ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАВОҲИРОТИ БЕСИФАТ. АЗ БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН ТО ПОЙМОЛ ГАШТАНИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

ҶАВОҲИРОТИ БЕСИФАТ. АЗ БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН ТО ПОЙМОЛ ГАШТАНИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

02 март 2023, Панҷшанбе
56
0
Ҳар бори гузаштан аз назди бозори «Корвон» садои баланди заргарону тиллохарон ба гӯш мерасад, ки «тилло мехарем!» гӯён фарёд мезананд. Аз даъвати доимии онҳо бармеояд, ки хоҳишмандони харидуфурӯши тилло ва ё дигар маҳсулоти заргарӣ зиёданд. Вале, бо вуҷуди ин, эътимод ва боварии мизоҷон ба маҳсулоти заргарӣ кам аст. Далелҳои пешомада шубҳаро на танҳо нисбат ба тиллохарони назди бозор, балки ба сифати худи маҳсулот зиёд менамояд.
 
ЭЪТИМОДУ БОВАРӢ НЕСТ.  ЧАРО?
 
Дар мағозаи № 21-и бозори «Корвон» Нодира Усмонова, харидори маҳсулоти заргарӣ, аз ҷумла тиллою нуқра, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки қаблан дар бозорҳо тилло сифати беҳтар дошт, ҳоло бошад оҳанпорае беш нест. Ӯ бо ишора ба чалаю гӯшвор ва бо шубҳа нигаристан ба маҳаки (проба) тилло, гуфт, ки айни замон дар бозорҳо хавфи қалбакӣ сохтани маҳаки 585, 375 ва ғайраҳо ба мушоҳида мерасад, аз ин рӯ, эҳтиёт бояд кард.
Дар мағозаи дигари бозори мазкур дӯстдорони ҷавоҳирот чанд ҳолати бесифат будани ин номгӯи маҳсулотро пеш оварданд. Аз ҷумла, гуфтанд, ки нуқраи то 500 сомонӣ арзишдоштаро дубора фурӯхтан ғайриимкон аст, зеро дар муддати кӯтоҳ сифати худро гум мекунад. Ҳамчунин, дар баъзе чалаю гӯшвора тилло танҳо қисми болоии онро ташкил дода, боқимонда хокаи маъдани ғайриқиматбаҳо мебошад.
Аз рӯи мушоҳидаҳо, маҳсулоти заргарӣ дар бозорҳо аз маҳсулоти «Тоҷиккристалл» ва «Ақиқа» ба куллӣ фарқ мекунад. Ин ҷо нуқраю тилло мувофиқ ба имкони хариди мизоҷон пешниҳод гардида, тиллои бо ҳаҷми нисбатан кам ва нархи арзон, низ, сифати хуб дорад. Ҳар кадом аз ҷавоҳирот дорои тамғаи нишондоди ҳаҷми тиллою нуқра, маҳак ва  истеҳсолкунандаи он буда, дар нуқтаҳои тиллофурӯшии бозори «Корвон», мутаассифона, ин амал ба назар намерасад. Фурӯшанда фақат бо  бар кашидани тиллою нуқра дар тарозу ҳаҷм ва нархи онро муайян месозад, ки дуруст будани тарозуро низ, зери суол мебарад.
Маълумоти пешниҳоднамудаи раёсати таҳлили омори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, далели он аст, ки дар ҷумҳурӣ дар бозори маҳсулоти заргарӣ ҷавоҳироти бесифат ва қалбакӣ роҳ дода мешавад. Тибқи иттилои манбаъ, соли 2022 ба ҳудуди мамлакат  397 килограмм маҳсулоти заргарӣ ба маблағи беш аз 5 миллион доллари амрикоӣ ба таври ғайриқонунӣ ворид шудааст, ки он ҳангоми бақайдгирӣ дар хатсайри Душанбе – Истанбул ошкор гардид.
 
ТАҶҲИЗОТ ПЕШИ РОҲИ  ТАҚАЛЛУБКОРОНИ БОЗОРРО МЕГИРАД?!
 
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” дар ҷумҳурӣ  тамоми маҳсулоти заргарии ба кишвар воридшуда аз ҷониби Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молия санҷида мешавад. Нозироти иёргирӣ ҳама намуди ҷавоҳиротро иёр менамояд, аниқтараш софӣ ва холисии тиллою нуқраро муайян мекунад
Тавре Дилшод Саидзода, сардори Нозироти давлатии иёргирӣ, иброз намуд,  дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 декабри соли гузашта 576 субъекти дорои иҷозатномаи фаъолият дар самти муомилоти металлҳо  ва сангҳои қиматбаҳо, ҳамчунин, маҳсулоти заргарӣ ба қайд гирифта шудааст. Илова бар ин, барои сохтани маснуоти заргарӣ ба субъектони соҳибкорӣ аз тарафи Вазорати молияи ҷумҳурӣ шаҳодатнома дода мешавад ва соли сипаришуда 159 нафар, аз ҷумла 27 шахси ҳуқуқӣ ва 132 соҳибкори инфиродӣ, соҳиби шаҳодатнома гардид.
Номбурда таъкид дошт, ки дар бозори маҳсулоти заргарӣ, мутаассифона, воридот ва истеҳсоли ҷавоҳирот бо тамғаи қалбакӣ роҳ дода мешавад. Пешгирӣ накардани чунин вазъ ба муомилот ворид шудани маҳсулоти ба стандартҳо ҷавобгӯнабударо дучанд меафзояд, ки ин эътимоду боварии истеъмолкунандаро нисбат ба фаъолияти мақомоти танзимкунанда кам мегардонад. Муҳимтар аз ҳама, ҳуқуқи истеъмолкунандагон поймол шуда, фаъолияти ғайриқонунӣ аз назорати давлатӣ дур мемонад.
Агар, воқеан, воридоти маҳсулоти заргарӣ таҳти назорати қатъии масъулони дахлдор қарор дошта бошад, пас чаро дар бозорҳо ҳолати қалбакӣ ва бесифат паҳн шудани ҷавоҳирот коҳиш намеёбад?! Қалбакӣ будани тиллою нуқра аксар вақт аз ҳисоби маҳак ё худ иёр арзёбӣ мешавад. Зимнан нозироти иёргирӣ ҷиҳати пурзӯр кардани назорати давлатӣ  дар ҳамкорӣ бо маркази илмӣ-истеҳсолии шаҳри Санкт-Петербург таҷҳизоти муосир мехарад, ки он имконият медиҳад, тамғаи давлатии иёрдиҳӣ бо усули муосир босифат гузошта шавад. Таҷҳизот бо гузоштани тамғаи иёри давлатии вобаста ба пешрафти технологияи соҳавӣ ба тақаллубкорони бозори сиёҳи гардиши маснуоти заргарӣ барои рақобат роҳ намедиҳад. Яъне, ҳангоми санҷиши  маҳсулоти заргарӣ мутахассисони нозирот ва коршиносони мустақили ватанӣ минбаъд нисбат ба сохтакориҳои иёри гузошташуда, ки аз иёри давлатӣ ягон фарқе надорад, хулоса дода наметавонанд. 
 
САНГҲОИ ҚИМАТБАҲОИ СУНЪӢ  АРЗИШИ БАЛАНДТАР КАСБ МЕКУНАНД
 
– Пеш аз ҳама, дар вақти истихроҷи сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тиллою нуқра, усулҳои муайяни истихроҷ низ, бояд риоя карда шаванд, зеро дар аксар маврид, ҳангоми истихроҷи маъдан микротарқишҳо ба амал меоянд, ки онҳо ба сифати ҷавоҳирот таъсири манфӣ мерасонанд. Бар замми ин, дар бозори маҳсулоти заргарӣ сангҳои қиматбаҳои сунъӣ зиёд шудаанд, ки баъзан арзиши баландтар пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, вобаста ба баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳо мутахассисони гемологҳо бояд бештар корбарӣ намоянд, – изҳор дошт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. 
Тиллою нуқра, воқеан, аз  филизи гаронбаҳоанд, ки дар тули ҳазорсолаҳо дар ҷаҳон пайваста баҳои баланд доранд. Махсусан, тилло ҳамчун металли қиматбаҳо дар иқтисодиёти ҳар кишвар нақши хеле калон мебозад. Кишвари мо дорои захираҳои бузурги тиллою нуқра буда, коркарди ашёи хоми маъдан ва аз он тайёр кардани маҳсулоти ниҳоӣ, хоссатан маҳсулоти заргарӣ, аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф, ба амал омадани ҳолатҳои ғайриқонунӣ воридшавии маҳсулоти бесифати заргарӣ нуфузи кишвари тиллодоштаро коҳиш ва эътимоди аҳолиро ба ҷавоҳирот кам мегардонад. Аз ин хотир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ дар такя ба мақомоти дахлдори назоратӣ пешгирӣ аз паҳншавии ҷавоҳироти бесифатро муҳим арзёбӣ намуданд, ки умедворем, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молия вобаста ба масъалаи ҷойдошта тадбирҳои мушаххас меандешад. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.03.2023 №: 47-48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив