НАВРӮЗ. ҶАШНИ НАВСОЗӢ ВА ПАЙМОНИ БАШАР
Дар миёни чаҳор ҷашни бузурги тақвими миллии таърихии тоҷикон ва ҳама ақвоми ориёӣ, яъне Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ки дар даврони истиқлоли сиёсии Тоҷикистон дубора дар сатҳи давлатӣ ва дар матни фарҳанги миллию мардумӣ эҳё гардидаанд ва дар ҳоли такомули рӯзафзун қарор доранд, Наврӯз ҷойгоҳи хосу вижа дорад.
Ин ҷашнҳо ҳамагӣ хуршедмеҳвар ва бар мабнои таҳаввули табиии Замин ва Кайҳон бино ниҳода шуда, дар асл ҳалқаҳои баҳампайвасти як занҷираи заррини замонӣ, кайҳонӣ, заминӣ ва маънавӣ мебошанд.
Ҷашни Сада, ки бино ба иттилои аксари пажӯҳишгарон панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз (дар ҷамъ сад) қабл аз Наврӯз меояд ва аз таҳаввули навини неру ва фурӯғи тозаи Хуршед паём медиҳад, дар баробари он ки мабдаи таърихи кашфи оташ ва ба ин васила, оғози марҳалаи нави тамаддун – даст ёфтан ба филизот ва вораҳидан аз тангнои асри санг (қарни ҳаҷар) аст, бо ин ҳама азамат чун муқаддима, пайк ва талоядори Наврӯз шинохта ва васф шудааст.
Ҷашни Тиргон, ки мабдаи он аз номи фариштаи Тир – муваккил бар ситорагон аст ва рӯзи сездаҳуми ҳар яке аз моҳҳои шамсӣ мебошад, ба сездаҳи моҳи Тир (аз 22-юми июн то 22-юми июл) рост меояд, яъне 4-5-уми июл, ба муносибати пайванди ин рӯз бо ду эзади об – Тир ва Ноҳид (Аноҳито), махсуси ҷашни об ва бузургдошту такрими ин неъмати зиндагибахш дониста шудааст. Тибқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия”, ба эҳтироми ин рӯз мардум сару тан мешустанд ва бунёди ин ҷашнро ба Кайхусрав нисбат медоданд. Ин ҷашн бо номҳои обон, обонгон ва обрезгон низ маъруф будааст. Ҳамчунин, сабаби номгузории ин рӯзро ба тир андохтани Ораш барои таъйини марзҳои Ориёнзамин ва рӯзи бузургдошти мақоми нависандаву дабир ва баробар кардани мақоми онҳо ба деҳбадону деҳқонон аз тарафи шоҳи каёнӣ Таҳмурас – ёдгиранда ва омӯзонандаи хат ва дабирӣ донистаанд. Ин ҷашн низ, хусусан бо ҳурмат ва бузургдошти унсури об, покиза кардани маҷрои обҳо, расми шустушӯйи идона ва ҳадяи қаламу сухан дар ин рӯз бо Наврӯз моҳиятан пайванд меёбад.
Ҷашни Меҳргон баъд аз Наврӯз муҳимтарин ҷашни мардуми ориёист, ки аз рӯзи 16-ум (меҳррӯз) то 21-уми меҳрмоҳ (8 октябр) тақрибан нуқтаи муқобили Наврӯз ва баробар бо эътидоли тирамоҳӣ ба муддати панҷ рӯз бо маросими хосе баргузор мешудааст. Рӯзи 16-ум ба Меҳргони кӯчак ва рӯзи 21-ум (ромрӯз) ба Меҳргони бузург маъруф будааст.
Умумиятҳои Меҳргон бо Наврӯз, хоса дар баргузории маросими таҷлил, аз ҷумла гулханафрӯзӣ бо истифода аз маводи хушбӯй, расми эҳдо ва ҳамин мақтаи замонӣ, яъне эътидоли шабу рӯз мебошад. Аммо дар ҳамин ҷост, ки боз бартарӣ ба Наврӯз дода мешавад, чун баъди эътидоли наврӯзӣ баръакси эътидоли меҳргонӣ гардиши замон ба афзунии тобиши нуру рӯшноӣ, дароз шудани рӯзҳо ва нерумандтар шудани Хуршед мусоидат мекунад.
Шоҳоне ҳам, ки ин ду ҷашни бузургтарин ба номи онҳо нисбат дода мешавад, яъне Ҷамшед ва Фаридун, дар азамат ва аҳамият хос мебошанд.
Мувофиқи иттилооте, ки дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ” оварда шудааст, силсилаи офариниш дар боварҳои қадими ориёӣ дар “Гоҳанбор” ба сурати муназзам ва давра ба давра зикр гардида, ки аз бисёр ҷиҳат мазмуни он бо мазмуни китобҳои муқаддаси ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд. Марҳалаҳои офариниши олами ҳастӣ дар “Гоҳанбор” ба шаш давра бахш мешавад, ки дар поёни ҳар яке аз ин шаш давра панҷ рӯзи осоишу ҷашн дар назар гирифта шуда ва ин шаш давра ҳамроҳ бо рӯзҳои ҷашну ид як соли комилро ташкил медиҳад.
Дар гоҳи аввал аз “Гоҳанбор” дар рӯзи чиҳилумини соли офариниш осмон офарида шуда, панҷ рӯз баъди он ид аст ва охири ин давра ба понздаҳуми моҳи урдибиҳишт рост меояд. Дар гоҳи дувум об офарида мешавад ва ин марҳала ё гоҳ бо панҷ рӯзи ҷашнҳои он яксаду панҷумин рӯз (понздаҳи тир) аст. Дар гоҳи савум замин, гоҳи чаҳорум гиёҳҳо, гоҳи панҷум ҷонварон ва ниҳоят дар шашумин гоҳ, ки бо панҷ рӯзи ҷашнҳои он сесаду шасту панҷумин рӯз (охири исфандмоҳ) мешавад, инсон ба олами ҳастӣ меояд. Баъд аз он рӯзи аввалини фарвардинмоҳ меояд, ки нахустин рӯзи он ҷашни Наврӯз аст ва ин ҷашн, ки, ҳамчунин, чанд рӯз идома меёбад, ҷашни поён ва хулосаи офариниш ва дар ниҳоят ҷашни таҷлили азамат ва каромати ба қавли ҳаким Хайём “мақсуд зи ҷумла офариниш” – яъне Инсон мебошад.
Бидуни баҳсу баррасӣ рӯйи ҷузъиёти ин навъ ривоятҳои бостониву достонӣ, моҳияти онҳо дорои аҳамият аст ва дар ин ҳол моҳият ин аст, ки ҷаҳони ҳастӣ барои Инсон офарида шуда ва Инсон мақсуд ва ниҳояти силсилаи офариниш мебошад.
Агар ба таҳқиқи доманадоре ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ шавад, ки чи падидаҳо ба Наврӯз ва замони расидани он пайванд дода шудааст, маълум мегардад, ки бештари кулли ҳама рухдодҳои неку хайр ва муҳиму сарнавиштсоз дар таърихи адабу фарҳанги тоҷик ба ин ҷашни пурмуҳтаво ва ҳакимона рабт дода шудааст. Ҳастаи ҳамаи онҳоро тоза кардан, таҷдиди паймон миёни абнои башар ва ҳама аҷзои ҷаҳони ҳастӣ ташкил медиҳад. Ба ин мазмун, Наврӯз соати мисоқе ҳаст, ки инсонро барои расидан ба навсозӣ ва таҷаддуд ба сароғози ҳастӣ савқ медиҳад. Ба замоне, ки инсон дар оғози вуҷуд ҳамроҳ бо ҳама падидаҳои ҷаҳон ҳастии муштарак дошт. Ин руҷуи навофарин ва дигаргунсоз ба асли моҳияти хеш дар матни фарҳанги асили муштараки башар аст. Фаррухии Систонӣ нидо мекунад:
Зи ҳар байғулаву боғе навои мутрибе бар шуд,
Дигар бояд шудан моро кунун, к-офоқ дигар шуд.
Шоири ҳамдаврони ӯ Манучеҳрӣ мегӯяд:
Наврӯз рӯзгор муҷаддад кунад ҳаме
В-аз боғи хеш боғи Ирам рад кунад ҳаме.
Ин баёнот ҳамон аст, ки Мавлоно фармуда:
Ҳар замон нав мешавад дунёву мо
Бехабар аз нав шудан андар нумо.
Шоёни ифтихор ва мубоҳоти барҳақ аст, ки бо саъйи пайгирона ва огоҳонаи давлат ва миллати Тоҷикистон давоми солҳои истиқлол ҳикмати ҷашнҳои таърихии миллии тоҷикон дар матни фарҳанги ҷаҳонӣ густариш ёфт ва нуфузи муассиру некфарҷом кард. Баъди муддате аз замони эътибори ҷаҳонӣ ёфтани ҷашни миллии тоҷикон – Наврӯз, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (ба қавли “Бурҳони қотеъ” захираи обҳои баста) эълон шудани соли 2025 ва аз он сол ба баъд рӯзи 21-уми март, ки аввали фарвардин ва оғози Наврӯз мебошад – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардидан аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз (22-24-уми март) баргузор шудани Конфронси оби СММ, ки перомуни он барномаҳои муфассали таҷлили Наврӯз бо намояндагии вижаи Тоҷикистон иҷро гардид, тантанаи амалии ба самар нишастани сиёсатҳои густаришдиҳандаи дониш ва фарҳанги ҷаҳоншумули миллии тоҷикон мебошад.
То ин марҳала баргузории нишастҳо ва семинарҳои байналмилалии илмию табиатшиносӣ перомуни ҷашнҳои пуршукӯҳи Наврӯз дар Тоҷикистон, ба суннатҳои асили Наврӯз барҳақ марбут донистани ҳифзи эътидоли маънавӣ ва табиии ҷаҳон, албатта, таъсири неруманд ва мустақиме дар гирифтани ин тасмимҳо ва андешидани ин тадбирҳои сатҳи ҷаҳонӣ дорад.
Ин истиқболи камназири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои башардӯстона ва ободгаронаи раҳбарияти олии Тоҷикистон водор менамояд, ки сармоя ва бизоати маънавӣ ва илмию фарҳангии мо бо саъю кӯшиши бедареғ ба сатҳи муносиби ин ташаббусҳои ҳидоятгарона расонда шавад.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА, адиб
Санаи нашр: 18.03.2024 №: 52