НАВРӮЗ ИЛҚОИ БАШАРИЯТ БА ЯГОНАГИСТ
Симои неки маънавии миллати мо бо тамоми хуҷастагӣ дар маросиму оинҳову суннатҳои халқамон инъикоси дурахшон ёфтааст. Як назар ва мушоҳидае ба маросиму суннатҳои мо кофист, ки мо дурахши ин маънавиётро бо ҳама хуҷастагиҳояш бубинем. Гумон мекунам, ки маҳз ҳамин оину суннатҳо ва маросимҳои бузургу дурахшони миллии мо муҳофизи сиришти таърихии халқамон, фарҳанги бузурги ӯ ва сипари ҷисму ҷонаш будаанд. Зеро ин оину суннатҳо зуҳуроти одӣ нестанд, онҳо танҳо намои зоҳирӣ надоранд, балки бештар аз намои зоҳирияшон умқ дар умқ аз маърифату фарҳанги бузургу баланди инсонӣ иборатанд.
Бубинед, чаҳор маросими милии мо, ки аз оғози таърихи башар арзи вуҷуд кардаанд: Садаву Меҳргону Тиргон ва Наврӯз чун чаҳор сутуни мавҷудияти миллати мо, бо вуҷуди ҳама тохтутозҳои хунини аҷнабиён, пойдор мондааст. Ҳол он ки, илова ба ин чаҳор маросими бузург, даҳҳо суннату оинҳои хуҷастаи дигар, ки ҳосили завқу закои халқи некманиш ва эҷодкори моянд, низ маҳфуздорандаи маънавиёти бузург ва ҳастии бегазанди миллати мо будаанд.
Дар байни ин марсимҳо мавқеи хосаи худро доштани Наврӯзи Аҷам, бебаҳс аст, зеро маҳз Наврӯз тули таърих илму маърифату фазилату одоб, ҳунармандиву эҷодкорӣ, родмардиву хайрхоҳӣ ва дигар сифатҳои неку хуҷастаи халқи моро дар худ маҳфуз доштааст. Ҳар суннати Наврӯз худ намои некиву ҷавонмардӣ, озодагиву хайрхоҳиву инсонпарварӣ ва фарҳангу ҳунари волоест.
Ин ки тамоми маросимҳо ва оинҳои миллии мо рӯ ба рӯшноиву гармӣ овардаанду убур аз торикиву сардианд, худ ҳадафҳои неку рӯшани онҳоро ифода мекунад, аз ҷумла Наврӯзи Аҷам. Зеро Наврӯз ҳамон рӯзест, ки рӯзу шаб баробар мешаванд ва аз он пас ҳар рӯз равшанӣ афзунтар мегардаду гармӣ бештар. Ва ин хеле рамзист, яъне Наврӯз моро ба сӯи гармиву рӯшноиҳо мебарад, ҳарчи дуртар аз торикӣ.
Наврӯз ва тамоми суннатҳои Наврӯз намунаи баланди одобу маърифат ва некиву ҷавонмардӣ, хайрхоҳӣ, сулҳу нишот ва хушбахтии одамизоданд. Аз тоза кардан, покиза доштани хонаи худ, атрофи худ ва хусусан, сиришти худ оғоз ёфтани Наврӯзи Аҷам, худ, аллакай, ҳадафи покизакории онро нишон медиҳад. Аммо ин покизакории танҳо зоҳирӣ нест, дар рӯзи Наврӯз инсонҳо аввалан бояд ниҳоди худро аз ҳама гуна андешаҳову хотироти бад тоза кунанду аз кинаву адоват худро озод намоянд. Суннати дигари Наврӯз даст кашидан аз маводу асбобҳои куҳна, аз хона бароварда партофтани ҳар чи шикаставу фарсуда аст, низ намои навҷӯиву тозаҷӯиҳост, ки боз як сифати хуҷастаи халқи моро нишон медиҳад, яъне ҳамеша дар андешаи тозакориву пешравиҳо будан.
Аммо, дар қатори даҳҳо намунаи суннатҳои наврӯзӣ, банда мехоҳам аз як суннате ёд оварам, ки дар дунё назир надошта, падидаи баландтарини одоби ҷавонмардии мардуми тоҷик мебошад. Ин падида чунин аст, ки дар рӯзи Наврӯз суннатест, ки вомедорад душманон дӯст шаванд. Бале, Наврӯзи мо вомедорад, ки одамон гуноҳҳои ҳамдигарро бубахшанд, дилмондаҳо хусуматҳоро аз дил бароранду фаромӯш созанд. Гумон мекунам, ин намунаи баланди ҷавонмардӣ ва нишонаи фазилати баланди халқи мост, ки дар ин суннати наврӯзӣ падид омадааст. Ин суннатест, ки метавонад барои тамоми мардуми башар намуна бошад. Ва ифтихори мост, ки чунин суннат маҳз дар Наврӯзи мо ҳузур дорад. Яъне, бахшидани ҷурму гуноҳи ҳамдигар. Кош ба ин муносибат яке аз рӯзҳои Ҷашни Наврӯзро рӯзи байналмилалии оштӣ эълон кунанд, ки аз ин суннат инсоният манфиатҳое барои пойдории сулҳу дӯстӣ хоҳад бурд, хусусан дар ин замони хусуматҳову ҷангу ҷидолҳои зиёновари сайёра дар байни инсонҳову кишварҳо.
Азбаски маросими Наврӯзи мо аз ҷониби ЮНЕСКО иди ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, дар идомаи он метавон ба ин созмони ҷаҳонии бонуфуз пешниҳод кард, ки яке аз рӯзҳои Наврӯз Рӯзи байналмилалии сулҳу оштӣ ва бахшидани гуноҳон эълон гардад.
Дар иртибот ба ин, метавон илова кард, ки дар қатори Наврӯзи хуҷастапай тамоми маросимҳо, суннату оинҳои миллии мо ҳадафҳяшон нек будаву башардӯстона мебошанд. Бубинед, Меҳргони мо ҷашни меҳру муҳаббат ва ҳосилу баракат аст; Садаи мо ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, ҷашни рӯсурхиву гармдилист; Тиргони мо ҷашни Эзади об, боришот, яъне, ҷашни файзу баракат мебошад. Ҳар як оину суннати дигари халқи мо низ танҳо ҳадафҳои инсондӯстона, хайрхоҳона дошта, ба манфиати кулли инсонҳои сайёраи Замин, ба хотири сулҳу осоиш, фаровонии ҳосил, шодиву сурури ҷаҳониён мебошанд.
Имрӯз мо аз мансубиятамон ба ин халқу ин миллат ифтихор мекунем; ифтихор мекунем, ки имрӯзҳо дар замони эҳёи навини Тоҷикистони озоду азизамон халқи соҳибтамаддун, миллати нексиришти тоҷик ва Пешвои ватанпарасту башардӯсти он Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузурги худро дар сиёсати ҳамзистии осоишта мегузоранд. Пешвои мо на танҳо суннатҳои волои миллии моро, ҳунарҳои миллии мардумии моро эҳёи тоза мебахшанд, балки дар ҳаллу фасли мубрамтарин масъалаву мушкилоти башарии сайёра пешгоми сиёсати хайрхоҳона дунё ва намунаи ибрати ҷавонмардӣ ва инсонпарвариву башардӯстӣ мебошанд. Чи гуна наметавон ифтихор дошт, ки имрӯз панҷ ташаббусу пешниҳоди Пешвои миллати мо, ки ба ҳалли масъалаҳои тақдирсози башарият равона шудаанд, аз ҷониби созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ ва мардуми дунё пазируфта шудаву раҳнамои фаъолияти аҳли ҷаҳон гардидаанд.
Бо халқи некманишу хайрхоҳ, бо Пешвои ҷоннисору ватандӯст ва бо Наврӯзи файзбахш, бо кулли маросимҳои неки миллии башардӯстонаи худ миллати мо намунаи ибрат ва ҳомии сулҳу дӯстиву ҳадафҳои волои инсонӣ хоҳад монд.
Наврӯзи шукуфон, Наврӯзи пурфазилату пурмаърифат, Наврӯзи созандаи мо бори дигар бо ҳадафҳои волои инсониву башарии худ, бо бунёди неку хайрхоҳонаи худ инсониятро ба ҳамзистии осоишта, созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу маърифат, покиву озодагӣ, ҳифзи табиат, шодиву сурур, хушбахтиву ягонагӣ раҳнамо хоҳад буд. Беҳуда нест, ки бо ташаббуси Пешвои миллати мо Ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифаву ҷаҳонӣ гардид. Зеро яке аз ҳадафҳои волои Наврӯзи мо ҳидояти башарият ба сулҳу дӯстиву муҳаббат, яъне, ба хушбахтист.
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)