ТОҶИКИСТОН. ТАВАҶҶУҲИ ҲУКУМАТ БА ОБОДКОРИИ МАМНУЪГОҲҲО САМАР МЕДИҲАД
Мавзеъҳои ҳифзшавандаи Тоҷикистон дар нигоҳдорӣ ва муҳофизати олами набототу ҳайвонот, афзун намудани шумораи намудҳои нодири онҳо ва барқарорсозии системаҳои устувори экологӣ, мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва ёдгориҳои табиӣ нақши калон мебозанд.
Нақши Пешвои миллат дар бунёд, ҳифз ва нигоҳдории чунин мавзеъҳои табиӣ бағоят бузург аст, зеро дар бисёр суханрониҳо ва паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ аз боби муҳофизати табиат ҳарф мезананд ва масъулонро вазифадор месозанд, ки ба тозагии экологӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоянд. Боиси хушнудист, ки сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини оби нӯшиданӣ, омӯзиши тағйирёбии иқлим ва дар умум экология дар ҷаҳон эътироф шуда, дар раванди амалишавист.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, гуфта буданд, ки ягон намуди амалиёт дар мамнуъгоҳҳо, махсусан дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”, гузаронда нашаванд. Яке аз аввалин қадамҳо баҳри ҳифзи ҳудудҳои табиӣ Изҳороти якҷояи иштирокдорони музокироти сулҳи байни тоҷикон «Дар бораи масъалаи ҳифзи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар таърихи 19-уми апрели соли 1994 буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳудуди мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”-ро қаламрави сулҳ эълон карданд, ки аз ободкору муҳофизи табиат будани шахсияти ӯ огоҳӣ медиҳад. Он вақт касе намедонист, ки кай сулҳу оштӣ ба даст меояд, аммо Пешвои миллат ғами мамнуъгоҳҳоро мехӯрданд, ки як гӯшаи ободу зебои диёрамон хароб нагардад. Инро танҳо касоне дарк мекунанд, ки дар назди Ватан ва халқи худ масъулият доранд.
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи ҳудудҳои табиӣ ин ба имзо расондани як қатор қонун ва қарорҳо мебошад. Яке аз чунин санадҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсусҳифзшаванда” аз 26-уми декабри соли 2011 мебошад, ки фасли II он пурра ба мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ бахшида шудааст. Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро муайян ва вазифаҳо, низоми фаъолият, мақом ва минтақабандии онҳоро муқаррар мекунад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2013, таҳти рақами 346, ба мамнуъгоҳи “Ромит” мақоми Резервати биосферӣ дода шуд.
Тоҷикистон кишварест дорои мамнуъгоҳҳои беназир ва зебо, ки ҳар яке бо табиати нотакрораш аз ҳамдигар фарқ мекунад.
Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми сентябри соли 2023 дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гашт, мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
Ба шарофати дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон тавонистанд намудҳои нодири ҳайвоноту набототро, ки дар рӯйхати “Китоби сурхи ҷаҳонӣ” сабт гаштаанд, аз нестшавӣ эмин нигоҳ доранд.
Латифабону РУСТАМЗОДА,
"Ҷумҳурият"