ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАМУНАИ ОЛИИ АРҶГУЗОРӢ БА ЗАН-МОДАР
Хешро саодатманд меҳисобам, ки тайи фаъолияти чандинсола, бо тақозои касбу вазифа, иштирокдори чанде аз мулоқоту вохӯриҳо бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ин шахсияти сулҳофару сулҳпарвар, ватанхоҳу миллатдӯст будам.
Суханрониҳои пурмазмун, бофасоҳату босалосат, гарму самимона ва саршори муҳаббаташонро борҳо рӯ ба рӯ шунидаву барои худ бардоштҳои судманде ҳосил кардаам. Хусусан, суханрониҳои Роҳбари давлат зимни мулоқоташон бо бонувони кишвар бахшида ба Рӯзи Модар диду назар, муҳаббату садоқат, самимияту масъулияти шунавандаро дучанд намуда, эҳсоси фараҳбахши модар доштану модар будан ва рисолати модардориву модариро бедор месозад.
Тавре баён доштанд: "Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб Модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардондаанд" ва ё "Модар яке аз бузургтарин муъҷизаи Худованд дар рӯйи Замин аст. То ҳол калимоте ва ё сухане, ки битавонад мақому манзалати ӯро, ки шоистаи ситоишаш бошад, ёфт нашудааст".
Бале, модар доштан давлати бузург аст, тифли маъсуму кӯчак маънии зиндагиро аз чашмони модар, раҳму шафқат, самимияту изҳори лутфро аз дили бузурги модар, некиву накукорӣ, рафтори шоистаи инсониро аз нигоҳи пурмаънои модар, хастагинопазириву заҳматписандиро аз қомати хамгаштаи модар, садоқатмандиро аз садоқати модар, забони нобу ширини тоҷикиро аз аллаву насиҳату дуои неки модар меомӯзад. Фатвои неки ифтитоҳи худро аз модар медонад.
Бояд зикр кард, ки маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат имрӯз мақому манзалати Зан-Модари тоҷик хеле назаррас гардидааст. Пешвои миллат барои беҳтару хубтар гардондани шароити зиндагӣ ва фаъолияти онҳо дар тамоми самтҳо пайваста талош меварзанд. Соли 1999 ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" ҳамчун санади тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт гашт. Илова бар ин, то имрӯз барои дастгирии занону бонувони тоҷик зиёда аз 60 санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расидаанд.
Натиҷаи чунин ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки ҳоло Тоҷикистон, бино ба эътирофи коршиносон, аз лиҳози шумораи намояндагони бонувон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.
Муҳимтар аз ҳама он аст, ки Сарвари давлат ҳамеша таъкид месозанд: "Ман аз оғози фаъолиятам занону бонувонро ҳамчун пуштибони худ эҳсос мекунам ва ба нерую қувваи тавоно, созанда ва хастагинопазири онҳо эътимоди бузург дорам. Ҳар он ҷое, ки зан ҳаст, он ҷо ободӣ ҳаст, пешравӣ ҳаст, тартибу низом ҳаст...".
Пешвои миллат ба шарофати ҳамин сиёсати арҷгузорӣ ба Зан-Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи бонувонро Рӯзи Модар номгузорӣ кардаанд ва ин ид, ба гуфтаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ин рӯзро шоиставу муқаддас мегардонад, зеро марбут ба номи муқаддаси модар аст.
"Халқи тоҷик дар тули таърихи худ бисёр нобиғаҳоро ба воя расонидааст, ки ифтихори тамоми инсоният мебошанд. Мо умед дорем, ки модари тоҷик дар қарну ҳазораи нав низ чунин шахсиятҳоро ба дунё оварда, ба воя мерасонанд, ки ба мисли Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар фарзандони родмарди тоҷик номбардори миллати куҳанбунёди хеш гардида, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург мегузоранд", – зикр кардаанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш ба ифтихори Рӯзи Модар.
Мегӯянд, ки бузургии шахсият бештар дар фаъолияти корияш ҳувайдо мегардад. Воқеан ҳам, Пешвои муаззами миллатамон бо рафтору ибтикори ҳамарӯзаи хеш, суханони дилрас ва таъсирбахш ба дили ҳазорон ҳазор мардум роҳ ёфтаанд.
Роҳбари соҳибэҳтироме мебошанд, ки эҳтироми мардумро бо наҷобати баланди инсонӣ, ватандӯстии бемислу монанд ва садоқати тасаввурнопазир нисбат ба халқу миллати хеш торафт афзун мегардонанд.
Дилноза АҲМАДЗОДА,
муовини сардори
Саридораи ҳифзи сирри
давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон