МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (28-уми декабри соли 2023) иброз доштанд, ки танҳо ҳамин сол аз се ҳазору сесад нафар, ки дар кишварҳои хориҷӣ тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ таҳсилро оғоз кардаанд, сӣ дарсадаш духтарон мебошанд. Албатта, ин дастоварди бузург аст. Ҳамин тавр, сол ба сол мақому шуҳрат, ҳамзамон, масъулияти Марказ меафзояду боло меравад. Таҳсил дар мамолики пешрафтаи дунё ба хотири тайёр кардани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ барои муҳимтарин соҳаҳо дар кишварамон мебошад.
Марказ чӣ имконро молик аст ва то ба куҷо аз он истифода мешавад? Оё он фарогири мақсаду мароми донишандӯзон шуда метавонд? Назорати ин муҳассилин бо чӣ роҳ сурат мегирад? Барои фаъолияти хатмкардагон дар оянда монеаҳо ё худ хавфҳо ба вуҷуд намеоянд? Марказ ин имконотро дорад, ки таълими шаҳрвандони хориҷиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварамон ба роҳ монад?
Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо Одиназода Рамазон Сафар, директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», доктори илми ҳуқуқшиносӣ, дар ин хусус аст.
– Албатта, нахуст бояд бигӯям, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари зикри дастовардҳо, вобаста ба дурнамои фаъолият низ таъкид шуд. Воқеан, тавассути Марказ, махсусан афзудани шумораи духтароне, ки дар хориҷи кишвар таҳсилро идома медиҳанд ва соҳиби ихтисосҳои муҳим мегарданд, муваффақияти бузург маҳсуб мешавад. Ин бори дигар гувоҳ аз сиёсати дурусти гендерии Ҳукумати мамлакат ва дар ин самт боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа аст.
Дарки талаботи замон аз ҷониби дохилшавандагон, хосса духтарон ва тавассути Марказ таҳсил кардани онҳо дар мамолики пешрафтаи дунё ҳар кадоми моро ба ояндаи дурахшонтари мамлакатамон умедвор месозад. Бояд сипосгузор бошем, ки ин имконро сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар замони соҳибистиқлолӣ бо муҳайё намудани амнияту сулҳу шароити дурусти таълим фароҳам овардааст. Ҳамин далел, ки имсол сӣ дарсади муҳассилин аз 3300 нафар духтарон тавассути Марказ дар хориҷи кишвар таҳсилро идома дода истодаанд, пешрафти соҳаро бозгӯ мекунад.
Бо ташаббуси Сарвари давлат Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис ёфт. Тибқи талаботи Низомномаи он, довталабоне интихоб мешаванд, ки донандагони забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, русӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, бошанд. Инчунин, забонҳое, ки маорифи ин кишварҳо ба даҳгонаи беҳтарини мамолики дунё шомил гардидаанд. Мутахассисоне дар ин кишварҳо тайёр мешаванд, ки ҷавобгӯи талаботи бозори байналмилалӣ мебошанд. Ин духтарон, ки довталаб буданду дохил шуданд, дар ҳақиқат, донишманданд ва донандагони 4-5 забони хориҷиянд. Дар баробари ин, дар ихтисосҳое, ки онҳоро интихоб кардаанд, донишҳои қавӣ ва заруриро доранд.
Вобаста ба тафовут нисбат ба солҳои қаблӣ мо дастовардҳои зиёд дорем. Масалан, солҳои пешин аз курси аввал то ба охир шумораи муҳассилин 3-4 ҳазорро ташкил мекард. Инчунин, имкониятҳо мисли имрӯз зиёд ва фарогир набуд. Имрӯз хатмкардагони лаёқатманду донандагони чанд забон имкон доранд дар беҳтарин донишгоҳҳои мамлакатҳои мутараққӣ таҳсилро идома бидиҳанд. Мо бо ташаббусу дастгириҳои Пешвои миллат тавонистем, ки солҳои охир дар ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 41 ҳазор нафар шаҳрвандро фаро бигирем. Тамоили мазкур сол ба сол, зина ба зина афзоиш ёфта истодааст.
Назорати таҳсил ва зиндагии шаҳрвандони мо дар мамолики хориҷӣ ба таври гуногун ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, тавассути Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, сафоратҳову консулгариҳои кишварамон ва дигар намоядагиҳои давлатӣ ин раванд назорат мешавад. Илова бар ин, масъулону кормандони Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ соле 2-3 маротиба ба ин кишварҳо сафар анҷом медиҳанд. Дар рафти сафар бо донишандӯзон вохӯриҳо баргузор мекунанд, аз дастоварду мушкилоти иқтисодии онҳо бохабар мегарданд.
Ғолибоне, ки ба гирифтани Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ноил гардидаанд, вобаста ба талаботи зиндагӣ дар он кишварҳо моҳе аз 300 то 500 доллари ИМА идрорпулӣ мегиранд.
Тавре дар Паём Сарвари давлат иброз доштанд, стипендияҳои ин донишандӯзон низ имсол зиёд мешаванд. Дар баробари ин, аз Фонди махсуси Президенти ҷумҳурӣ тамоми харҷи таҳсил пардохт мегардад. Бо роҳкиро, суғуртаи тиббӣ, ҷойи хоб дар хобгоҳ низ таъмин мешаванд. Боиси хурсандист, ки ғолибони мазкур байни дигар донишҷӯёни мамолики хориҷӣ дар рейтинг дар ҷойи аввал қарор доранд. Яъне, аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ донишҷӯёне интихоб шудаанд, ки, воқеан, басаводанду лаёқатманд. Ман бовар дорам, ки онҳо дар оянда чун мутахассиси сатҳи байналмилалӣ мавқеи худро меёбанд. Ҳатто пешниҳодҳо аз ҷониби ширкату идораҳои машҳур шудаанд, ки ин донишҷӯён дар кишварҳои хориҷӣ бо имконоти бештари иқтисодӣ дар оянда фаъолият намоянд. Мо ин пешниҳодҳоро рад кардем, чунки, дар асоси шартномаи сеҷониба, ин муҳассилин пас аз хатм бояд, ҳатман, ба кишвар баргарданд ва фаъолият намоянд. Дар ин сурат, албатта, тавре бармеояд, хавфи бе ҷойи кор мондани ин мутахассисон оянда вуҷуд надорад ва зарур аст, ки шартномаҳо амалӣ гарданд.
Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид шуд, захираи инсонӣ аст. Ба ин захира онҳое шомил мегарданд, ки соҳиби таҳсилот ва касбанд, инчунин, донишҳои мукаммалу қавии соҳаро соҳиб гардидаанд. Ин афрод бо кашфу ихтироот, ба роҳ мондани истеҳсолот барои пешрафту рушди иқтисоди мамлакат саҳми чашмрас гирифта метавонанд. Роҳбари давлат барои беҳтару бештар намудани ин гуна захираҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд ва, аз ҷумла Марказро низ вазифадор намудаанд, ки ба масъалаи мазкур аҳамияти махсус бидиҳад. Аз ин рӯ, маорифро соҳаи калидӣ ва афзалиятнок эълон намуданд. Дар ин самт нисбат ба дигар соҳаҳо маблағгузорӣ низ афзалият дорад. Соли ҷорӣ, аз буҷети давлатӣ ба соҳа беш аз 8,3 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Дар баробари ин, бояд мутахассисоне омода гарданд, ки ҷавобгӯи талаботи бозори ҷаҳонӣ бошанд.
Ғолибони Стипендияи «Дурахшандагон» имкони истифодаву иштирок дар дигар квотаву бурсияҳоро надоранд. Агар маҳдудиятҳои мазкур ҷориву назорат нашаванд, ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ аз захираҳои инсониву зеҳнҳову ақлҳои кишвари мо, тавре зикр гардид, барои пешрафташон имкони истифодабариро пайдо карда метавонанд. Аз ин рӯ, мо барои пешгирии хавфҳои мавҷуда заминаи ҳуқуқиро фароҳам овардаем. Агар нафароне бар хилофи манфиатҳои миллӣ ва Низомномаи мавҷуда амал бикунанд, мо тавассути муроҷиат ба суд хароҷоти давлатро дар ин самт ва зарари расондашударо барқарор менамоем.
Тибқи талаботи Низомномаи Марказ ва қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, салоҳияти ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакатамонро дорем. Дар сурати мазкур, хоҳиши он шаҳрвандон, қатъи назар аз зинаҳои мавҷудаи таҳсилот ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар ин кор дар доираи талаботи мавҷуда мусоидат карда метавонем. Кишварҳои бо мо дӯст ё худ шарикони стратегӣ вобаста ба созишномаҳои давлатӣ барои таҳсил квотаҳо ва бурсияҳо ҷудо мекунанд. Шаҳрвандони хориҷӣ, аллакай, дар муассисаҳои олии касбиямон таҳсил менамоянд.
Албатта, вобаста бо самтҳои стратегии мамлакат, барномаҳо, консепсияҳои давлативу ҳукуматӣ бештар аз пештар ба таҳсили донишҷӯёнамон дар хориҷи кишвар бояд мусоидат карда, дар ин замина, фаъолиятро пурзӯр бинамоем.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.03.2024 №: 52