ПАЁМ ВА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲУҚУҚӢ
Таҷрибаи кишварҳои мутамаддин нишон медиҳад, ки рушди низоми демократӣ ва амалӣ гардидани иродаи халқ дар сатҳи ҳокимият ба сатҳи маърифати ҳуқуқии тамоми қишрҳои ҷомеа вобастагӣ дорад. Чи қадаре ки сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа баланд бошад, ҳамон қадар кафолати рушди босуботи кишвар таъмин мегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки новобаста ба касбу кор шуури ҳуқуқии мардум баланд бардошта шавад, то фаъолияти бонизом ва самараноки тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳким ёбад.
Бесабаб нест, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат вобаста ба ин масъала ишора рафт ва аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.
Воқеан, вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сатҳи тафаккури ҷомеа тақозо менамояд, ки дар раванди фаъолияти қонунэҷодкунӣ талаботи ҷомеа ва манфиатҳои миллӣ ба инобат гирифта шаванд. Таҷрибаи фаъолияти қонунгузорӣ ва эҷоди меъёрҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ дар амал татбиқ мешаванд. Албатта, рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ба сатҳу сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобастагии зиёд дорад. Имрӯз, ки мо дар раванди амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ қарор дорем, қабули санадҳои меъёрии соҳавие, ки дар ҳама самтҳо масъулият ва ҷавобгарии тарафайнро мушаххас намоянд, тақозо мешавад.
Фаъолияти қонунгузорӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ дар раванди ташаккул ва рушди маърифати ҳуқуқӣ таъсири амиқ мегузорад ва чунонки Сарвари давлат хотирнишон намуданд, дастоварду пешравиҳои то ба имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад.
Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун мебошад, ки он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Маҳз арҷгузорӣ ба қонун кафолати ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ба вуҷуд меорад. Арҷгузорӣ ба дарку фаҳмиши оммавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бештар вобастагӣ дорад. Дарки волоияти қонун аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузошта, имкон фароҳам меорад, ки дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд муваффақ бошем.
Табиист, ки самаранокии тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия то қонунҳои соҳавӣ ба фаъолияти мақомоти судии кишвар вобастагии зиёд дорад. Дар ин хусус Пешвои муаззами миллат тазаккур доданд: «Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд». Воқеан, амалӣ гардидани адолати судӣ, ки дар маркази он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон қарор дорад, ба раванди таҳкими қонуният дар ҷомеа таъсири амиқ мерасонад, зеро боварӣ ва эътимоди ҷомеа нисбат ба мақомоти давлатӣ ба раванди фаъолияти мақомоти судӣ вобастагӣ дорад.
Сарвари давлат тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор карданд, ки бояд ҳамаи захираву имконотро баҳри иҷрои ҳадафҳои пешбинишуда дар соли 2024 ва бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намоянд.
Умедворем, ки дар робита ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ, дар самти бедории фикрӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, маърифат ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонони мамлакат корҳои судманде анҷом мешаванд, ки ҷомеаи моро ба пешравиҳои боз ҳам шоиста раҳнамун мегардонад.
Нодирҷон ҚОДИРЗОДА, прокурори ноҳияи Данғара