РОҲУ НАҚЛИЁТ. АЗ ДАСТОВАРД ТО МУШКИЛОТ
Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра буда, масъулони Вазорати нақлиёт ҷиҳати беҳтар кардани шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифода аз тамоми имконот мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
ҲИССАИ СОҲА ДАР ММД ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ
Ҳиссаи соҳа дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) беш аз 10,9 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Саҳми соҳаи нақлиёт дар ММД-и ҷумҳурӣ ба 8,4 дарсад расид. Соли рафта ба воситаи ҳама гуна намуди нақлиёт аз ҷумҳурӣ 120 миллиону 576,1 ҳазор тонна бор интиқол ёфт. Аз ҷумла, тавассути нақлиёти автомобилӣ 114,1 миллион тонна ва роҳи оҳан зиёда аз 6,4 миллион тонна бо гардиши умумии беш аз 12,1 миллиард тонна/км ва қариб 900 миллион мусофир интиқол дода шуд, ки назар ба соли 2022 зиёд аст. Ҳоло баҳри пешрафти кор ва боз ҳам беҳтар бар роҳ мондани сатҳу сифати ҳизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёту роҳ чор барнома мавриди татбиқ қарор дорад.
АЗ 30 ТО 80 ДАРСАД САБУКӢ ТО МУШКИЛИИ АСОСӢ
Тавассути роҳи оҳан беш аз 6,4 миллион тонна бор ва 456,1 ҳазор мусофир интиқол ёфт. Азим Иброҳим иттилоъ дод, ки тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ, Роҳи оҳани Тоҷикистон барои зиёд кардани ҳаҷми боркашию мусофирбарӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазам аз 30 то 80 дарсад вобаста ба намуду ҳаҷми маҳсулот, инчунин, интиқоли бору мусофирон сабукӣ пешниҳод менамояд.
Фарсудаву корношоям шудани вагонҳо ва локомотивҳо барои корхона мушкили асосӣ боқӣ мемонад. Ҳоло аз 1971 вагони боркаш 1431-тоаш корношоям мебошад. Муҳлати истифодабарии 784 вагон ба охир расидааст. Аз 43 локомотив 16-то ва аз 399 вагони мусофирбарӣ 245-тоаш корношоям аст, инчунин, 100 вагони мусофирбарӣ тибқи фармоиши Ҳукумати ҷумҳурӣ аз эътибор соқит гардид.
ТАТБИҚИ 58 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРИИ СОҲА
Дар ҷумҳурӣ солҳои соҳибистиқлолӣ 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳҳои оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, тавассути Вазорат дувоздаҳ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи як миллиарду 52 миллион доллари ИМА тибқи Созишномаи қарзию грантӣ, аз ҷумла 931,5 миллион доллари ИМА тибқи қарордодҳои имзошуда, татбиқ мешаванд.
Дар ин давра роҳҳои автомобилгарди қитъаи Қизилқалъа – Бохтар бо дарозии 9,2 км, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт 58,9 км ва роҳи автомобилгарди маҳаллии Муъминобод – Ғеш – Чилдухтарон бо дарозии 21 км ба истифода супурда шуданд, ки яке аз дастовардҳои соҳа мебошанд. Ҳамзамон, километри 36-и шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ, ки қитъаи садамавӣ буда, ду гардиши хатарнок дошт, таҷдид гардид.
РАҚАМИКУНОНӢ ВА ФОНДИ РОҲ
Яке аз самтҳои асосии рақамикунонии соҳа низоми идоракунии дороиҳои роҳ аст, ки аз тарафи шарикони рушд дастгирӣ меёбад. Ҳоло дар КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» чордаҳ коргар фаъолият дошта, аз 26 модули рақамикунонӣ ҳашт модули он коркард ва истифода мешавад. Бо дастгирии Бонки осиёии рушд аз тарафи ширкати Data Collection limited (DCL)-и Зеландияи Нав системаи нави баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо ROMDAS ба ҷумҳурӣ ворид гардид, ки барои ҷамъоварии маълумот дар бораи муайян кардани ҳолати роҳҳои автомобилгард равона мешавад. Соли рафта аз моҳи сентябр КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ҷамъоварии маълумот оид ба дороиҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро шуруъ кард. Дар умум, аз 3383,6 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи истифодаи дар тавозуни Вазоратбуда 1885,2 км ё 55,7 фоизи маълумот оид ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ шуд. Маълумот барои коркарду омода кардани харитаи электронӣ ба машваратчиёни байналмилалии ширкати Corporate Solutions ирсол шудааст.
Вобаста ба масъалаҳои таъсиси фонди роҳ, тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҳаракат дар роҳ ворид гардида, дар мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахдор қарор дорад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»