АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД
АНДОЗ
Директори корхона беш аз 2 миллион сомониро пинҳон кардааст
Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Устувор-2017»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ф. Гадойбоев барои саркашӣ аз супурдани андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Тавре дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, номбурда бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт хилофи талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кардааст. Чунончи, ӯ аз 1-уми апрели соли 2021 то 1-уми сентябри соли 2023 бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохтҳои андоз, манбаи андозбандишавандаро пинҳон намуда, дар ин замина, бо роҳи пешниҳод кардани делоратсияҳои носаҳеҳ ба мақомоти андоз ҷамъ ба маблағи 2 212322 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳо маблағи 2 846643 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ намуда, бо ин амалаш ба давлат зарари калони моддӣ расондааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Ф. Гадойбоев бо дастрасии моддаи 292 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ (саркаши аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
ҚАЛЛОБӢ
Нархи курсии сармуҳосиб боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ шуд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба як масъули Муассисаи давлатии “Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе” хабар дод.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентӣ, А. Файзов ба ҳайси саркори ин муассиса моҳи апрели соли 2022 бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд К. Қурбонов даромада, аз ӯ бо ваъдаи таъин намудан ба вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии “Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе” 100000 сомонӣ гирифтааст. Вале ягон амали муайянро иҷро накарда, пулро ба манфиати шахсиаш сарф ва бо ин кирдори қасдонаи худ ба К. Қурбонов зарари махсусан калони моддӣ расонд.
Дар робита ба ин ҳолат, нисбати А. Файзов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.03.2024 №: 50