ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАКТАБИ БУЗУРГ

МАКТАБИ БУЗУРГ

04 март 2024, Душанбе
42
0


Устод Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, ки аз зумраи шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва ҳоҷат ба муаррифӣ надорад, аз 20-уми августи соли 1945 дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») фаъолият доштааст. Дар вазифаи мухбири махсуси вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд), ходими адабӣ, ёрдамчии котиби масъул, мудири (ҳоло сардори) шуъба кор кардааст. Дар муддати дар ин рӯзнома фаъолият карданаш рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза»), «Пионер»-ро (баъдтар «Машъал» ва ҳоло «Истиқбол») дар идораи рӯзнома ташкил кардаву нашр намудааст.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ собиқадортарин корманди ин рӯзномаи бонуфуз ба шумор меравад. Суҳбати мо бо ӯ дар ин хусус сурат гирифт.
– Ман соли 1944 аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчун маҷруҳ ба зодгоҳам Конибодом баргаштам. Аз ҳамон вақт фаъолияти рӯзноманигории ман сар шуд. Пеш аз ин дар хандақҳо, ақибгоҳҳо дар вақтҳои оромӣ, баъзан дар майдони ҷанг шеър менавиштам. Аммо асосан, ҷанг мекардем, на шеърнависӣ. Баъди баргаштан дар ҳафтаномаи шаҳриямон, ки «Роҳи Сталин» ном дошт, ба кор даромадам, ба симати котиби масъул. Он вақт дар ҳафтанома фақат ду нафар кор мекардем, яке муҳаррири мо – Шарифҷон Иброҳимов ва дигаре ман. Асосан корро дар ҳафтавор танҳо худи ман пеш мебурдам. Ҳам  менавиштам, ҳам мусаҳҳеҳию котибӣ мекардам, ҳам ҳафтаномаро паҳн менамудам. Ҳамин хел рӯзҳое буд. Дар баробари ин ба рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ҳам алоқа доштам. Мақолаҳо, очеркҳо барои он менавиштам, аз Конибодом. Яке аз мухбирони фаъоли рӯзнома ба шумор мерафтам. Ҳатто, дар хотир дорам, ки вақти ҷашни 20-солагии ин рӯзнома соли 1945 маро ва мухбири дигари фаъол Ҳамроеваро даъват карданд. Он вақт ҳар дуи моро вобаста ба ин ҷашн бо Грамотаи фахрии Шурои Олии РСС Тоҷикистон сазовор дониста буданд.
Баъдтар  маро ба кори доимӣ ба Сталинбод (Душанбе) даъват намуданд. Сармуҳаррири рӯзнома он вақт Самад Ғанӣ буд. Инсони хуб, ботаҷриба, ҷавонмарди ҳазлбардор буд. Ҳеҷ аз хотирам намеравад. Андешидам, ки аз Конибодом барояш чи биёрам. Баъд як халта зардолуи хушк (ғӯлинг) овардам. Омадам, ба идорааш даромадам. Гуфтам, ки барои шумо як чиз овардам. Гуфт: «Чӣ овардӣ?». Гуфтам: «Зардолу». Гуфт: «Ҳо ана дар он ҷо, дар шкаф монед». Ман бурдаму дар ҷои гуфтаашон туҳфаи овардаамро гузоштаму рафтам. Пагоҳӣ чун ба идораи рӯзнома омадам, тамоми кормандони он, маро баробари дидан хандиданд. Дар тааҷҷуб афтодам. Гуфтам: «Чӣ гап шудааст?». Гуфтанд: «О чӣ кор кардӣ?» Гуфтам: «Чӣ кор кардаам? Чӣ шудааст?» Гуфтанд: «О шумо барои  сармуҳаррир чӣ овардед?» Гуфтам: «Зардолу, ғӯлинг овардам. Баъд чӣ шудааст?» Гуфтанд: «О ин кас аз зардолу, аз ғӯлинг қимоб аст». Баъд, ки фаҳмидам, худам ҳам хандидам.
Самад Ғанӣ чун дид, ки ман он замон имконияти дар шаҳр мондан надорам, гуфт: «Биёед, шумо мухбири махсуси мо дар вилояти Ленинобод (Суғд) бишавед. Ман «хуб» гуфта, корро сар кардам. То он замон намедонистам, ки Нов, Исфара, Панҷакент, Ашт ва дигар ноҳияҳо дар куҷост. Ин вазифа водорам намуд, ки ба ин ноҳияҳо равам, бубинам ва маълумотҳои зиёд дар бораашон ва шахсиятҳои бузурги онҳо бигирам.
Ҳамин тавр, ба ҳамаи ин ноҳияҳо мерафтам, материал ҷамъ мекардам ва менавиштам. Барои ман ин ҳама кашфиёт буд ва ҳам барои ман дар ин муддат дари як ҷаҳони нав кушода шуд.
Дар яке аз чунин сафарҳо, ки ба ноҳияи Ашт сурат гирифт, ба ман гуфтанд: «Дар ин ҷо як зан зиндагӣ мекунад, писараш дар ҷанг нобуд шудааст, ҳалок гардидааст. Номашро Тӯйчӣ Эрйигитов мегӯянд. Дар бораи онҳо бинависӣ, бисёр хуб мешавад».
Баъд ман ба хонаи онҳо рафтам. Кампираке дар як хонаи одии деворҳои харобгардида зиндагӣ мекардааст. Суҳбат кардам. Тӯйчӣ Эрйигитов он вақт он қадар ҳам машҳур набуд.
Ман фахр мекунам, ки он замон аввалин шуда дар бораи Тӯйчӣ Эрйигитов як маводи калон омода кардаму чоп намудам. Ғайр аз ин, боз бисёр маводи дигарро дар бораи ин қаҳрамони ҷанг ҷамъ овардаму нашр кардам. Ва баъдтар дар борааш достон навиштам, достони «Шаби пеш аз марг»-ро. Инчунин, аз ҳукумати ноҳия илтимос кардам, ки ҳамон колхозро ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов монанд. Ҳамин гуна, фаъолияти рӯзноманигорӣ барои ман мактаби бузург гардид ва ман дар ин мактаб бисёр сабақҳои заруриро гирифтам, ки дар фаъолияти нависандагиям ва ҳам дар рӯзгораму дигар корҳо нафъи зиёд расонид. Аз ин рӯ, ман аз рӯзномаи азизам –  «Тоҷикистони сурх» қарздорам, чунки маро ин рӯзнома тарбият кард.
Баъди чанде буд, ки маро боз ба Душанбе даъват карданд. Гуфтанд, ки биёеду дар ҳамин ҷо кор кунед. Розӣ шудам, бо он ки ҷои хоб надоштам. Ҷунайдулло Исоевро низ, ки мухбири фаъоли ҷамоатии рӯзнома ба шумор мерафт, ҳамон рӯз даъват карда буданд. Ӯ пештар аз ин дар вазифаи муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Панҷакент кор мекард.
Маро ба симати мудири шуъбаи сохтмони шуравӣ таъин намуданд. Бо Ҷунайдулло андешидем, ки дар куҷо хоб меравем. Баъд дар ҳамон Хонаи матбуот (бинои ҳозираи нашриёти «Адиб») дар ошёнаи дуюм, дар айвоне (балкон), ки аз тарафи кӯча аст, панҷара дошт, ҷой гирифтем ва чанд моҳ дар он ҷо хоб рафтем. Хулоса, мо он вақт азоби бехонагиро низ кашидем.
Баъд моро ба Комитети Марказӣ даъват карда гуфтанд, ки шумо газетаи «Пионери Тоҷикистон»-ро ташкил кунед. Ин рӯзнома пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам вуҷуд дошт, муҳаррираш Ҳомид Обидӣ буд, аммо чанд муддат чоп намешуд. Хуб гуфтам ва онро дар идораи «Тоҷикистони сурх» аз нав ташкил кардам. Баъди чанде барои он як ҳуҷраи алоҳида доданд. Ҳоло меандешам, ки чи инсонҳои бузург ҳамроҳи ман дар ин рӯзнома фаъолият доштанду ҳатто дар синну сол аз ман калон буданд. Воҳид Асрорӣ котиби масъул, Раҷаб Амонов мудири шуъба, Суҳайлӣ Ҷавҳарзода мудири шуъба, Ғоиб Қаландаров мухбир дар ин рӯзнома ба шумор мерафтанд. Аҷаб ин ки қариб ҳамаи мо нав аз ҷанг омада будем. Бо ҳамин ҳол мо ин рӯзномаро дар «Тоҷикистони сурх» ташкил кардем. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ман ҳамроҳи Самад Ғанӣ (сармуҳаррир), Набиҷон Почоҷонов (ҷонишини сармуҳаррир), Раҳмат Муҳаммадҷонов (мухбири махсус дар вилояти Ленинобод, баъд ҷонишини сармуҳаррир) Расул Болтаев, Гавриелов (ёрдамчии котиби масъул), Р. Амонов (котиби масъул), Мерган Султонов (ходими шуъба), Ҷунайдулло Исоев (мудири шуъба), Суҳайлӣ Ҷавҳарзода (ходими шуъба) он замон кор мекардам.
Афсус, ки ҳоло ягон нафар аз инҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Пеши назарам меоянд. Ба хотирам он рӯзҳо ҳамеша мерасанд.
Дар он солҳо, ки солҳои роҳбарии Бобоҷон Ғафуров буд, мусобиқаҳои сотсиалистӣ миёни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва ноҳияиҳои ҷумҳурӣ мешуд ва дар ин мусобиқаҳо чун намояндаи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ҳамеша маро интихоб мекарданд.
Рӯзнома дер аз чоп мебаромад. Ҳамеша соатҳои 3-4-и шаб нашр мешуд. Доимо, аз ин хотир, дар мизҳои кории мо нон ва дигар хӯрокиҳо буд. Маош барои рӯзгузаронӣ мерасид. Боз ҳаққи қалам мегирифтем ва моро қонеъ менамуд.
Соли 1955 маро ба Мактаби олии партиявии шаҳри Москва фиристоданд, ба факултаи журналистика. Соли 1958 онро хатм намуда омадам. Баъд аз ин дар Комитети Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба симати инструктор кор кардам. Даврони дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» кор карданам бисёр даврони хуб буд ва ман, тавре гуфтам, онро ҳамеша ба ёд меорам, зеро аз ин рӯзнома тамоми умр қарздорам.

Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ 
Соли 2005

Санаи нашр: 04.03.2024 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив