ЖУРНАЛИСТИКА: АСОЛАТ ВА РИСОЛАТ
(Андешаҳо оид ба журналистикаи муосир)
Мафҳумҳои «журналистика ҳамчун ниҳоди (институти) иҷтимоӣ», «маданияти касбии журналистӣ», «мавқеи иҷтимоии журналист», «шаклдигаргункунии арзишҳои касбӣ» ва амсоли инҳо алоқамандона ташаккул ёфта, журналистон худро дар доираҳои касбӣ ҳамчун «одами худӣ» эҳсос мекардагӣ шуданд. Оғоз мекунем аз охирин мафҳум: «шаклдигаргункунии арзишҳои касбӣ». Пӯшида нест, ки журналистика дар умум «догма» нест, он тағйиру табдил мепазирад, дар заминаи пешравиҳои ҷамъият самтҳо ва хусусиятҳои нав ба навро касб мекунад, забону услуби он ба шароит мутобиқ мегардад, инноватсияҳо ба он ворид мегарданд ва амсоли инҳо. Аммо тағйиру табодул, аз ҷумла инноватсияҳо он вақт қобили қабуланд, ки онҳо ҳамчун арзиши нав ва воситаи ғанӣ гардонандаи ин соҳа зуҳур намоянд.
Дар давраи нав яке аз падидаҳо дар ВАО маводҳое мебошанд, ки хусусияти тиҷоратӣ доранд. Онҳо ба тамоми маънӣ аз лиҳози касбият номақбуланд ва бидуни шубҳа дар шуури ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Вақте ки як нафар оид ба худ маводи таърифие чоп мекунад ё амволи беарзишу зарароварро меситояд, ки дар ниҳоят ба манфиати аҳли ҷамъият нестанд, эътиқоди хонандагон мекоҳад. Коҳиши эътиқод коҳиши эътибори ВАО-ст! Ногуфта намонад, ки ҳамаи ҷиҳатҳои мусбат онҳоро ин ҷо мувофиқи як навиштаи нисбатан хурд баён намудан имконнопазир аст. Аммо соҳибкасбону хонандагон ва мухлисони бешумори ин соҳа ба хубӣ онҳоро дарк мекунанд. Дар собиқ журналистони ба маънии том касбӣ хеле кам буданд, дар қатори онҳо ҳар як ҳайати эҷодӣ мактаби такмили ихтисос ба шумор мерафт. Дар онҳо кадрҳои ин соҳа аз ҳисоби олимаълумотҳо ё шахсони соҳибистеъдод тарбия карда мешуданд, ки аксари он дар рушди соҳа заҳматҳои беандоза нишон додаанд. Имрӯзҳо армияи журналистон ҳисоб надорад: аввалан, онҳое, ки бевосита дар ВАО хизмат доранд, дувум, онҳое, ки дар макотиби олии мамлакат ихтисоси мазкурро соҳиб гардидаанд, савум онҳое, ки дар ҷайби худ корти аъзоии ИЖ-ро доранд. Журналист бояд чун дар тамоми соҳаҳо салоҳиятҳои касбиро дошта бошад: донишҳои мушаххаси касбӣ, малакаҳои эҷодӣ, истеъдод, тафаккури таҳлилӣ, меъёрҳои ахлоқию маънавии касбӣ (ин асоси муваффақиятҳои касбӣ аст!, мутобиқат доштан ба талаботи ҷомеаҳои журналистӣ ва эҷодӣ. Маҳз ба туфайли онҳо дар соҳаи арзишоти иҷтимоии касбӣ мавқеъ пайдо мекунад. Маданияти касбӣ. Ин мафҳум маҷмуи қоидаҳои аз «А» то «Я» муайяншударо дар бар мегирад. Яъне, фаъолият карда тавонистан дар доираи омилҳои беруна – низоми сиёсӣ, сатҳи тараққиёти иқтисодиро донистан, номгӯи вазифаҳои афзалиятноки давлатиро донад ва ғайра. Инчунин, омилҳои дохилӣ- фаъолияти он ба Низомномаю Оинномаи нашрия мувофиқат кунад, садоқат ба касби худ, истеъдоди эҷодӣ дошта бошад, аз нозукиҳои касби худ огоҳ бошад. Журналис-тика дар доираи талаботи худ мафҳумҳои маҳаллию ҷумҳуриявиро надорад ва агар ин мафҳумро бишнавем, хусусияти ҷуғрофии он ба назар гирифта мешавад. Талабот ба ҳамаи журналистон як аст! Ба қавле «журналист дар Африқо низ журналист аст». Аммо бо вуҷуди он, ки кадрҳои соҳибкасб хеле зиёданд, дар баъзе нашрияҳо одамони аз соҳа камхабар роҳбарӣ доранд, нафарони бесалоҳият бо кортҳои кисаашон даъвии журналистӣ менамоянд, ки ин ҳолат, асосан, хавфи халал ворид кардан ба нуфузу эътибори журналистро дорад. Журналист нафаре аст, ки он ҳамчун субъекти фаъолияти ин соҳа – маром, лаёқат, ақида, самтгирӣ, тамоили касбӣ, мавқеи иҷтимоии қавӣ ба он хос бошанд. Он зимни ифтихор кардан ба ин унвон бояд сабки нигориш, жанри баргузида, забони хос, услуби офариниши публитсистӣ, маҳорату малакаро дошта бошад, дар нашрияҳои даврӣ «нафари доимӣ» бошад, яъне арзиши ӯ, муҳимияту коршоямии ӯ асоси мавқеи касбиашро ташкил медиҳанд. Чанде пеш аз тариқи интернет озмуни журналисти беҳтарин эълон гашт. Вақте ки бо пешниҳодшудагон шинос мешавед, танҳо шахсияти хуб ё масъулеро мебинед. Дар онҳо мушаххасоти фаъолияти журналистии пешниҳодшудагон ба назар намерасад.
Журналистика ҳамчун илми мустақил, дорои жанрҳои хоси худ аст, ки аз жанри хурдтарин – хабар оғоз ёфта, то мақола, лавҳа, репортаж (гузориш), эссе, памфлет, очерку публитсистикаро дар бар мегирад. Гуногунжанрӣ боиси беҳтар гардидани сифати нашрия, ҷалби таваҷҷуҳи доираи гуногуни хонандагону мухлисон хоҳад гашт. Аммо аксар чунин вонамуд мешавад, ки дар нашрияҳои замонавӣ ин жанрҳо нодаркоранд. Жанрҳо дар ҳамаи давру замонҳо ва дар ҳамаи сохти сиёсӣ ҳамчун ҷанбаҳои касбӣ ҳаққи мавҷудият доранд. Ҳатто, жанри хабар, ки зимни таҳлилҳо яке аз омилҳои асосии хонданибоб шудани рӯзнома ё худ жанри пешраву оҷилияти онҳо буд, дар шакли хоси худ (Чӣ? Кай? Дар куҷо?) ба назар намерасад. Сармақола. Ҳамаи доираҳои эҷодии маҳаллию вилоятӣ фаъолияти ҳарҳафтаинаи худро аз таҳлилу омӯзиши сармақолаи рӯзномаҳои умумиҷумҳуриявии давлатӣ сар мекарданд. Дар онҳо вазифаҳои аввалиндараҷаю афзалиятноки ҷомеа, миллию давлатӣ баён мегардиданд, ки муҳтавои маводҳои ҳафтаинаро таҷассум мекарданд, онҳо дар навбати худ нақшаи фаъолияти минбаъда ба ҳисоб мерафтанд. Ҳоло аз он на ҳама вақт истифода мешавад. Оид ба мақолаҳои ба истилоҳ «ташкилӣ» ҳаминро бояд гуфт, ки дар матбуоти рӯз миқдори онҳо ҳадду андоза надорад. Аз як тараф қисме рӯзмарраанд, қисми дигар асоси тиҷоратӣ доранд, дар «зеҳн»-и маводҳои дуюмӣ пӯчбаёнӣ ва таърифу тавсифҳои беасос ҷойгиранд. Аз чунин зуҳуроти хавфнок даст бояд кашид. Дар як давраи муайян ВАО -и миллӣ ба авҷи аълои тараққиёти худ расид. Аз он хотир, ки журналистон ду забонро ба хубӣ балад буданд. Имрӯз барои рушди бештари касбӣ донистани камаш се забон, яъне давлатӣ, русӣ ва англисӣ аввалиндараҷа аст, ки дар ин бобат Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд.
Журналистам, нишони миллат - ман!
Чашму гӯшу забони миллат - ман!
Ҳарфи ман ҳотифи саодати ӯст,
Мӯҷиби итминони миллат - ман!
Сабз андар қаламраваш ҳарфам,
Душмани душманони миллат - ман!
Ҳафт иқлим шиносадам имрӯз,
Ҳомии роздони миллат - ман!
Пешаам баҳри ӯ вафодорист,
Эҳтиёткори ҷони миллат - ман!
Шехмирзо РАҶАБӢ, журналист
Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48