ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ 

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ 

05 март 2024, Сешанбе
16
0


Онҳое, ки солҳои сиюми асри ХХ дар ободсозии водии Вахш даст доштанд, аҳамияти техникаи кишоварзиро хуб дарк менамуданд. Корҳои вазнинро мошину тракторҳои муқтадир осон мекарданд, яъне ёвари беминнати мардум буданд. Аз ин рӯ, деҳқони ҳаётдида Қувваталӣ Юсуфов ба писараш Бароталӣ, ки мактаби миёнаро хатм намуда, дар пешорӯи интихоби касб меистод, маслиҳат дод, ки ба Техникуми хоҷагии қишлоқи совхози ба номи Куйбишеви ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло хоҷагии деҳқонии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён) ҳуҷҷат супорад. Бароталӣ соҳиби касби механизаторӣ ва ихтисоси муҳандисӣ гардид. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро дар идораи хоҷагии обу мелиоратсияи ноҳияи Вахш оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои муҳандис, сардори хоҷагии оби ноҳия, роҳбари хоҷагии давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон) кор кардааст. Дар ин муддат хизмати ҳарбиро дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон адо намуд, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, соҳиби ихтисоси муҳандис - мелиоратор мешавад. 
Бароталӣ Юсуфов солҳоеро, ки роҳбари раёсати хоҷагии оби вилоят буд, ба ёд оварда мегӯяд: «Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қисми зиёди таҷҳизоту муҳаррикҳои азимҷуссаи пойгоҳҳои обкашӣ ба яғмо рафтанд, бархе корношоям гардида буданд. Сарвари давлат супориш доданд, ки заминҳои нокорами дашти Қарадуми ноҳияи Ҷайҳун, водии Бешкенти ноҳияи Носири Хусрав ва хоҷагиҳои «Гулистон»-у «Машъал»-и ноҳияи Вахшро аз нав обёрӣ намуда, шодоб гардонем. 
Албатта, ин кори саҳл набуд. Техникаҳои боркаш, экскаватору булдозерҳои азимҷусса корношоям гардида буданд. Аммо бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонистем даштҳои ташналабро аз нав эҳё намоем ва заминҳои бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид созем. Ҳамин тавр, ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардиданд ва мардуми заҳматкаши вилоят камари ҳиммат баста ҳамасола ҳосили хуб мерӯёнанд. Бо ҳамин васила некуаҳволии мардуми деҳот беҳтар гашт. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидани 75 ҳазор гектар замин, ки бо номи «Заминҳои президентӣ» машҳуранд, боис гардид, ки марди заҳматкаш бо обилаи дастони худ захираи хӯрокаи на камтар аз дусолаашро фароҳам орад.
  Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 Бароталӣ Юсуфов раиси ноҳияи Ёвон таъин мешавад. Дар солҳои роҳбарӣ ӯ тавонист бисёр корхонаҳои саноатӣ, сохтмонҳои аз фаъолият бозмондаро аз нав эҳё намояд. Албатта, мушкилиҳо зиёд буданд, аммо мақсади ягонаи вай ба кор андохтани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ буд. Мехост бо ин роҳ ба ҳадафи асосӣ, яъне саноатӣ кардани ноҳия бирасад. 
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ як қисми корхонаи «Кимиёвӣ» ва коргоҳи оҳакбарориро фаъол намуд. Дар баробари ин, корхонаҳои саноатии «Ғаюрсемент», «Моҳирсемент», истеҳсоли намаки «Экстра» -и Ёвон ба кор шуруъ карданд, ки ин ҳама боиси рушду нумӯи ноҳия гардид. 
 Дар ҳамин давра заминҳои зиёди мавзеи «Лойқасой» низ корам шуданд. Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷети маҳалӣ хонаи пиронсолон, мактаб-парваришгоҳ барои кӯдакони ятим, гимназияҳои хусусӣ, нимпайкараи «Модар», муҷассамаҳои аллома Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода бо гулгаштҳои зебо бунёд ёфта, симои ноҳияро пуршукӯҳ намуданд. 
Соли 2011 Бароталӣ Юсуфов бо фармони Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Вахш таъин мегардад. Ӯ дар давоми 6 соли роҳбариаш тавонист ин ноҳияи калонтарини вилоятро аз ҳама ҷиҳат пешсаф намояд. Имрӯз маркази ноҳияи Вахш ба як шаҳраки зебо мубаддал гаштааст, ки нақши дастони ободкори раиси собиқ ба хубӣ эҳсос мешаванд. 

Музаффар МУРОДОВ, бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон 

Санаи нашр: 05.03.2024 №: 45
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив