САҲШ. ЧАРО ШАҲОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУДРО САРИ ВАҚТ НАМЕГИРЕМ?
Сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҳаёти ҳамарӯзаи шаҳрвандон нақши муҳиму босазо дорад. Зеро, агар бархе идораву ниҳодҳои давлатӣ замин, ашё, молу мулк, биноҳо, нақлиёт ва дигар лавозимотро ба қайди давлатӣ гиранд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ инсон, одам, шахс, шаҳрвандро, ки арзиши олӣ ба ҳисоб меравад, бо тартиби муқарраркардаи қонун ба қайди давлатӣ мегиранд. Чунин салоҳият ва уҳдадорӣ, мо – кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-ро вазифадор месозад, ки зимни иҷрои рисолати касбии худ ба иштибоҳ роҳ надиҳем ва бо мардум муносибати хубу намунавӣ дошта бошем.
Дар ин матлаб мехоҳам масъалаеро матраҳ созам, ки бо вуҷуди тадбирҳои анҷомшуда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз аз байн нарафтааст. Ин сари вақт ва дар муҳлати муайяннамудаи қонун гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба фарзанд аст, ки бархе падару модарон дар иҷрои ин амр саҳланкорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, дар банди аввали моддаи 8 (уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд) чунин муқаррар менамояд:
– ба фарзанд тибқи анъанаҳои миллӣ ном гузоранд;
– пас аз таваллуд фарзандро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд...
Мутаассифона, тавре гуфтем дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки талаботи ин банди Қонунро риоя намекунанд, то ба мактаб рафтани фарзандашон ба кӯдак шаҳодатномаи таваллуд намегиранд. Ин гуна мавридҳо бисёр аст, ки баробари ба синни 7-солагӣ расидани фарзандон баъд падару модарашон ба ёди шаҳодатномаи таваллуд меафтанд, ки сарсониҳои зиёдеро дар пай дорад. Ҳол он ки Қонуни мавриди назар барои ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи сабукиро пешбинӣ кардааст. Агар банди аввали моддаи 8-и ҳамин Қонунро риоя намоем, дар 90 - рӯз (3-моҳ) ба кӯдаки навзод шаҳодатномаи таваллуд ба истиснои хизматрасонии САҲШ ё ҷамоат, (иборат аз як расиди бонкӣ) худи бланкаи нишондор ройгон дода мешавад. Аммо, аксаран аз ин сабукӣ истифода намекунанд ва бо гузарондани муҳлат ба дари мақомот мераванд, ки дигар бе пардохти ҷарима намешавад шаҳодатномаи таваллудро ба даст овард.
Мо, кормандони САҲШ ҳарчанд дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба фарзандон, пешгирии никоҳи хешутаборию бармаҳал, бекоршавии ақди никоҳ, вайроншавии оилаҳо, амалҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасонро мунтазам амалӣ менамоем. Гузашта аз ин, дар дафтарҳои корӣ ҳамарӯза қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, оид ба ин масъалаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳем ва ба сокинону корафтодагон ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонем, то мушкилоти мавҷуда дар ин самт рафъ гардад.
Ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат намоед, кӯдакони навзодро то синни 3-моҳагӣ аз қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронед, ақди никоҳро то бастани ақди никоҳи динӣ ба қайди давлатӣ гиред, барои бекор кардани ақди никоҳ кӯшиш нанамоед, ба никоҳи хешутаборию бармаҳал роҳ надиҳед. Сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳатмист!
Моҳсафар АБДУЛЛОЗОДА, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Балҷувон
Санаи нашр: 05.03.2024 №: 45