МАОРИФ. ОМӮЗГОР ҲУҚУҚИ МАЪНАВИИ ХАТО КАРДАН НАДОРАД
Дар ҳар Паёми созанда ва раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф мавқеи асосӣ дорад. Забономӯзӣ, компютеркунонӣ, боло бардоштани сатҳи таълиму тарбия, беҳтар намудани сифати китобҳои дарсӣ, тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи давр, беҳбудии зиндагии омӯзгорон, фароҳам овардани имтиёзҳо барои таълимдиҳандагон аз масъалаҳоест, ки то Паёми навбатӣ баррасӣ шуданд.
Тарғибу ташвиқи китобхонӣ, аҳамияти ҷиддӣ додан ба омӯзиши илмҳои дақиқ, сохтмону таҷдиди мактабҳо низ дар ин шумор аст. Ба хотири пешрафти соҳа бо ташаббусу пешниҳоди Сарвари давлат озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва пештар аз он маҳаллӣ таъсис ёфтанд. Ғолибон бо мукофотҳои калони пулӣ қадр гардиданд. Дар ин замина барномаҳои муфид низ қабул шуданд, ки аксари онҳо дар муҳлатҳои муайяншуда иҷрои худро ёфтанд.
Маълумотҳои навине, ки дар ин Паём (28-уми декабри соли 2023) омадааст, хеле хушҳолкунанда мебошанд. Аз он ҳама бармеояд, ки соҳа дар даврони истиқлоли давлатӣ хеле рушд кардаву пеш рафтааст. Аз ҷумла, ироа шуд: «Аз 3300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардиданд».
Воқеан, мо чунин дастовардро пештар аз ин, яъне то замони истиқлол соҳиб нагардида будем.
Аз рӯи «маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд».
Бо шукргузорӣ аз сиёсати дурусту хирадмандонаи Пешвои миллат ва истиқлоли давлатӣ дар ин самт барои пешравии беҳтари соҳа мо-омӯзгорон бояд бештару беҳтар саъю кӯшиш ба харҷ диҳем. Инчунин, вобастаи талаботи даврони навин донишу таҷрибаамонро биафзоему такмил бидиҳем.
Сарвари давлат пештар аз ин Паём таъкид доштанд, ки омӯзгор ҳаққи хато карданро надорад. Воқеан, хатои омӯзгор хатои ҷомеа маҳсуб мешавад ва зарари он ба инсоният ва тамоми соҳаҳои дигар мерасад.
Ин нукта мавриди зикри махсус бояд бошад, ки Пешвои миллат, тавре ёдовар шудам, ба мо ва фаъолиятамон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд ва ҳамасола дастур медиҳанд, ки маоши вазифавиамон баланд бардошта шавад. Ҳамчунин, ба соҳаи маориф бештар аз ҳама соҳаҳои дигар маблағгузорӣ мегардад.
Хайриддин САИДЗОДА, омӯзгори МДТ "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"
Санаи нашр: 13.03.2024 №: 49