ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАОРИФ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

МАОРИФ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

16 феврал 2024, Ҷумъа
78
0


Яке аз нуктаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, ин баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад, ки пайгирии ин масъала боиси сарфарозии мо – бонувон аст.

Имрӯз рушди тамоми соҳаро бидуни ширкати занону духтарон тасаввур кардан номумкин аст. Албатта, бо дастгириву ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми назаррасе пайдо намудаанду бо ифтихор фаъолият мекунанд. Боиси сарбаландиву сарфарозист, ки Сарвари маҳбуби давлат меҳнати мо – бонувону занонро қадр карда, ба қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафари мо қоиланд.
Бояд зикр намоем, ки ҳамасола 11-уми феврал бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии бонувону духтарон дар соҳаи илм эълон гардидааст. Он барои бартараф кардани монеаҳо ва кумак расондан ба занон, баробарҳуқуқии гендерӣ, эътироф ва саҳми бонувон дар рушди илм таъсис ёфт.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони кишвар, дар баробари мардон, бо ҳисси волои ватандӯстона, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолият карда, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкории хеш дар ободии Тоҷикистони азизамон саҳм мегузоранд. Гарчанде имрӯз занону мардон дар ҷомеаи мо баробарҳуқуқанд, аммо масъулияти занони тоҷик нисбати мардон бештару пештар аст.  Чун зани тоҷик қабл аз оне ки ба илм сарукор гирад, пеш аз ҳама, ӯро месазад, то вазифаи ҷонии худ – тарбияи дурусти фарзандонро иҷро намояд. Бо вуҷуди ин, занони мо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз мардон қафо набошанду дар ҷодаи илму маърифат пайроҳа меҷӯянд, гарчанде  ин ҳама масъулияти бузургро тақозо менамояд. Ҳамаи ин масъулияти зиёди зани тоҷикро Пешвои маҳбубамон ба инобат гирифта, нисбат ба занону бонувон пайваста ғамхориҳо зоҳир менамоянд. 
“Раванди баргузории озмунҳои ҷумҳу-риявӣ як нуктаи бисёр муҳимро собит менамояд: дар натиҷаи муносибати ҷиддии модарони мо аз байни духтарон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд ва мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем”, – зикр намуда буданд муҳтарам Сарвари давлатамон дар яке аз суханрониҳои хеш. Муддати панҷ соле, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар кишварамон доир гардид, танҳо соли аввали Озмун ғолиби “Шоҳҷоиза” ҷавонписар буд, он  се “Шоҳҷоиза”-и дигарро духтарон ба даст овардаанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки бонувону занон дар ҷодаи илм пешсафтаранд. 
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз дастоварҳои нодири истиқлол маҳсуб меёбад, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест. Бино бо тарҳи замонавӣ ва тамоми талаботи муосир муҷаҳҳаз гардонда шуда, он дар қалби пойтахтамон – Душанбеи нозанин ҷой гирифтааст. Имрӯз дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 500 нафар кор мекунад,  ки беш аз 70 дарсади  кормандони онро бонувону занон ташкил медиҳанд. Ин гуфтаҳо худ гувоҳи он аст, ки мавқеи занону бонувон дар системаи фаъолияти давлату давлатдорӣ сол ба сол устувортар мегардад. 
Мо – бонувони замони истиқлол, шукр аз он мекунем, ки имрӯзҳо даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба тасвиб расида, иҷрои он таҳти назорати  Пешвои миллатамон мебошад. Мо аз он ифтихормандем, ки Ҷаноби Олӣ мо занону духтаронро пайваста пуштибониву дастгирӣ мекунанд.
Пас, моро месазад, то сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ намуда, саҳми арзандаи худро барои шукуфоии ин миллату давлат бигузорем.

Фарзона МИРЗОЕВА, сардори Маркази забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллӣ

Санаи нашр: 16.02.2024 №: 34
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив