст худ ҳикоят аз матонату мардонагӣ, ватандӯстиву диловарии як фарзанди фарзонаи миллат мебошад. Дар рӯзномаи Иҷлосияи таърихии шонздаҳум бисёр масъалаҳои муҳими аввалиндараҷаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳи ҳалли худро ёфт. Сарвари нави тоҷикон Ватани худро аз хатари парокандагию нестшавӣ эмин дошта, ҳамагонро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ ҳидоят намуданд. Азму талошҳои пайгиронаи ин абармарди таърих самараи худро дода, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ тағйирот ворид гардид. 
Дар олами сиёсат ҳодисаи нодир ба вуҷуд омад, пеши роҳи ҷангу харобӣ гирифта шуда, қариб як миллион гурезаҳо аз дигар давлатҳо ва ҳамсоякишварҳо ба Ватан баргардонда шуданд. Ҳисси баланди хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ боло гирифта, сулҳ пойдор гардид. Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориҳо авҷ гирифт. Худшиносиии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ густариш ёфт. 
Фаъолияти Пешвои миллат бар пояи адолат бунёд ёфта, дар он ҷаҳонбинии илмӣ, фалсафӣ ва миллӣ бо ҳам омехта шуда, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, сулҳу бародарӣ, таҳаммулпазирӣ на танҳо ба шаҳрвандони худ, балки бо тамоми башарият манзур шудааст. Ин арзишҳои умумӣ ва бунёдии инсонӣ мебошанд, ки на танҳо ҳуввияти тоҷикӣ, балки ҳуввияти миллии дигар қавму халқҳоро низ дар тули таърих ҳифз намуданд. Ғояҳои дурбинонаи Сарвари давлат дар бораи фалсафаи сулҳ ва эҷоди мактаби сулҳофаринӣ метавонанд ба хотири бартараф кардани паҳлуҳои ихтилофовари ҷаҳонишавӣ нақши худро бозанд. 

Шоира МУҲАМЕДОВА,
Шаҳло МУҲАМЕДОВА,
устодони Донишгоҳи давлатии 
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Санаи нашр: 16.02.2024 №: 34
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив