ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОИЛА.  БЕКОРШАВИИ АҚДИ НИКОҲ КОҲИШ ЁФТААСТ

ОИЛА.  БЕКОРШАВИИ АҚДИ НИКОҲ КОҲИШ ЁФТААСТ

28 феврал 2024, Чоршанбе
156
0

 
Соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфтааст. Дар ин сол аз ҷониби раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия 76 444 ҳолати бастани ақди никоҳ сабт шуда, 10 298 ақди никоҳ бекор гардидааст. 
Дар ин хусус Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия, иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба соли 2022-юм 26 дарсад кам шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омор нишондоди баръакс дошт, яъне бастани ақди никоҳ коҳиш ёфта, теъдоди бекоршавӣ афзуда буд. 
Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2022 дар кишвар 70,6 ҳазор никоҳ ба қайд гирифта шуда, 14 ҳазору 69 ақди никоҳ бекор гардид. Дар ин робита нишондоди як соли охирро метавон натиҷаи мусбат арзёбӣ намуд, зеро мушкилоти ҷудошавӣ ва ё аз ҳам пошидани оилаҳо солҳо боз яке аз масъалаҳои ташвишовар дониста мешавад, ки омилҳои гуногун дорад. Ҳоло мизони коҳишёбии ҷудошавии оилаҳо баёнгари натиҷаҳои судманди тадбирҳои давлату Ҳукумат ва сохторҳои дахлдор дар самти пешгирӣ аз ин раванди носозгор аст. 
Воқеан, оилаи солим ҷомеаи солим аст. Аз ин рӯ, бояд аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ рӯи ин масъала ҷиддӣ андеша кунанд ва барои пойдориву аз ҳам напошидани оилаҳо ёрии худро дареғ надоранд. Муҳимтар аз ҳама, мо бояд сиёсати давлатиро дар ин бахш дастгирӣ намоем ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни оилаҳои ҷавон вусъат бахшем.   
Қобили зикр аст, ки ба манзури пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо дар низоми қонунгузории мамлакат низ пайваста дигаргуниҳо ба амал бароварда мешаванд. Чунончи, дар аввали соли 2023 Парлумони кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” тағйирот ворид кард. Мувофиқи тағйирот боҷи давлатӣ барои қатъи ақди никоҳ 7 баробар боло бурда шуд. Акнун ҳар касе, ки мехоҳад аз шавҳар ё занаш ҷудо шавад, бояд наздик ба 500 сомонӣ боҷи давлатӣ супорад. Пештар ин маблағ 68 сомониро ташкил медод.  
Феълан коҳиш ёфтани ҷудошавии оилаҳоро ба чанд омил марбут медонанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Саодатбибӣ Сироҷзода, қабл аз издивоҷ ва ба расмиятдарории ақди никоҳ аз ҷониби раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда, ҳуқуқҳои зану шавҳар ва баланд бардоштани  мақоми оила дар назди ҷомеа пайваста таъкид мегардад, ки яке аз омилҳои паст гардидани бекоркунии никоҳ ба ҳисоб меравад. 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 28.02.2024 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив