ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ИҚЛИМ

ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ИҚЛИМ

05 март 2024, Сешанбе
104
0

 
Аз баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим ва шиддат ёфтани офатҳои хусусияти гидрометеорологидошта, ба монанди хушксолию камобӣ, дар солҳои охир зимни ироаи Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ, аз як тараф, мубраму ҳалталаб будани онҳоро нишон медиҳад, аз ҷониби дигар, ҳамеша дар меҳвари сиёсати экологии Пешвои миллат қарор доштани ин масоилро собит менамояд.
Агар чанд даҳсола қабл тағйирёбии шадиди иқлим дар ин ё он гӯшаи кураи Замин ба назар мерасид, дар солҳои охир тағйирёбии иқлим аз қуллаҳои кӯҳсор то қаъри уқёнус доман густурда, миқдори хушксолӣ, обхезӣ ва мавҷҳои гармӣ бағоят афзудааст ва, инчунин, коҳишёбии яхҳои баҳрии Антарктида ба ҳадди рекордии худ расидааст. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари осебпазир ба раванди тағйирёбии иқлим нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар хисорот мебинад.  Давоми солҳои 2001-2022 дар ҳудуди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар сол 483 офати хусусияти иқлимидошта ба амал омадааст, ки хисороти зиёди иқтисодӣ ва ҷонӣ дошт. Аз ҷумла, давоми панҷ сол (2018-2022) 2118 офати табиӣ ба вуқуъ пайваст, ки аз ҳама бештар ҳодисоти сирф гидрометеорологӣ ба қайд гирифта шудаанд. 
Тағйирёбии иқлим, инчунин, ба олами набототу ҳайвонот ва солимии аҳолӣ таъсири манфӣ дорад. Яке аз омилҳои асосии таҳрикдиҳандаи тағйирёбии иқлим, ки ба олами набототу ҳайвонот ва солимии аҳолӣ таъсири манфӣ дорад, олудагии ҳаво буда, аз ҳисоби афзоиши миқдори чангу ғубор, партови газҳои гулхонаӣ ва дигар аэрозолҳо дар таркиби атмосфера ба амал меояд. 
Ҳамзамон, тағйирёбии шароитҳои обу ҳаво ва дигаргуншавии иқлим на танҳо ба интиқоли чангу ғубор ба минтақаҳои гуногун, балки ба паҳншавӣ ва интиқоли бемориҳо (табларза, вараҷаи Рифт-Валли ва ғайра), ки ба тағйирёбии ҳарорат, реҷаи боришот ва намнокӣ ҳассосанд, муосидат менамояд. 
Дар асоси мушоҳидаҳои метеорологӣ, ҳисобҳои риёзию компютерӣ ва коркарди амсилаҳои гардиши умумии атмосфера оид ба ҳолат ва дурнамои иқлим, айни замон танҳо як консепсияи аз ҷиҳати илмӣ таҳияшуда, яъне назарияи гармшавии глобалии иқлим аз ҳисоби таъсири антропогенӣ дар натиҷаи зиёдшавии таъсири эффекти гармхонавии атмосфера ҷой дорад, ки дар он таъсироти антропогенӣ бо тағйирёбии табиии иқлим алоқамандӣ пайдо мекунанд. Зеро маълумоти Идораи миллии тадқиқоти уқёнус ва атмосфераи (NOAA) ИМА нишон медиҳанд, ки қимати миёнаи асоситарин гази гулхонаӣ – дуоксиди карбон (СО2) танҳо давоми солҳои 2016-2017 ба андозаи 2,2±0,1 ppm афзуда, соли 2017 ба қимати рекордии 405,0±0,1 ppm расидааст. 
Мусаллам аст, ки соҳаҳои асосии партовкунандаи СО2 ба атмосфера саноат ва энергетика мебошанд, аз ҷумла танҳо соли 2019 дар тамоми кишварҳои ҷаҳон 37 дарсади неруи барқ аз ҳисоби сӯзиши ангишт тавлид шудааст. Бинобар ин, зимни Конференсияи 26-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 26), ки аз 31-уми октябр то 12-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Глазго (Шотландия) баргузор гардид, беш аз 40 кишвар уҳдадор шуданд, то тибқи ваъдаҳои қаблӣ, аз ангишт даст кашанд. Маврид ба зикр аст, ки кишварҳои асосии истифодбарандаи ангишт Лаҳистон, Ветнам ва Чили буда, маҳз ҳамин кишварҳо уҳдадории мазкурро қабул карданд. Вале баъзе аз бузургтарин кишварҳои истифодабарандаи ангишт, ба монанди ИМА ва Чин, чунин уҳдадориро напазируфтанд. 
Азбаски ангишт яке аз омилҳои бузургтарини ифлоскунандаи ҳавои атмосфера ва муҳити атроф ба ҳисоб меравад, имзокунандагони созишнома уҳдадор шуданд, ки тамоми намудҳои сармоягузориро барои тавлиди неруи барқ аз ҳисоби ангишт дар дохил ва хориҷи кишвар қатъ намоянд. Аз ҷумла, ҷониби Британияи Кабир иброз дошт, ки ин кишварҳо ба мувофиқа расиданд, то тавлиди неруи барқро аз ҳисоби ангишт дар солҳои 2030 барои кишварҳои аз нигоҳи саноатӣ пешрафта ва дар солҳои 2040 барои кишварҳои рӯ ба рушд қатъ намоянд. Ҳамчунин, даҳҳо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ ба созишномаи мазкур имзо гузоштанд ва чанд бонки бузург ҳам розӣ шуданд, то маблағгузории саноати ангиштро қатъ кунанд. Сарфи назар аз ин, дар Чин ва дигар кишварҳои бузурги истифодакунандаи ангишт ба уҳдадорӣ оид ба қатъ намудани истифодаи ангишт дар дохили кишвар розӣ нашуданд. Чунин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки барои марҳала ба марҳала қатъ кардани саноати истихроҷ ва истифодаи нафту газ ҳанӯз алтернативаи комиле вуҷуд надорад.
Яке аз усулҳои асосӣ ва муосир ҷиҳати кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, коҳиш додани таъсироти антропогенӣ ба тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани тозагии ҳавои атмосфераю муҳити атроф, татбиқи амалии «иқтисоди сабз», истеҳсоли «энергияи сабз» ва дар маҷмуъ, тақвият бахшидани «рушди сабз» мебошад, ки дар ин маврид низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан дуруст мефармоянд: «Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расондани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ, тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз», таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037, воқеан, ба «кишвари сабз» табдил меёбад».
Аз ин ҷо бармало мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири мубориза бо мушкилоти глобалии экологӣ, алалхусус тағйирёбии иқлим, ҳаракати комилан дуруст дошта, бо назардошти манофеи экологӣ, иқтисодӣ ва беҳзистии аҳолӣ қабул ва амалӣ намудани барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркуниро яке аз чораҳои бунёдӣ дар ин самт меҳисобад. Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати хориҷии экологии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оянда, ки баҳри ҳифзи кураи Замин ва беҳзистии сокинони он нигаронда шудааст, андешидани тадбирҳои дурусту саривақтӣ ҷиҳати ҳалли масоили мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, кам кардани норасоии маводи ғизоию оби нӯшокӣ  мебошад. Маҳз бо ин мақсад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ғояҳои ҷаҳонии об, иқлим ва экология ба нақша гирифтааст, ки дар доираи татбиқи Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» то соли 2037 партови газҳои гулхонаиро то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода, бо амалинамоии барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040 ба «кишвари сабз» табдил меёбад.

Номвар ҚУРБОН, номзади илмҳои техникӣ, дотсент,
муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва  экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи нашр: 05.03.2024 №: 45
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив