МАКТАБИ БУЗУРГИ ЗИНДАГӢ
Модарҷони азизам, модарҷони сафобахши зиндагию баракати рӯзгорам, инак, боз Рӯзи Модарро бе ҳузури ту, бо ҳасрат, бо дарду алам, бо оби дида бари рӯ ва ҳадияи як каф дуо ба руҳи покат таҷлил мекунам.
Модарҷони фариштарӯю фариштахӯям, накугуфтору накупиндору беозорам, лаҳзае нест, ки ёдат накунам. Бо ҳар бори ёд кардан симои нуроният пеши назарам намудор мегардад ва дил дар фироқи рӯят месӯзаду сиришк аз дидаҳо сарозер мешавад.
Ҳар гоҳе шаб ба поён мерасаду рӯз дида боз мекунад ва барои рафтан ба кор тараддуд мебинам, ба назарам чунин менамояд, ки чун аз ҳуҷраам берун меоям, туро мебинам. Мебинам, ки дар роҳрав косаи дами гарм дар даст истодаӣ ва ҳамон табассуми зебо бар лаб мегӯйӣ: «Духтарҷонам, агар ҳазор шитоб дорӣ, то нахӯрӣ, раҳоят намекунам. Охир, субҳи солеҳон хеста, инро бароятон пухтам... ». Аммо дармеёбам, ки ин ҳама як хаёлест, як руъёст, ноумед мешавам, диламро пардаи ғам мепӯшонад, табъам хира мегардад, аламам меояд, инони гиряро мегирам.
Модарҷон, зиндагӣ бе ту сахт аст бароям. Чун нестӣ, зиндагӣ бо ҳама таровату рангорангию зебоияш пеши назарам ранг бохтааст. Акнун дарёфтам, ки он аз баракати ҳузури ту дар хеш ҳазор рангорангию зебоӣ доштааст.
Модарҷон, на танҳо барои ман, балки барои фарзандону наберагон, хешу табор, шогирдонат ва ҳамсояҳоят зиндаю ҷовидон ҳастӣ. Ҳамеша ба некӣ ёдат мекунанд, аз меҳрубониву дасткушодию хайрхоҳият мегӯянд. Мегӯянд, ки фаришта буд, фариштаи заминӣ ва бо фариштаҳои осмонӣ пайваст.
Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Мактабро хатм кардам. Бояд барои ба донишгоҳ дохил шудан ба пойтахт меомадам. Дилат қарор нагирифт ва ҳамроҳам омадӣ. Баъди супоридани ҳуҷҷатҳо то нимаҳои шаб бароям дарс гуфтӣ. Ман эҳсоси хастагӣ мекардам. Аммо ту чунин набудӣ. Ба ҳамеша сари кор будан одат карда будӣ. Чун дар хонаамон, ҳатто дар дили шаб ҳам барои муҳайё кардани нони даҳони фарзандон сари дастгоҳи дӯзандагӣ менишастӣ. Бедорхобӣ бароят як кори маъмул гардида буд. Маро рӯи китоб хоб пахш мекард. Бо гузашти фурсате сарамро сила карда, бо навозишу меҳрубонӣ бедорам мекардӣ. Себи поракардаатро дар тақсимча пешам мегузоштӣ, то тановул бикунаму мадор бигирам ва хоб аз хонаи чашмам канор раваду ба имтиҳони дохилшавӣ омода бошам. Мегуфтӣ, ки, духтарҷон, барои даст ёфтан ба барору муваффақият заҳмат бояд кашид, меҳнат бояд кард. Ҳеҷ роҳат бе кӯшишу саъю талош ба даст намеояд. Ҷаҳду талошҳо барабас нарафт Модарҷон, донишҷӯ шудам. Албатта, бо дуои неку дастгирию ҳидоятҳою ғамхориҳоят. Дар чанд рӯзе, ки дар пойтахт будем, ба худ иҷозат надодӣ, ки аз кори хайру савоб дастбардор бошӣ. Дар ин ҷо ҳам дасту остин барзадӣ. Хамир шӯридию зувола гирифтию оши бурида омода карда, ба ҳама инъом намудӣ. То охири умр дасти сахоят боз буд, модарҷон.
Солҳо паси ҳам мегузаштанд. Мо – фарзандонат ҳам бузург мешудем. Аммо барои ту ҳанӯз ҳам ҳукми кӯдакро дош-тем. Ҳамеша воқифи ҳоламон будӣ. Соли 1993 дар мансаби муфаттиши раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб фаъолият менамудам. Вазъият бениҳоят душвор буд. Ёдам ҳаст. Як рӯз аз тиреза ба берун нигаристам. Дидам, ки ба ҳавлии раёсати корҳои дохилӣ, ки канораҳои роҳрави онро гулҳои зебои садбарг зинат медоданд, низомипӯшони мусаллаҳ ворид гардиданд. Садои боз шудани дари дафтари кориам маҷбурам кард, ки нигоҳ пас гирам. Марди низомии баландқомате дар китф силоҳ ва бо саги бадҳайбат ворид шуда, ба нафрат ба сӯям нигаристу зан аст гуфта, дарро бо ғазаб пӯшид. Ҳамин лаҳза садои тирпарронӣ баланд гардид. Ҳаросон давида ба кӯча баромадам. Давру бари ниҳоди моро силоҳбадастон бо танку дигар лавозими ҷангӣ иҳота карда буданд. Пеш аз ҳама, чашмам ба ту – модарҷони ҷасурам афтод, ки ҳаросон ба ҳар тараф менигаристӣ. Духтари навкоратро ҷустуҷӯ мекардӣ. Ба хона баргаштем. Шояд дигар модар мебуд, монеи идомаи кори духтараш мешуд. Аммо аз ин шумор набудӣ. Гуфтӣ, ки духтарам, давлат барои таълиму тарбияат маблағи ҳангуфт сарф мекунад, акнун имрӯз фурсати он фаро расидааст, ки ту барояш хидмат бикунӣ. Рӯзи дигар бароям дуо додию ба кор гусел кардӣ. Ҳатто, шабу рӯзи интихобот, ки ба ҳимояи сохти конститутсионӣ рабт мегирифт ва сар задани ҳама гуна рухдоди нохуш эҳтимол дошт, аз худ ҷасорату мардонагӣ нишон додӣ. Иҷозатам додӣ, ки бо дигар бонувони ҷасури мақомот шабу рӯз бо мардум бошаму кори фаҳмондадиҳӣ барам. Чунин муносибатат имрӯз бароям сарбаландию рӯсурхӣ овард, соҳибэҳтиромам кард. Ҳама муваффақиятам аз хиради ояндабинӣ ва баракати дуои сидқи туст, модарҷони азизам.
Модарҷон, ҷони ҷонам, кадом коратро нависам? Ҳаётат бароям як мактаби бузурги зиндагист. Ҳар рӯз бо ёд овардани порае аз он зиндагиамро месозам.
Хонаам бе буданат сарду холист. Куҷоӣ, ки сар ба зонуят гузораму бо расидани дастонат ба сарам хастагиам рафъ шаваду неруву тавоноӣ бигирам, бо дидани симои нуронию зебоят зиндагӣ бароям рангинтар шавад, бо шунидани ҳарфҳои пандомӯзат ба оламу одам дилгарм гардам...
Ҳар субҳ пеши назарам меоӣ. Ғамзада аз хона берун мешавам. Бегоҳ чун бармегардам, дарро ба рӯям боз намекунӣ. Табассуми зебо бар лаб намегӯӣ: омадӣ, духтарҷон, дер кардӣ, гушна мондӣ, ёдат кардем...
Сабуриро ҳам аз ту омӯхтаам, модарҷонам. Хонаи охиратат пурнур бод, модарҷони яктову беҳамтои ман.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия