ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВРӮЗИ ДЕҲАИ МАН

НАВРӮЗИ ДЕҲАИ МАН

27 март 2024, Чоршанбе
21
0
Наврӯзи диёри ман, хазонат нарасад,
Ҷуз ашки сафои осмонат нарасад.
Дасти пури марди барзгарро бинӣ,
Пои ками кас ба остонат нарасад.
Дар деҳаи кӯҳистони Ғӯйтани шаҳри Панҷакент ва бисёр ҷойҳои деҳаҳои кӯҳистони шаҳр дар рӯзи Наврӯз сардори оила, яъне мард, аз ҳавлии худ баромада, чанд сония, дақиқа ё соат пас дари хонаи худро сахт  мекӯбад:
Ҳамсараш пурсон мешавад:
– Кист?
– Манам, – ҷавоб медиҳад мард.
– Чӣ овардӣ? – мепурсад зан.
– Уштур бо қатор, – мегӯяд мард.
– Бори уштурат чист?, – мепурсад зан.
– Баракати Зарафшону саховати Замин, – ҷавоб медиҳад мард.
Мард, ки дохили хона мешавад, зан як каф ордро ба кафи дасти мард мепошад. «Айёми иди баҳори Наврӯзи оламафрӯз муборак бод!», – мегӯяд мард ва ба аҳли оилааш Иди Наврӯзро табрик гуфта, ба онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дароз, ризқи фарох, хушбахтӣ ва барои хонадонаш рӯзгори фаровонро таманно менамояд. Баъди ин суханҳо ба хӯрдани хӯроки наврӯзӣ сар мекунад.
Рӯзи Наврӯз дегҳоро пур карда, аз масолеҳи сафед таом пухта, чанд рӯз пеш аз Ҷашн  оташ афрӯхта, аз болои он ҷаҳидан ҳам сабаби хосе дорад. Оташ аз касофату нохушӣ халос шуданро ифода мекард. Дегҳоро бо ният пур карда, сафедӣ мепошанд, ки «пайи қадами» Наврӯз мисли орд сафед бошад.
Ҳоло он рамз аз маросими мавсимӣ берун мондааст. Тоҷикистониён ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ чизи сафедро дар дигар маросим низ истифода мебаранд.
Махсусан, ин рамз дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ мавқеи калон дорад.
Наврӯз аз назари беҳдоштӣ ва тиббӣ хеле муҳим аст, ки дар олами мутамаддин андак ҳамсон дорад. Магар инсонҳои олам метавонанд ба покӣ ва тозагие, ки барои кулли мардумон нигаронда шудааст, муқобил бароянд ё онро напазиранд? Покии ботин ва тозагии зоҳир аз ҷанбаи муҳими ҷашнвора аст. Қабл аз ид хонаву дар, хиёбон ва баданро пок кардан аз расми наврӯзист. Наврӯз ҷашни хайрхоҳиву хайрандешист. Сухани наку гуфтан, кина наварзидан ва субҳ даҳон ширин кардан ва бо алфози зебо берун омадан шарафу саодат аст. Дар ин миён иди зебоишиносӣ ва инсонпарварӣ низ ҳаст.
То Ҷашни Наврӯз мардуми деҳаи Ғӯйтан анъанаҳои зиёдро анҷом медиҳанд, ки онро саршавии ид мегӯянд. Барои фол задани сол дар зарфҳои хос ғалла мекоранд ва ҳар чизе, ки ба донагӣ молик бошад. Аз сабзиши онҳо ба нек омадани сол баҳо медиҳанд. Сипас палос, гилеми бобоии хонаву дарро метаконанду мешӯянд. Дар рӯзи Наврӯз хонаҳоро оро медиҳанду  покиза мекунанд. Аз  сипанду райҳон ва дигар мавод хонаро хушбӯй ва муаттар мегардонанд.
Мардуми деҳа дар шаб ҳафт шамъ ба хотири арвоҳ ва нишони рӯшанӣ мегиронанд. Баданро пок мешӯянд. Мӯйи сар ба тартиб медароранд, нохун мегиранд ва мӯйсафедон ришу бурутро дуруст мекунанду мӯйи сарро метарошанд. Либоси нав ба бар мекунанд. Бачаҳо оббозӣ мекунанд, пироҳани оҳарӣ мепӯшанд. Занони хонаву дардор ду кокул бо чолбанд мебофанд. Духтарони бешавҳар ҷамолак ва чилкокул мебофанд. Сурхиҳо, ғозаҳои маҳаллӣ ба рӯю лабҳо мемоланд, ба чашмҳо равшанак мезананд. Табиат оразро тағйир медиҳад. Дарахтон гулфишон ва замин пироҳани махмалин ба тан мекунанд.
Солхӯрдагони деҳа, ки ҳикмати рӯзи навро медонанд, худро поку тоза мегардонанд, ҷомаю дастор ва миёнбанди нав мебанданд. Мошу нахӯду наск, биринҷу ордро барои ғизои идона омода мекунанд. Кулчаю фатир, қалама, суманак мепазанд. Ҳар чи ки дар бисоташон доранд, рӯйи дастархони наврӯзӣ мегузоранд.
Дар мавзеи муайян ҳамаи пиру ҷавон ҷамъ меоянд. Барзаговро меоранду шохашро равған мекунанд, ки бахосият шавад. Бар сари барзаговҳо тарбузро мекафонанду ба бачаҳо медиҳанд. 
Яке аз мӯйсафедони калони деҳа аввалин шуда, барзаговҳоро ба ҷуфт омода карда, барои соли нав орзуҳои нек мекунад. 
Одамони деҳаи Ғӯйтани шариф дар Иди Наврӯзи оламафрӯз боз маросими зиёдеро ба ҷо меоварданд, ки аксарияти онҳо хусусияти рамзӣ доранд ва ҳаракат мекарданд, ки рӯзи Наврӯз рӯйи зебоиро бинанд. Ақидае буд, ки агар дар рӯзи Наврӯз кас шоду хуррам бошад, тамоми сол ҳамин тавр, хоҳад монд. 
 
Шервони УМРИДДИН, 
Рӯзноманигор
Санаи нашр: 27.03.2024 №: 56
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив