ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, МАЪЮБ?

ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, МАЪЮБ?

02 март 2023, Панҷшанбе
83
0
 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста, хосса дар паёмҳои табрикиашон таъкид менамоянд, ки ба маъюбон ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа пайваста дасти ёрӣ дароз намоем. Хушбахтона, ба гуфтан иктифо намекунанд, шахсан худашон ба маъюбон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ба дидорбинияшон мераванд, бо онҳо мулоқот менамоянд ва дасти кумак дароз мекунанд. Бо лутфу навозишҳо дилбардорияшон месозанд ва саъй ба харҷ медиҳанд, то розӣ бошанду шоду хандонлаб. Ҳамзамон, ба масъулон дастур медиҳанд, ки аз ҳоли ин гурӯҳ ҳамеша огоҳ бошанд, ёрияшон бинамоянд. Аз ҷумла, дар оғози Соли нави мелодӣ кумаки якдафъаина ба ҳар маъюб ба андозаи 600 сомонӣ дода шуд.
Таъкиди пайвастаи Сарвари давлат ҳам бар ин аст, ки аз рӯзгор ва вазъи тандурустии онҳо доимо бохабар бошем.
Борҳо дидаву шоҳид гардидаем, ки Президенти мамлакат ба баъзе аз ин муассисаҳо чандин маротиба ташриф оварда, ба тарзи таълим, шароити будубоши онҳо шинос шуда, ҳамзамон, ёрӣ расондаанд. Дар ин зимн таъкид доштанд, ки тарбияи ин қишр, ғамхориҳову меҳрубонӣ ба гурӯҳи мазкур аҷру подоши зиёд дорад.
Фаъолияти хонаҳои махсуси маъюбон низ, дар кишвар сол ба сол беҳтар мегардад.
Сарвари давлат дастур медиҳанд, таъкид мекунанд, ки ба ин гурӯҳи ниёзманд таваҷчуҳи махсус зоҳир гардад.
Ба андешаи инҷониб ҳамасола масъулон дар мавриди мазкур бояд ҳисобот бидиҳанд ва ин ҳисобот ҷиддӣ бошанду мавриди санҷиши махсус қарор бигиранд. Зеро, мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳастанд масъулоне, ки баъзан сохтакориҳову тарғибҳои беасосашон аз чашми мардум ва худи маъюбон ниҳон намемонад. Баъзан кумакҳое, ки дар доираи дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат аз ҷониби шахсоне саховатпеша ва ё идораву ташкилот ба қишри мазкур пешбинӣ мешаванд, пурра ба худи маъюбон намерасанд. 
Аз ин ҳам нигаронкунандатар он аст, ки аксаран худи ҷомеа ба ҳоли ин қишри осебпазир қариб ки бетаваҷҷуҳанд.  Ранҷу дарде, ки маъюбон доранд, танҳо худашон медонанд ва онҳоро ҳеҷ кас аз ин гурӯҳ гирифта наметавонанд, агар чанде ҳам намехоҳанд. Бешак, чунин аст. Агар ҳам шаммае аз дардҳои худро ба хотири наранҷидани мо баъди он ки мепурсем, мегӯянд, ҳеҷ гоҳ тасаввурашро ва низ эҳсосашро карда наметавонем. Ҳарчанд аксари мо ба ҳолу рӯзгорашон бетафовут менигарему меравем. Мисли ин ки гавҳари меҳру шафқатро аз дунё ё худ аз вуҷуди баъзеи мо бурдаанд. Ҳол он ки масъулем ва бояд посух бигӯем, посухе, ки мусбат бошад. Посухҳои мо – одамони солим, агар бар он маҷбурамон кунанд, сатҳӣ, бедард ва на мусбатанд. Оё боре андешидаем, ки дар маъюб шудани онҳо, ба дунё омаданашон на худашон, балки мо гунаҳгорем? Сабабҳо, албатта, ҳамонест, ки пеш аз ин ҳам буданду боз идома меёбанд, яъне нодонӣ, бепарвоӣ, бемасъулиятӣ.
Биёед аз худ бипурсем, ки магар кӯдак худ гунаҳкор аст, ки маъюб зода мешавад? 
Кӯдаки дигарро, ки пештар сухан мегуфт, ба ҳангоми паст кардани таби аз ҳад баланду гузарондани сӯзандору барои умре кару гунг мекунад.
Як кӯдак аз беназоратии волидон дасташро дар гӯштқимакунак меандозад ва дар натиҷа барои як умр он аз кор мемонад. 
Ва ҷавони бистсолае ҳангоми иҷрои кор аз ду пой маҳрум мегардад.
Кӣ бояд ҷавоби ин ҳамаро бидиҳад ва зарари овардаро ҷуброн намояд?
Навъҳои маъюбшавӣ, бадбахтона, зиёд буданд, аммо ҳоло дар ҳоли афзудан аст.
Ин гурӯҳ аз мо чизе намехоҳанд ва ҳам дардашонро бо он ҳиссиёти ғамангезе, ки доранд, баён намекунанд. Гиребонгир ҳам нестанд, ки мо – одамони солим, масъул, соҳибкасб онҳоро ба ин ҳол овардем, гирифтор кардем. Чаро? Чунки медонанд, ки бераҳму шафқат шудаему танҳо дар андешаи худ ҳастем. Шояд ба ин гуфтаҳо бархе розӣ набошанд. Ихтиёр дар мавриди мазкур онҳорост. Аммо як бор аз худ бипурсем, ки охирон бор кай дасти афтодае, яъне маъюберо гирифтаем? Меҳрубониву бо муҳаббат пурсидани аҳволро ҳам нисбаташон фаромӯш кардаем.
Дуруст аст, ки баъзе аз имтиёзҳоеро, ки Ҳукумат муқаррар кардааст, моликанд, аммо мо – инсонҳо дар аксар  маврид мехоҳем онҳоро нодида бигирем, то аз онҳо истифода нанамоянд.
Бояд як бор ҳам таҳлил бикунем, ки гунгу ношунаве, ки қариб 150 сомонӣ нафақа мегирад, оё метавонад, бо он як оиларо бо ғизову либос таъмин бикунад? Ҳатман ба ин пурсиш чунин посух медиҳем: Кор бикунанд, чун дигар узвҳояшон солиманд. 
Фаразан, агар шумо роҳбари муассисае бошед, онҳоро ба кор мегиред? Бояд шарм надоред ва ба ҳақиқат иброз бидоред, ки не! Кӣ ҳуқуқи онҳоро дар ҷойҳои зарурӣ ҳимоят мекунад?
Агар ҳам бемор мешаванд, табиб барои фаҳми дарди ӯ ва гирифтани посух ба пурсишҳояш киро бояд даъват бикунад, то забони ишораро фаҳм намояд?
Дар дигар кишварҳои дунё ҳатто аз ҳисоби кару гунгҳо номзаду докторони илмро тарбия кардаанду фаъолияти густурда доранд. Дар мо, мутаассифона, аксари намояндагони қишри мазкур фаҳми китобҳои хондаашонро карда наметавонанд. Маъюбони гурӯҳҳои сеюм, ҳатто аз давраи кӯдакӣ, имтиёзи дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро надоранд. Дар шуъбаҳое, ки барои хондани кару гунгҳо таъсис додаанд, бештар одамони солим таҳсил менамоянд ва баъд дар курсҳои болоӣ тағйири ихтисос мекунанд. Омӯзгорони ин соҳа намерасанд ва ҳам аз имконияти мавҷуда барои ҷалби муаллимон истифода намешавад. Мешунавем ва ҳам шахсони боэътимод мегӯянд, ки ин ё он маъюбро пас аз марги волидайнашон бародаронашон аз хона пеш кардаанду онҳо дар хонаи як хешовандашон рӯз мегузаронанд. Аҷабо! Ба онҳо некӣ намекунем, ақаллан бадиро дар ҳаққашон раво набинем, ҳуқуқашонро поймол нанамоем.
Мақоли машҳурест, ки ба маъюб моҳӣ надиҳед, моҳигириро ёд бидиҳед. Мутаассифона, на инро мекунем, на онро. Ба пиндори инҷониб, миллати мутаммадину куҳанбунёди мо ба маъюб бояд ҳам моҳӣ бидиҳад ва ҳам моҳигириро ёд.
Бемасъулиятиву беэътиноӣ дар ҳеҷ замоне оқибати хуб надошту надорад. Интизор нашавем, ки кай оташ дар буттаи мо меафтаду баъд фаҳм мекунем, сӯхтан чист.
 
Абдулқодири РАҲИМ,  «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.03.2023 №: 47-48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив