ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНСТИТУТСИЯ. АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ҲУҶҶАТЕ, КИ РОҲИ  ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИРО МУНАВВАР СОХТ

КОНСТИТУТСИЯ. АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ҲУҶҶАТЕ, КИ РОҲИ  ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИРО МУНАВВАР СОХТ

20 март 2024, Чоршанбе
16
0
Баъд аз эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 зарур шуд, ки Конститутсияи давлати мустақил таҳия ва қабул карда шавад. Вале, амалан, ин масъала аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарвари давлат) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари соҳибистиқлоли мо рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи масири рушди устувор ва шукуфоии Ватани азиз буд.
Тавре маълум аст, дар Иҷлосия комиссияи махсус оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсис ёфта, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон, назири Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948), Шартномаи байналмилалии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон (1966), Конвенсияи Париж, ҳуҷҷатҳои Шурои машваратии Хелсинки, тамоми санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардиданд. Дар ҷараёни таҳия ва омодасозии матни ин санади олии ҳуқуқӣ хусусиятҳои таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва миллӣ ба эътибор гирифта шуданд. 
Бар асоси моддаи 1 Конститутсияи мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муаррифӣ мешавад. Як вижагии Конститутсияи мо дар он аст, ки аз як сӯ волоияти меъёрҳои қонун, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар карда, аз сӯйи дигар вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро мушаххас менамояд. Бори аввал дар Конститутсия халқ ҳамчун василаи истиқлол ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ қарор гирифта, онро инчунин, ба воситаи намояндагони худ амалӣ мегардонад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он бевосита амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба меъёрҳои он мухолифанд, қувваи ҳуқуқӣ надоранд.
Ба шарофати қабули Конститутсия ва татбиқи меъёрҳои он мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи бунёди давлати нави миллии худро комилан дуруст интихоб ва таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои барҷаста ноил шуд. Тамоми комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат ба даст омадаанд, натиҷаи татбиқи самарабахши Конститутсияи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад. 
Конститутсия барои татбиқи сиёсати оқилонаи дохилию хориҷии мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳоло кишвари мо бо 183 давлати дунё  муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гардида, дар онҳо овозу мавқеи худро дорад ва  дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад. Тоҷикистон иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ буда, риоя ва иҷрои ҳуқуқҳои байналмилалӣ аз тарафи давлат дар моддаи 10 Конститутсия ба таври возеҳу равшан ифода ёфтааст: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд». 
Имрӯз собит гардид, ки Конститутсияи мо бо дарназардошти тамоми омилҳо одилонатарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад ва беҳуда нест, ки дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳони муосир эътироф мешавад. Феълан, омӯхтану эҳтиром гузоштан ва риоя намудани меъёрҳои Конститутсия вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад, зеро ин санади олии ҳуқуқӣ пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи ба сӯйи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии боз ҳам ободу озодро мунаввар месозад. 
 
У. САИДЗОДА, прокурори раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив