ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНЗИМ.  МУҲИМТАРИН ОМИЛИ АФЗОИШИ ПАСАНДОЗҲО

ТАНЗИМ.  МУҲИМТАРИН ОМИЛИ АФЗОИШИ ПАСАНДОЗҲО

20 март 2024, Чоршанбе
19
0
(ДАР ҲОШИЯИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 
БО НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР)
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки рӯзи 9-уми март баргузор гардид, аз ҷумла зикр намуданд: “Қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад”. Дарвоқеъ, қонуни мазкур дар самти сарфаю сариштакорӣ, беҳбуди рӯзгори сокинони мамлакат ва торафт кам шудани хурофоту хурофотпарастӣ саҳми бориз гузошт.
Раванди иҷрои ин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар кадом сатҳ қарор дорад? Дар ин бора Шамшербек Ҷӯрабеков, сармутахассиси шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, чунин ибрози назар кард: 
– Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиест, ки иҷрои талаботи он ҳама вақт мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Кормандони шуъбаву бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру навоҳии ВМКБ низ ҷиҳати татбиқи қонун пайваста бо аҳолӣ вохӯрда, корҳои тарғиботӣ мебаранд. Ин аст, ки дар самти риояи муқаррароти он бо мурури замон дар шаҳру навоҳии вилоят пешравиҳои назаррас ба даст омаданд.
Масалан, соли 2023 дар вилоят 171 хатнасури хайриявӣ, 1035 тӯйи домодию арӯсӣ, 7 тӯйи арӯсиву домодии хайриявӣ гузаронда шуда, ба ин мақсад 355 сар чорвои калон ва 539 сар моли майда забҳ гардид. Барои муқоиса, дар соли 2008 дар ин чорабиниҳо 537 сар чорвои калон ва 3344 сар моли майда кушта шудааст. Соли гузашта хароҷоти умумии маъракаҳо 5 миллиону 424 ҳазору 86 сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2008 қариб 2 баробар кам мебошад. Бо мақсади пешгирӣ аз хароҷоти барзиёд дар тӯю маъракаҳо пайваста дар маҳалҳо рейдҳо гузаронда мешаванд. Дар давоми сол дар вилоят зимни рейдҳо 7 қонуншиканӣ ошкор гардида, дар ин робита парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва барои чораҷӯӣ ба суд ирсол шуд. Як сол пеш ин нишондиҳанда 11 адад ва 5 сол пеш 15 ададро ташкил медод. Яъне бо мурури замон қонуншиканиҳо дар ин самт камтар шуда, риояи қонуни мазкур байни омма ба ҳукми одату анъана даромада истодааст. Сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят моҳият ва ҳадафҳои қонунро амиқ дарк карда, онро сол ба сол чун василаи сарфаю сариштакорӣ дар хоҷагиҳо ва як омили беҳдошти шароити зисту зиндагӣ барои мардум бештар риоя мекунанд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қонуни мавриди назар вазъи молиявии сокинони вилоятро беҳтар намуда, ба афзоиши пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо мусоидат намуд. Ба буҳрони шадиди молиявӣ-иқтисодии ҷаҳон нигоҳ накарда, айни ҳол дар бонкҳои вилоят 392 миллиону 500 ҳазор сомонӣ амонатҳои пулии шаҳрвандон пасандоз шудааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд аст. Муборизаҳо алайҳи хурофоту хурофотпарастӣ, чорабиниҳои динии серхароҷот натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд. Аммо ин ҳанӯз кифоя нест. Агар тамоми талаботҳои қонун ба таври бояду шояд дар ҳамаи шаҳру деҳоти вилоят пурра риоя шаванд, натиҷаҳо боз ҳам беҳтар мегарданд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив