ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Сардори почта барои тасарруфи пули обуна ба толори суд рафт
Директори Маркази алоқаи «Почтаи шаҳри Ваҳдат»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Тоиров барои тасарруфи пули обуна ба маблағи 160957 сомонӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, зимни санҷиши молиявию хоҷагидорӣ дар фаъолияти ин ниҳод муайян гардидааст, ки аз соли 2019 то моҳи ноябри соли 2023-юм 160957 сомонӣ пули обуна ба рӯзномаву нашрияҳои даврӣ, аз ҷониби шахсони масъули Ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат ҷамъоварӣ ва ба директори Марказ супурда шудааст. Вале директори корхона ҳамчун шахси мансабдор ин миқдор пулро ба хазинаи марказ ворид накарда, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф ва ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Ҷ. Тоиров бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба давлат расондашуда пурра талофӣ ва парванда бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шуд.
Ҳоҷиталбон ё қонуншиканӣ аз ҷониби мақомдоре, ки худ ҳомии қонун аст
Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент Ҳ. Муродиллозода бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (моддаи 12 қисми 2 ва моддаи 14 қисми 3) амал намуда, бо иштироки то 100 нафар ва омода намудани чанд намуди таом маросими ҳоҷиталбон баргузор кардааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ин амали ғайриқонунӣ ҳангоми гузарондани санҷиши муштарак аз тарафи кормандони шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон муайян гардида, нисбат ба Ҳ. Муродиллозода чораҳои қонунӣ андешида шудааст. Вобаста ба ин, аз ҷониби мақомоти ваколатдор бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, пешбинӣ менамояд, нисбат ба ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суди шаҳри Панҷакент фиристода шудааст.
Муштзӯре, ки завлонабадаст шуд
Дар шаҳри Хуҷанд як ҷавони 23-сола ба гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ ба дасти милитсия афтод.
Тавре маркази матбуоти ВКД хабар дод, гумонбаршаванда шаби 9-уми март дар назди маркази дилхушии “Мансур”, воқеъ дар маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷанд даст ба амали ҷиноятӣ задааст. Ин ҷавон ҳамроҳи сокини дигари ҳамин шаҳр (ҷавони 19-сола) бо зӯроварӣ аз марди 26-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як адад телефони мобилии тамғаи «Редми-10»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расондашуда 1200 сомониро ташкил дода, ҳоло оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.03.2024 №: 53
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)