ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ. ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТИ СОҲА ДАР СОЛИ 2023

САЙЁҲӢ. ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТИ СОҲА ДАР СОЛИ 2023

29 феврал 2024, Панҷшанбе
96
0

 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи сайёҳӣ, татбиқи барномаву нақшаҳои миллӣ, вусъати ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати хизматрасонии аҳолӣ ва тақвият бахшидан ба тавсеаи устувори сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар соли 2023 ба дастовардҳои назаррас ноил гашт, ки дар натиҷа тамоюли мусбати рушди соҳаи сайёҳӣ ба даст оварда шуд. 

ШУМОРАИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ ДАР КИШВАР  АФЗУД
Ба шарофати раванди созандагӣ дар кишвар солҳои охир теъдоди сайёҳони хориҷӣ меафзояд. Соли гузашта  шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ воридшуда ба 1 миллиону 201 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 201 ҳазор нафар зиёд аст. Бояд зикр намуд, ки нишондиҳандаи воридшавии сайёҳон ба кишвари мо дар соли 2023 ба 96 фоизи нишондиҳандаи пешазпандемиявӣ баробар мебошад. Дар ҳоле ки, тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ин нишондиҳанда ба 90 фоиз баробар аст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳиссаи соҳаи сайёҳии кишвар дар ММД   соли рафта 3 фоизро ташкил дода, ба 3,9 миллиард сомонӣ расид, ки ба ҳисоби миёна хароҷоти ҳар як сайёҳ дар кишвари мо ба 3500 сомонӣ ё 325 доллари ИМА баробар мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташрифи сайёҳон ба давлати мо аз 121 кишвраи ҷаҳон ба қайд гирифта шуд. Ба қатори панҷгонаи беҳтарин аз рӯи теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон – Ӯзбекистон 15 фоиз, Россия 92,8, Қазоқистон 31,8, Чин 490 ва Туркия 61,2 фоиз зиёд шомил гардидаанд. Инчунин, афзоиши сайёҳон аз Туркманистон, Олмон, ИМА, Эрон ва Афғонистон мушоҳида мешавад, ки ин тамоюли мусбат аст. 

МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН БОЛО РАФТ
Бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  симои сайёҳии Ватани маҳбубамон, мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мавқеи устувор касб намудааст. Чунончи, кишвари азизи мо соли 2023 узви яке аз кумитаҳои ёрирасони Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ интихоб шуд, ки ин аз боло рафтани мавқеъ ва нуфузи кишвар дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, боиси ифтихор аст, ки соли гузашта дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаи «Ҷолибтарин кишвари Осиё барои кӯхнавардӣ»-ро ба даст овард, инчунин, аз нигоҳи аманият, субот ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тибқи рейтинги солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажӯҳишгоҳи амрикоии Gallup, дар байни 142 кишвари ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кард. Дар радабандии соли гузашта Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор гирифта буд.
Дар баробари ин, соли гузашта 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. 

ТАРҒИБИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ
Дар ҷумҳурӣ ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҳамчун бренди сайёҳӣ тарғиб мегарданд ва дар он имкониятҳои сайёҳии гастрономӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешкаш мешаванд, ки таваҷҷуҳи зиёди ҷаҳониёнро ба худ ҷалб мекунанд.

Дар соли 2023 тарғиби имкониятҳои сайёҳӣ як василаи хуби ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ гардид, ки дар он саҳми васоити ахбори омма, бахусус телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ, хеле назаррас аст. Аз ҷумла, шабакаи байналмилалии телевизионии BBC World News навори таблиғотии «Бо муҳаббат аз баландкӯҳҳо»-ро омода ва пахш намуд. Портали миллии сайёҳӣ ва сомонаи расмии Кумитаи рушди сайёҳӣ дар шакли нав бо се забон ва ҷойгиркунии зиёда аз 500 хатсайри сайёҳӣ дар самтҳои гуногун омода шуданд, ки ба сайёҳон кумак хоҳанд кард. 
Аммо, ҳоло ҳам ин дастовардҳо барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ кофӣ нест, аксари наворҳои таблиғотӣ ҳадафнок набуда, имкони таҳияи барномаи ҷолиб пурра истифода намешавад ва навоварӣ низ кам ба назар мерасад, ки андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.
 
САРМОЯГУЗОРИИ СОҲА
Сармоягузории соҳаи сайёҳӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Айни замон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ як чанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, лоиҳаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 10 миллион доллари ИМА ҷиҳати таҳияи корҳои омодасозӣ ва тарҳи лоиҳаҳои сармоягузории соҳа амалӣ шуда истодааст. Тибқи нақша, то моҳи сентябри соли 2024 нақшаҳои генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он ва нақшаи генералии сайёҳии Панҷакент ва минтақаҳои кӯҳҳои Фон таҳия ва пешниҳод мешаванд. Дар доираи ин нақшаҳои сайёҳӣ таҳияи чор лоиҳаи сармоягузории дигар, низ барои солҳои оянда пешбинӣ шудааст. 
Дар баробари ин, лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ  30 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ гардида,   15, 7 миллион доллари он барои рушди соҳаи сайёҳӣ равона шудааст. Дар доираи он рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба сатҳи байналмилалӣ расондани мавзеи таърихиву табиии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷамашҳад, мамнуъгоҳҳои қалъаи Ҳулбук ва қалъаи Ямчун, бунёди меҳмонхонаҳои хурд, ҳуҷраҳои қабули сайёҳон, мағозаи фурӯши армуғон ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ, амалӣ мешавад.

КАДОМ САМТҲОРО МЕТАВОН БЕҲТАР КАРД?
Бо вуҷуди ҳамаи пешравиҳои назаррас дар соҳа, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки беҳтар кардани инфрасохтори сарироҳӣ, такмили ихтисоси мутахассисон, ба талаботи санитарию гигиенӣ мутобиқ намудани марказҳои хизматрасонӣ ва дигар ҷойҳои ташрифи сайёҳон, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, тарғиби беҳтари имкониятҳои сайёҳии маҳаллӣ дар хориҷи мамлакат аз масъалаҳои умдаи соҳа боқӣ мемонанд.
Албатта, имрӯзҳо ниҳоди пешбарандаи соҳа дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдор ва бахши хусусӣ барои рафъи мушкилоти ҷойдошта тадбирҳо меандешад. Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хабар доданд, таъмини фаъолияти гурӯҳи кории доимӣ, таҷдиди сохтори идоракунии Кумита, таҳияи стратегияи маркетинги соҳаи сайёҳӣ, таъсиси бахшҳои нав дар шаҳру ноҳияҳо, беҳтар намудани омори сайёҳон, ташкили курсҳои омӯзишии малакаҳои касбӣ, ташкили иттиҳодияҳои касбии ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва гидҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, таъсиси фонди рушди сайёҳӣ ва ғайраҳо аз самтҳои фаъолияти ин ниҳод дар соли ҷорӣ мебошанд. Тасмимҳои масъулон мутмаин месозанд, ки татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ таъмин шуда, ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва рақобатпазирии саноати сайёҳии кишвар таҳким меёбад. 

Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.02.2024 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив