ВАТАНДОРӢ МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ АСТ
Шиори миллати тоҷик ҳамеша сулҳу осоиш дар дунё ва хайрхоҳиву некбинӣ ба ҳама қавму миллатҳо будааст. Сиёсати "дарҳои кушода"-и мамлакати мо имрӯз худ гувоҳи он аст. Таърих хуб медонад, ки тоҷик ҳаргиз шамшер бардоштаву ба сари кишвару халқе ҳуҷум наовардааст. Аммо хиради зотӣ ва сиришти инсонпарваронаву башардӯстонааш боис гардидааст, ки бо ҳама ҷабру зулми таърих ва аҷнабиён ин миллати некманиш ҳамеша қадру қимат, хираду одобу суннатҳои неки худро тавонистааст ҳифз кунаду маҳфуз дорад ва онҳоро аз байни обу оташи таърихи хунин то ба имрӯзи дурахшони соҳибистиқлолии худ бирасонад.
Бале, тоҷикон ҳаргиз миллати ҷангҷӯ набудаанду нестанд, аммо дар ҳолатҳои фавқулода барои ҳимояи марзу буми муқаддаси ин сарзамин ҳамеша аз байни мардуми бананги он қаҳрамонони шуҷое мисли Шерак, ки бо ақлу заковат ва ҷасорати бемисл тани танҳо як лашкари ғассоби душманро тавонист нобуд созад, бурун омадаанд. Ин ҷо метавон номҳои зиёдеро аз қаҳрамонҳои қадимаву асотирии ин сарзамин мисли Рустаму Сиёвушу Томирис, қаҳрамонҳои таърихии он мисли Спитамену Деваштич то ба қаҳрамонҳои асрҳои баъдина чун Муқаннау Абумуслиму Темурмалику Восеъ мисол овард, ки ҳама барои нангу номус ва шарафи ин халқу ин сарзамин ҷоннисориҳо кардаанд. Яъне, ин халқи хайрхоҳу некбин, дар вақти зарурат омода аст барои ҳимояи марзҳои муқаддаси худ ба по хезад.
Ҷолиб ин падида аст, ки дар сарзамини тоҷикон марду зан ватандору ватандӯст ҳастанд. Як далел ин аст, ки дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон мавзеъҳое бо номи Чилдухтарон вуҷуд доранд, ки аз таърих ба мо ёдгор мондаанд. Чилдухтарон онҳое буданд, ҳангоми ҳуҷуми душман ба шаҳру деҳоташон, дар вақти набудани мардҳо, либоси ҳарбӣ ба бар намуда, худро ба намуди ҷавонмардҳо ороста, ба ҳимояи Ватан хеста буданд. Ин қиссаест, аммо ҳар қиссае ҳам ҳақиқате дорад. Ва намунаи ҷоннисории мардонаи занонро дар ҳимояи марзу буми худ мо аз адабиёти таърихиву шифоӣ низ медонем. Имрӯз мо шоҳиди дар рӯзҳои ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар сафи мураттаби Артиши кишвар қадамзании бонувоне ҳастем, ки садоқатмандона хизмат мекунанд.
Артиши Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳи он, ки 18 – уми декабри соли1992 дар таги хаймаҳо, дар пойгоҳи фурудгоҳи “Айнӣ” дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси Шурои Олии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда буду нахустин паради ҷузъу томҳои Гарнизони Душанбе 23-юми феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт баргузор гардида буд, бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба неруи тавонои дифои кишвар табдил ёфтаву амнияту дахлнопазирии марзу буми онро таъмин менамояд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари мо дар машқҳои ҳарбии кишварҳои муштаракулманофеъ бо сарбаландӣ ва камоли маҳорат иштирок намуда, ҳамеша сазовори баҳои баланд гардидаанд.
Ҳарчанд Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти навини он дар замони нооромиҳои дохилӣ ба миён омада буд, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди қувваҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кушишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат бо руҳияи баланди ватандорӣ, бо садоқат ба принсипҳои соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ ва хизмати фидокорона худро нишон додаву аз имтиҳони душвори таърих сарбаландона гузаштааст.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба шарофати руҳияи баланди ватандӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки ҳама мардум, хусусан наврасону ҷавононро фаро гирифтааст, мавсими сафарбарӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамасола бо руҳияи баланди ватандорӣ барпо гардидаву ба як маросими мутантани умумихалқӣ табдил ёфтааст, ки худ далели ягонагии халқи мост.
Наметавон хидматҳои шоиставу иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллати моро дар мавриди худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти худ, боло бурдани эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан нодида гирифт. Агар сарчашмаи нахустини ватандориву ватандӯстии мардуми мо сиришти ватанпарварони зотии худи халқ бошад, сарчашмаи дигари он интишори ин эҳсосоту муҳаббати ватандорӣ аз сиришти ватандӯстонаи Сарвари муаззами кишварамон ва интишори он ба ҳамаи мардум мебошад.
Агар иқдоми аввалин, тақдими китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Сарвари кишвар ба бедории руҳӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ саҳми бузург гузошта бошад, иқдоми навбатии ин Роҳбари хирадпешаву ватандӯст, тақдими шоҳасари таърихӣ – “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсист, ки саросар дарси ибрати ҷоннисориву ҷавонмардӣ бо руҳияи ватандорӣ буда, низ ангезаи бузурги таърихӣ ба миллати мо дар ҷодаҳои ватандорӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан хоҳад дод.
Ҳосили ин сиёсати ватандӯстона ва иқдомҳои Сарвари кишвар аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизамон дорои Артиши қавии миллӣ ва сарбозону афсарони содиқу ҷоннисоре мебошад, ки метавон аз онҳо дилпур буд ва ба онон эътимоду бовар дошт.
Имрӯз ҳимояи Истиқлоли миллӣ, ҳимояи ҳувияти халқи некманишамон, ҳимояи марзу буми кишвар ҳимояи нангу ор ва шарафу номуси миллии мост ва моро вомедорад, ки ҳар кадомамон дар канори Артиши миллӣ сипари баэътимоди Меҳан дар ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан, сарҳади шарафи гузаштагону имрӯзиёну фардоиён бошем.
КАМОЛ НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 27.02.2024 №: 40