РӮЗИ МОДАР РӮЗИ ИДИ МОДАР АСТ...
Рӯзи Модар рӯзи хос аст. Як рӯзи иду як рӯзи пуршараф аст. Як рӯзе ҳаст, ки мо онҳоро на танҳо табрик мегӯему туҳфа тақдим мекунем, балки ҳисобот дар назди виҷдони худ медиҳем, ки мо дар ин як сол чӣ хидмате арзишманд барояш кардаем? То ба куҷо тавонистаем дили ӯро шод намудан?
Дар ҳақиқат:
Ҷашни модар рӯзи иди модар аст,
Розҳо дар мақдами вай музмар аст.
Одамиро гар Худо орад нахуст,
Одамиятро кунад модар дуруст.
Модар вожае аст, ки ҷойи онро ҳеҷ вожае гирифта наметавонад.
Модар нафаре аст, ки ӯро, мақоми ӯро ҳеҷ кас иваз карда наметавонад. Модар шахсиятест, ки тамоми ҳастияшро барои фарзанд бахшида метавонад ва бо ин бахшишҳо шод мешаваду ҳастии нав, ҳастии дигар меёбад. Дуруст аст, ки:
Сарчашмаи ҳаёти ҷаҳонанд модарон,
Зинатфизои давру замонанд модарон.
Сидқу сафои оламиёнанд модарон,
Бахту саодату дилу ҷонанд модарон.
Аз ин рӯ, бо садоқату хушнудӣ такрор ба такрор бояд бигӯем:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Ҳар миллат замоне пеш рафтаву ба дастовардҳо ноил гардида метавонад, ки модараш солим, хирадманду зиндадил аст:
Миллати зиндадил аз модари дилзинда бихоҳ,
Хона аз поя тавон гуфт чи сон хоҳад буд.
Ҳурмати модари ғамдидаву поси дили ӯ
Чун намозест, ки қарзи ҳамагон хоҳад буд.
Воқеан, ҳурмати модар қарзи ҳамаи инсонҳо маҳсуб мешавад. Модар барои ба дунё овардани тифлаш бо марг рӯ ба рӯ мешавад, бо ӯ мубориза мекунад, мехоҳад ғолибият ба даст орад, он ҳам ба чи хотир, ба хотири фарзанд.
Набинад ҳеҷ кас заҳмат ба дунё
Зи модар бештар, бечора модар,
Тамоми ҳосилаш аз умр ин аст,
Ки дорад як писар бечора модар.
Дидаем, ба чашми худ дидаем, ки агар ҳам модаре гоҳ- гоҳе ба тифлаш ғазаб мекунад ва бо қаҳр мехезад, тифл боз ҳам паноҳгоҳи худро дар оғӯши модар мебинад ва ба сӯи ӯ меравад.
Тифл аз ғазаби гоҳ ба гоҳи модар,
Бошад чу латифу узрхоҳи модар.
Модар чу ба қаҳр хезадаш, бигрезад,
Донӣ ба куҷо? Ҳам ба паноҳи модар.
Ба хидматаш бояд ҳамеша омода бошем. Мо ба ин хидмат шарафманд мешавем. Бузургонамон ба таъкид гуфтаанд:
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Тамоми хидматҳои мо агарчи ба якшаба ранҷе, ки бароямон кашидааст, намебарояд, аммо масъулем, ки бояд сар аз хидматаш напечем:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Хидматҳои ӯ бо бузургиҳояш бисёр васф шуда, то мо ӯро фаромӯш накунем, ҳамеша пеши назар дошта бошем ва ҳеҷ чизро аз ӯ дареғ надорем:
Равони модарам шодон, ки умре
Маро дар роҳи Эзид раҳбарӣ кард.
Ба гӯшам нағмаи тавҳид сар дод,
Ба ҷойи модарӣ пайғамбарӣ кард.
Ҳама хатоҳои моро модарон мебахшанд, ба дил намегиранд. Барҳақ гуфтаанд: «Модарон ҳамеша мебахшанд. Муҳаббате қавитар, устувортар аз муҳаббати модар дар дунё вуҷуд надорад. Дуруст аст, «касоне, ки гӯшаи гаҳвораро ба даст доранд аз онҳое, ки зимоми корҳоро дар даст гирифтаанд, тавонотаранд».
Воқеан, «ҳеҷ чиз ба андозаи дидани як модар, вақте ки тифлашро дар оғӯш дорад, руҳпарвар нест ва ҳеҷ чиз ҳусни эҳтирому ситоиши моро ба қадри ҳолати модаре, ки кӯдаконаш ӯро иҳота кардаанд, бедор намекунад».
Дуруст аст, ки дунё барои озодии миллат ва ободии кишвар пеш аз ҳама ба модари солиму огоҳ ниёз дорад.
Модар ҳамеша азиз аст, «ҳатто пас аз марг боз ҳам модар муқаддастарин мавҷуди зиндаи ҷаҳон аст».
Имомназар СИРОҶЗОДА
Санаи нашр: 07.03.2024 №: 46