ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЯМЧУН.  ҚАЛЪАЕ, КИ БА ҲИФЗУ БАРҚАРОРСОЗӢ НИЁЗ ДОРАД

ЯМЧУН.  ҚАЛЪАЕ, КИ БА ҲИФЗУ БАРҚАРОРСОЗӢ НИЁЗ ДОРАД

04 март 2024, Душанбе
45
0


Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо унвонҳои Боми ҷаҳон ва нигини Тоҷикистон машҳур аст, аз қаъри асрҳо то ба имрӯз 647 ёдгории таърихиро нигоҳ доштааст. Аз ҷумла, 120 ёдгории бостонӣ, аз қабили қалъаҳо, ибодатгоҳҳо, тасвирҳои рӯи санг, тӯпхонаҳо, гурезгоҳҳо, конҳои қадима, истеҳкомҳо ва ғайра дар ноҳияи Ишкошим ҷой гирифтаанд. Яке аз калонтарини онҳо қалъаи Ямчун маҳсуб меёбад. 
Шуруъ аз соли 2022 бо дастгирии Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳоти Вазорати молия дар ҳудуди ВМКБ лоиҳаҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифз ва барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ амалӣ мешаванд. Дар доираи лоиҳаҳои барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ таъмири қалъаи Ямчун бо маблағи 5 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардидааст.
  
ШАҲОДАТИ ТАМАДДУНИ ҚАДИМӢ 
Ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯз Шоҳинбеков доир ба таърих, кашф ва ҳифзи ин ёдгорӣ чунин гуфт: «Ямчун яке аз қадимтарин қалъа дар Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, то ҳанӯз ҳамтои худро пайдо накардааст. Аввалин маротиба омӯзиши қалъа ба охири асри XIX ва ибтидои асри XX, замоне ки рақобати Англия ва Россия оғоз шуда буд, рост меояд. Он давра ҳар ду давлат кӯшиш мекард, ки экспедитсияҳои худро ба Помир фиристонад. Гарчанде кори Стейн ва  Павел Лукнитский, намояндагони Англияву Россия дар дигар самт буд, диққати эшонро қалъаҳо ҷалб намуданд ва онҳо дар бораи ин ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик маълумот доданд. Омӯзиши мунтазами қалъа ба нахустин кашшофи ёдгориҳои Бадахшон, асосгузори илми бостоншиносии Помир Анатолий Натанович Бернштам рабт дорад. А. Бернштам соли 1946 ба воситаи қаторкӯҳи Олой ба Помир омада, дар баробари кашфи ёдгориҳои дигар, қалъаи Ямчунро низ дидан намуд ва дар асоси сафолҳои аз қалъа пайдонамудааш санагузорӣ кард. Аз рӯи мушоҳидаҳояш маълум гардид, ки Ямчун ба замони давлати Юнону Бохтар ва баътар ба замони ҳукмронии Кӯшониён рост меояд». 

ҚАЛЪАИ ДИФОӢ
Тавре аз суҳбат бо мутахассис маълум гардид, қалъаи Ямчун дар асри III-и пеш аз мелод то асри VIII мелодӣ дар қаторкӯҳи Вахони Бадахшон, дар болои теппа, назди дарёи Ямчун қомат афрохтааст, ки бисёр боҳашамат аст. Соли 2016 дар натиҷаи таҳқиқот бори дигар собит шуд, ки сохтмони ин ёдгорӣ ба давраи давлатдории Кӯшониён рост меояд. Аз рӯи гуфтаи бостоншиносон, дар охири ҳазорсолаи якуми то мелод, бо сабаби муҳофизат, ҳамчунин, бо мақсади назорати ҳаракати одамону корвонҳо аз тарафи Помир ба сӯи Бохтар, Ҳинд ва Эрон ва ё баръакс, дар ин минтақа сохтмони қалъаҳо оғоз ёфта будаанд. Қалъаи мазкур секунҷашакл буда, аз се қисм иборат аст. Майдони якум диж буда, бо девори баланди ғафсиаш то 1,5 метр сохта шудааст. Ду майдони дигар барои амалиёти муҳофизатӣ махсус гардонда шудааст. Гирдогирди деворро 36 бурҷ иҳота мекард. Дарозии девори қалъа 950 метр ва бараш то 400 метр буд. Қалъа ҳамин хел сохта шуда буд, ки барои муҳофизон мувофиқ бошаду барои мардум ҳамчун паноҳгоҳ хизмат кунад. 

ҲОЛИ ИМРӮЗИ ҚАЛЪА
- Як чизро бояд зикр намоям, ки имрӯз бисёр давлатҳои ҷаҳон дар ҳайратанд, ки мардуми тоҷик бо нигоҳ доштани ёдгориҳои бостонӣ дар арсаи ҷаҳон собит намуда истодааст, ки миллати қадимианд. Вале, мутаассифона, гоҳо мардуми таҳҷоӣ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки боиси нигаронист, - иброз намуд Фирӯз Шоҳинбеков. 
- Соли 2016 мо дар ин қалъа тадқиқот гузарондем. Мушоҳида шуд, ки он бисёр дар сатҳи ногувор қарор дорад. Тасаввур кунед, қалъа дар замони Кӯшониён бунёд ёфта, қариб таърихи 2000-сола дошта, то ҳол андоваи деворҳои он каме ҳам бошад, боқӣ мондааст. Аммо, аз ҷониби мардуми маҳаллӣ ва масъулони ноҳия барои муҳофизати он таваҷҷуҳ камтар зоҳир мегардад. Бо академик Юсуфшоҳ Ёқубшоев деворҳои афтодаро дубора барқарор кардем, то мардум бо гову молашон ин ёдгориро ба пуррагӣ аз байн набаранд. Чизи дигаре, ки имрӯз боиси нигаронист, бурҷи қалъаи Ямчун аст, ки дар ҳолати харобшавӣ қарор дорад. Қалъа бо деворҳои мустаҳкам ва ба боду ҳавои водии Вахон тобовар бунёд гаштааст, табиат қалъаро ҳифз намуда, то ин замон расондааст, мо ҳаққи ба фано додани онро надорем. 
Ба гуфтаи мутахассис, ҷиҳати ҳифзу дубора барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ, қабл аз ҳама мардуми таҳҷоиро зарур аст, ки бо онҳо эҳтиёткорона муносибат намоянд. Он ҷойҳоро макони муқаддас шумурда, аз ҳама ифлосиҳо эмин доранд, чун маҳз ин ёдгориҳо муаррифгари миллат шуда метавонанд.

ҲИФЗУ БАРҚАРОРСОЗИИ ЯМЧУН МУҲИМ АСТ
Хушбахтона, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро бори дигар зикр намуданд: «Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида - Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад. Ман мебинам, ки баъзан ёдгориҳои таърихии мо дар ҳолати бисёр бад қарор доранд. Ҳамаи онҳоро барқарор карданамон даркор. Мо бояд онҳоро барои наслҳои оянда нигоҳ дорем». 
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи зиёд зиҳир мекунад. Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Ёдгориҳои таърихӣ намунае аз тамаддуни мардуми тоҷик мебошанд. Мо танҳо тариқи ҳамин қалъаю ёдгориҳои бостонӣ метавонем насли ояндаро бо гузаштаи худ шиносонем. Аз ин рӯ, бояд кӯшид, ки ҳарчи зудтар қалъаҳои харобгаштаро барқарор созем. Ҳифзу барқарорсозии ин маконҳо барои ҳар фарди баномус ҳам қарз асту ҳам фарз.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 04.03.2024 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив